Роғун. Нигоҳдории роҳҳои мошингард аз борони сел

№50 (4000) 04.05.2019

Боронҳои пай дар пайи рӯзҳои охир дар баъзе аз қитъаҳои роҳҳои мошингарди шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ таъсир расонда бошад  ҳам, кормандони Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард ҳушёриву зиракиро аз даст надода, тадбирҳои зарурӣ андешиданд. Аз ҷумла, фаромадани сангреза ва омадани селоб дар километри 76 — 85-уми шоҳроҳи Душанбе — Ваҳдат — Рашт — Лахш, ки аз шаҳри Роғун мегузарад, бо саъю талоши кормандони муассиса бартараф карда шуд.

Зеро дар қисмати зиёди шоҳроҳ, ки аз минтақаҳои кӯҳӣ мегузарад, резиши санг ва фаромадани ярч ба амал меояд. Аз ин хотир, масъулин бо дастгирии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр қаблан омодагии ҷиддӣ гирифта, дар рӯзҳои сербориш қитъаҳои роҳро сари вақт аз лойқаву сангрезаҳо тоза карданд.

Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Роғун нигоҳдории 25 километр роҳи аҳамияти байналмилалӣ ва 44 километр роҳи аҳамияти маҳаллиро ба дӯш дорад. Айни ҳол беш аз 25 корманди муассиса дар ду баст фаъолияти шабонарӯзиро ба роҳ мондаанд.

 Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»