Дар мавзӯи муҳим

Рушди маориф дар Фархор муназзам аст

№162 (3463) 28.11.2015

5121654561Мусоҳиба бо мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Фархор Ғазалшоҳ Сафаров

- Солҳои охир дар хусуси дастгирии шоиста ва муносибати ибратомӯзи фархориён нисбат ба соҳаи маориф  зиёд мегӯянд…

- Бале, ин суханҳо дурустанд. Се сол пеш дар ноҳия ҳамагӣ як муассисаи томактабӣ фаъолият мекард. Акнун ин шумораро ба даҳ адад расонидем, ки панҷ адади он ба ҳамин сол рост меояд. Ҳамаи онҳо бо номҳои таърихию бузургони миллат  номгузорӣ шудаанд. Дар ин росто, дар назди муассисаҳои  таълимиамон беш аз 100 Маркази инкишофи кӯдакон ташкил карда шуд, ки айни ҳол 1400 нафар кӯдакро фаро гирифтаанд. Аксари ин муассисаҳои зикршуда бо ташаббусу дастгирии бевоситаи соҳибкорони маҳаллӣ бунёд ёфтаанд ва имрӯз бо шарофати ин саховатпешагон тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия соҳиби боғчаи кӯдакон гардиданд.

Алҳол соҳибкор Хуршед Нозимов барои хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳрак як бинои бузургу боҳашамати замонавӣ бунёд карда истодааст, ки дорои 1600 ҷойи нишаст мебошад. Соле қабл зодаи ноҳия Диловар Муҳиддинов, ки солҳо боз дар Федератсияи Россия кору зиндагӣ мекунад, барои хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6-и деҳаи Деҳқонободи деҳоти «Ғайрат» бинои сеошёнаи хуштарҳе бунёд намуд. Ҳамон сол соҳибкори маҳаллӣ Қурбон Раҳматов аз ин ташаббуси Д. Муҳиддинов рӯҳу илҳом гирифта, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 38-и деҳоти мазкурро пурра тармиму таҷдид кард. Ёдовар шудан бамаврид аст, ки гурӯҳи соҳибкорон бо сарварии Диловар Муҳиддинов ба таъмири пурраву асфалтпӯш кардани роҳи 18 — километраи Фархор — Сомончӣ оғоз намуданд.

- Дар ноҳияи шумо иқдоми хайр дар шакли ҳаракати сарпарастӣ ба миён омадааст. Донистан мехоҳем, ки пешоҳанги ин ҳаракати ватандӯстона, ки мақсади он созандагию бунёдкорист,  кадом фарди дурандешу саховатманди ноҳия маҳсуб меёбад?

- Ҳаракати сарпарастӣ дар ноҳия самара ва файзи соҳибистиқлолии кишвар аст. Бо раиси ноҳия таъин шудани Қурбон Ҳакимзода ин ҳаракат шаклу нумӯи тоза пайдо намуд ва раиси кунунӣ Раъно Раҳимзода тавассути ҷаҳду талошҳои пайвастаи худ ба рушду равнақи он такони ҷиддӣ бахшид. Имрӯз аксари биноҳои хуштарҳи истеҳсолию маишӣ ва мадание, ки дар шаҳраки Фархор қомат афрохтаанд, маҳсули ранҷу ташаббуси соҳибкоронанд. Дар ин самт нангу номус ва ҳисси ватандорию  саховатпешагӣ то ҳадде боло гирифт, ки ашхоси дар солҳои навадуми асри XX муассисаҳои томактабӣ ва ё ба маориф марбутро, ки  ба маблағҳои ночиз хусусӣ намуда буданд, пас гардонида, дар ихтиёри  аҳли ҷомеа гузоштанд.

- Маорифчиён дар ивази ин ғамхорию дастгириҳои пайвастаи соҳибкорони маорифпарвар фаъолияти хешро чӣ гуна ба роҳ монданд?

- Фаъолияти самараноки маориф кори дастҷамъона аст. Соли 2012 бо дастгирии бевоситаи  раиси ноҳия бо номи «Минбари омӯзгор» нашрияи шуъбаи маорифро ташкил намудем. Имсол дар доираи чорабиниҳои «Соли оила» қарор додем, ки як саҳифаи ин ҳафтаномаи дувоздаҳсаҳифагиро, зери унвони «Саҳифаи волидон» баҳри инъикоси ҳаёти ибратомӯзи падару модарон бахшем. Нашрия моҳе ду маротиба бо теъдоди ду ҳазор нусха ба дасти хонандагон мерасад.

- Фархор миёни 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ягона ноҳияе маҳсуб меёбад, ки соҳиби ду рӯзнома ва як маҷалла аст. Бар замми ин, нашрияҳои мазкур ҳамасола нисбат ба нашрияҳои дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо теъдоди зиёдтар ба нашр мерасанд. Сирри ин дастовардҳо дар чӣ ниҳон аст?

- Миллати тоҷик аз қадим китобдору китобхон буд. Хушбахтона, ин анъанаи нек тавассути гузаштагони бофарҳангамон то ба имрӯз  омада расидааст ва мо вазифадорем, ки ин анъанаро дар ҳар гуна шакл ҳифз ва идома  диҳем. Асри XXI- ро асри иттиллоот ном мебаранд ва имрӯз бидуни иттилоот ва истифодаи он дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ба пешравӣ мушарраф шудан маҳол аст. Маорифчиёни фархорӣ ин омилро хуб эҳсос кардаанд.

Худ дастпарвари нашрияи ноҳиявии «Гулистон» мебошам ва аз устодоне чун шодравон Акбар Муслимов аҳамияту таъсири матбуотро дар рушду нумӯи ҳаёти ҷомеа хуб дарк кардаам. Дар тамоми дастовардҳои зикршуда, бахусус дар бедор кардани ҳисси ватандорию саховатмандии соҳибкоронамон нақши нашрияҳои маҳаллиамон хеле бузург аст.

- Бо мақсади боло бурдани ифтихори ватанпарварии хонандагон чӣ чораю тадбирҳо андешида мешаванд?

- Раванди ҷаҳонишавӣ аз мо — маорифчиён тақозо мекунад, ки насли наврасро дар рӯҳияи баланди худшиносию ватанпарварӣ ва арҷгузорӣ ба мероси таърихию фарҳангии аҷдодонамон тарбия кардаву ба камол расонем. Бо ин мақсад дар назди ҳафтаномаи «Минбари омӯзгор» маҳфили «Навқаламони умедбахш» ташкил карда шудааст, ки 70 нафар аъзои фаъол дорад. Миёни хонандагони ноҳия озмунҳои «Шоҳномахонӣ», «Бедилхонӣ», «Ҳофизхонӣ», «Мавлавихонӣ» ва ғайра ба роҳ монда шудааст, ки ҳамаи онҳо дар сатҳи баланд баргузор гашта, ғолибон ба туҳфаҳои молию хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд. Мо дар ин самт барои хонандагони ватандӯсту соҳибистеъдод, бо номи «Соҳибватан» медали сарисинагӣ низ таъсис додем, ки баъди ҷамъбасти озмунҳои мазкур ва олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалии хонандагон дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда мешавад. Натиҷаи ҳамин тадбирҳост, ки шумораи хонандагони ғолиб дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ рӯ ба афзоиш аст.

- Огаҳӣ дорем, ки чунин амалҳои шоиста нисбати омӯзгорон низ  ба роҳ монда шудааст.

- Мо дар навбати аввал қадршиносиро аз омӯзгоронамон шурӯъ намудем. Бо ин мақсад ҷоизаи «Собиқадори маорифи Фархор»-ро таъсис додем. Афроде ба ин ҷоиза мушарраф мегарданд, ки дар таълиму тарбия ва рушди маорифи ноҳия нақши босазо гузоштаанд. Соҳибҷоизаҳо аз кумаки яквақтаи пулию молӣ низ бархӯрдор мегарданд.

Барои омӯзгорони варзида, сарпарастон ва волидони фаъол медали «Омӯзгори фахрии Фархор» таъсис дода шудааст, ки ин медал дар ҳаҷми 2000 сомонӣ мукофотпулӣ дорад.

Миёни муассисаҳои таълимии ноҳия мусобиқае дар шакли «Парчами сайёри ғолиб» таъсис дода шудааст, ки муассисаи ғолиб баъди натиҷагирии дастовардҳои сол муайян гардида, коллективи омӯзгорони он бо мукофотҳои хотиравию молӣ қадрдонӣ мешаванд.

Ба наздикӣ бо номи «Гаҳвораи маърифат» китоберо аз чоп баровардем, ки аз рӯзгори ибратомӯзи омӯзгорони варзидаи ноҳия ҳикоят мекунад.

- Аз хусуси нақшаҳои минбаъда чӣ гуфтаниҳо доред?

- Нақшаҳои мо хеле зиёданд. Маҷмӯи тадбиру нақшаҳои минбаъдаи мо иборат аз он аст, ки «Соли оила»- ро намунавӣ ҷамъбаст карда, 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизро бо дастовардҳои зиёд истиқбол намоем.

 Мусоҳиб Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»