Рушди сайёҳии мамлакат ногузир аст

№17 (3811) 08.02.2018

turizm4Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои сердаромади иқтисодӣ дар садсолаи охир ­эътироф гаштааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои мероси бойи таърихию фарҳангӣ ва захираҳои ­табиию анъанаҳои миллӣ мебошад, ки барои рушди сайёҳии дохилӣ ва қабули сайёҳони хориҷӣ мусоидат менамоянд.

Бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат соли 2018-ро «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон талош дорад, ки бо истифода аз имкониятҳо теъдоди бештари сайёҳони хориҷиро ба кишвар ҷалб намояд. Бо ин мақсад ниҳоди наве бо номи Кумитаи рушди сайёҳӣ таъсис шуд. Илова ба ин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» қабул гардид, ки он асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии фаъолияти соҳаро фароҳам месозад ва барои рушди он шароити мусоид ба вуҷуд меорад. Инчунин, Консепсияи рушди соҳаи сайёҳӣ ва Барномаи давлатии рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудаанд, ки татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи сайёҳӣ ­муа­й­­ян менамоянд.

Дар Паём Пешвои миллат қайд намуданд, ки «сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад».

Дар баъзе аз кишварҳо ҳаҷми даромад аз сайёҳӣ беш аз 50 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад. Омори Ташкилоти умумиҷаҳонии сайёҳии Созмони Милали Муттаҳид ва баъзе институтҳои байналмилалии молиявӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки сайёҳӣ аз соли 1998 дар содироти ҷаҳонии мол ва хизматрасонӣ ба ҷойи аввал баромадааст. Шумораи ҷойҳои корӣ дар соҳаи сайёҳӣ тақрибан 200 миллион ё беш аз 8 фоизи нишондиҳандаи умумии шуғли аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳад.

Суръати миёнаи рушди сайёҳӣ солҳои 1950-1999 дар як сол 7 фоизро ташкил додааст, ки дар маҷмӯъ аз суръати миёнаи солонаи рушди иқтисоди ҷаҳонӣ зиёдтар мебошад. Мувофиқи дурнамои Ташкилоти умумиҷаҳонии сайёҳӣ, дар даҳсолаҳои наздик суръати рушди соҳа нигоҳ дошта мешавад.

Дар аксар мамлакатҳо сайёҳӣ дар ташаккули Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, тавозуни савдои беруна, таъмини шуғли аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои кории иловагӣ саҳми арзанда гузошта, ба рушди соҳаҳои асосии иқтисодиёт, ба мисли нақлиёт ва коммуникатсия, сохтмон, кишоварзӣ, фарҳанг, санъат, истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум ва ғайра таъсири мусбат мерасонад.

Ба шарофати шароити мусоиди табиӣ ва иқлими Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он имконият хеле зиёд аст. Ин аст, ки солҳои охир дар ҷумҳурӣ намудҳои гуногуни сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии варзишӣ, куҳнавардӣ, таърихиву фарҳангӣ, этнографӣ, табобатӣ, санаторию курортӣ, истироҳатӣ тамоюли рушдро касб намудаанд. Илова бар ин, рушди соҳаи сайёҳӣ обрӯю эътибори кишварро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардош­та, таваҷҷуҳи сармоягузоронро бештар мекунад.

Пешвои миллат таъкид менамоянд, ки «кишвари биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад». Пас, мебояд аз ин неъматҳои бебаҳо самаранок истифода намуда, онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ намоем.

 Ф. Турахонов,

сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон