Аз фаъолияти Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ

Рисолати вакилон ҳифзи манфиатҳои интихобкунандагон аст

№30 (3980) 19.03.2019

Соли 2018 Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров чӣ гуна фаъолият дошт? Оид ба ин ва дигар масъалаҳо суҳбат доштем бо раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Зариф Вализода, ки фишурдаи он пешкаш мегардад.

- Зимни иҷлосияҳое, ки давоми сол баргузор гардиданд, кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд?

- Соли гузашта чор иҷлосия баргузор ва дар онҳо масъалаҳои умдаи рӯзгори сокинон мавриди баррасиву таҳлил қарор дода, баҳри иҷрояшон қарор қабул шуд. Масалан, дар иҷлосияе, ки моҳи апрел доир гардид, рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рушди қолинбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар иҷлосияи понздаҳум бошад, вазъи иҷрои қарори раиси вилояти Суғд аз 14 марти соли 2018 таҳти №89, «Дар бораи эълон намудани «1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ гардид. Дар ҳар як иҷлосия ҳатман яке аз вакилон оид ба иҷрои корҳои басубутрасонида дар назди ҳозирин ҳисобот медиҳад.

- Кор дар самти иҷрои арзу дархостҳои интихобкунандагон чӣ тавр ба роҳ монда шудааст?

- Ин самти кор зери назорати қатъӣ қарор дорад. Вакилон тибқи нақшаи тасдиқгардида қабули шаҳрвандонро дар маҳалҳо ба роҳ мондаанд. Масалан, худи ман чанде пеш дар яке аз минтақаҳои дурдасту кӯҳсори аҳолинишин — «Зарчашма» бо сокинон доир ба тарғиби Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро мулоқот доштам. Ҳамчунин, рӯзи қабул гузаронда, арзу дархостҳояшонро шунидам ва баҳри чораҷӯйӣ мутасаддиёнро вазифадор намудам.

- Муҳтавои арзу дархости сокинон аз чӣ иборат буд?

- Аксар ба масъалаҳои иҷтимоӣ тааллуқ дош­танд, аз қабили ҷудо намудани қитъаи замин, баҳси марбут ба қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, ҷанҷолҳои оилавӣ ва расонидани кумакҳои моддӣ.

- Оё ҳастанд ҳолатҳое, ки вакил дархости интихобкунандагонашро иҷро карда натавонистаасту онҳо ба қабули раиси ноҳия омада бошанд?

- Албатта ҷой доранд. Аммо сабаби асосии иҷро нашудани арзу дархости интихобкунандаҳо дар он аст, ки онҳо аз ҳадди ваколатҳои вакил ё имкониятҳояш берун аст.

- Омодагӣ ба Иди байналмилалии Наврӯз дар кадом сатҳ аст?

- Чун солҳои пешин мекӯшем, ки ин иди бузурги миллиро бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирем. Ният дорем, ки дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ якчанд иншооти ҳаётан муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла, бинои нави беморхонаи ноҳиявии №3 барои 120 кат ва Қасри фарҳангро дар деҳоти ба номи Ҳ. Усмонов, ки дар саҳни он Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баландии 45 метр қомат меафрозад, ба истифода диҳем.

Мусоҳиб Мирзоаъзам Мақсудов«Садои мардум»