Ҳамкорӣ

Равобити Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ наздиктар мешавад

№ 14.01.2019

Хиндия12 — 13 январи соли равон дар шаҳри Самарқанд нахустин Муколамаи «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ» баргузор гардид. Дар он вазирони корҳои хориҷии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, Ҳиндустон (хонум Сушма Свараҷ) ва Афғонистон (Салоҳиддин Раббонӣ) доир ба равобити муштараки таърихӣ, фарҳангӣ, тиҷоратӣ ва байни халқҳои Осиёи Марказию Ҳиндустон табодули андеша карданд.

Зикр шуд, ки Ҳиндустон яке аз  бузургтарин  иқтисоди ҷаҳон ва яке аз пештозони ҷаҳонӣ дар соҳаи технологияи иттилоотӣ, дорусозӣ, хизматрасонии тиббӣ, кино ва  кайҳоншиносӣ ба шумор рафта, кишварҳои Осиёи Марказӣ аз захираҳои табиӣ- обанборҳо, нафту газ, ҷангал ва ғайра бой мебошанд. Ҳамкории дуҷониба метавонад боиси  афзоиши иқтидори иқтисодии минтақа ва тиҷорати судманди байни Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ  гардад.

Вазирони  корҳои хориҷӣ омили мазкурро махсус  таъкид намуда, оид ба рушди инфрасохтори транзит ва нақлиёту коммуникатсия ибрози ақида карданд.

Сушма Свараҷ аз вазирони корҳои хориҷии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ даъват ба амал овард, ки дар Конфронси байналмилалии «Рӯзи Чобаҳор», ки 26- уми феврали соли равон дар бандари Чобаҳори Эрон баргузор мегардад, ширкат варзанд. Бандари мазкур ҳамчун роҳи тиҷоратӣ миёни Ҳиндустон ва Осиёи Марказию Афғонистон истифода мешавад. Номбурда пешниҳод кард, ки Шӯрои кории «Ҳиндустон- Осиёи Марказӣ» таъсис дода шавад.

Бо ташаббуси ҷониби Ҳиндустон ояндаи наздик дар Осиёи Марказӣ «Дорухонаи Амрит» созмон дода мешавад. Чунин дорухонаҳо дар Ҳиндустон доруҳои махсуси ҷенерикиро бо нархҳои нисбатан арзон, барои табақаи ниёзманд ба фурӯш гузоштааст. Доруҳои истеҳсоли Ҳиндустон бо сифати баланд ва нархҳои нисбатан пасти худ, аз ҷумла доруҳо барои муолиҷаи саратон ва дигар бемориҳои вазнин машҳуранд. Хонум Сушма Свараҷ омодагии Ҳиндустонро ҷиҳати дастгирӣ кардани соҳаи тиб дар Осиёи Марказӣ, алалхусус пешниҳоди машваратҳои тиббӣ иброз намуд.

Ширкаткунандагони чорабинӣ терроризмро дар ҳама шаклҳо ва зуҳурот маҳкум намуда, барои ҳамкорӣ дар самти мубориза бо он изҳори омодагӣ карданд. Ҳамчунин онҳо иштироки Афғонистонро дар муколама ҷонибдорӣ карда, омодагии кишварҳояшонро  ҷиҳати мусоидат ба истиқрори сулҳ, амният ва субот дар Афғонистон изҳор доштанд. Муколамаи навбатии «Ҳиндустон- Осиёи Марказӣ» соли 2020 дар шаҳри Деҳлӣ баргузор мегардад.

С. СУННАТӢ, «Садои мардум»