Саҳми Пешвои миллат дар пойдории ваҳдати миллӣ ва ягонагии Тоҷикистон

№142 (3936) 24.11.2018

Чанде пеш дар Қасри фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки масъу­лини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, раёсати маориф ва омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷҳои техникӣ ва омӯзгорӣ ба ифтихори Рӯзи Президент чорабинии бошукӯҳ доир гардид.

Дар он бобати саҳми беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ягонагӣ дар Тоҷикистон андешаронӣ карданд.

Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ таъкид кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба таҳсил фаро гирифтани насли ояндасози миллат ва муҳайё намудани шароити зарурӣ ба онҳо аз захираву имкониятҳо самаранок истифода намуда, бо мақсади омода кардани мутахассисони сатҳи баланди касбӣ пайваста тадбирҳои муҳим меандешад. Зикр гардид, ки барои омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷи техникӣ ва омӯзгорони ноҳияи Рӯдакӣ тамоми шароит фароҳам шуда, барномаҳои таълимӣ тибқи нақша иҷро мешаванд.

Дар чорабинӣ омӯзгорони соҳибтаҷриба бо шукргузорӣ аз сулҳу субот дар мамлакат боифтихор иброз намуданд, ки миллати тамаддунофару фарҳангпарвари тоҷик дорои таърихи куҳан ва урфу одатҳои хос буда, дар масири таърих ҳамчун мардуми сулҳпарвару бунёдкор ва созанда эътироф шудааст.

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»