СААД собиқ ҲНИТ-ро ҳамчун ташкилоти террористӣ эътироф кард

№107 (3744) 07.09.2017

8 — уми июни соли 2016 дар шаҳри Ереван ҷаласаи Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ таҳти раёсати ҷониби Арманистон баргузор гардид.

Дар ҷаласа ҷонибҳо рӯйхати ташкилотҳоеро, ки дар кишварҳои аъзои СААД ҳамчун террористӣ ва экстремистӣ эътироф шудаанд, бо қарори дахлдор ба мувофиқа расониданд.

Ба рӯйхати мазкур дар қатори дигар созмонҳои террористии байналмилалӣ, ба монанди «Ал-қоида», «ДИИШ», «Ихвон-ул муслимин», «Ансоруллоҳ», собиқ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикис­тон низ таҳти №65 ворид карда шуд.

Тавре иштирокчиёни ҷаласа қайд карданд, рӯйхати ташкилоти террористӣ эътирофгардида ба мақомоти салоҳиятдори давлатҳои аъзои СААД имкон медиҳад, ки амалиёти ҳамоҳангшудаи худро баҳри муайян ва пешгирӣ кардани фаъолияти онҳо дар минтақаи масъули СААД равона созанд.

Бояд қайд кард, ки сохторҳои СААД чораҳои муштаракро барои пешгирии фаъолияти ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ дар давлатҳои аъзои ин созмони бонуфузи минтақавӣ (Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия ва Тоҷикистон), ки ҳудуди умумии 20,3 млн. километри мураббаъро бо аҳолии беш аз 260 миллион нафар дар бар мегирад, ҳамоҳанг месозад. Кишварҳои аъзои ин ташкилот барои таъмини амният ва оромии минтақа манфиатдор мебошанд.

Хотиррасон менамоем, ки Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ҳафтуми октябри соли 2002 дар асоси Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 15 майи соли 1992 таъсис дода шудааст.

Мақсади СААД аз таъмини сулҳу субот ва амнияти байналмилалию минтақавӣ, такмилдиҳӣ ва мукаммалгардонии ҷанбаҳои ҳарбии ҳамкорӣ, муқовимати шадид бо терроризм ва экстремизми байналмилалӣ, аз ҷумла алайҳи ҳизб ва ҳаракатҳои террористӣ ва дигар таҳдидҳо иборат аст.

АМИТ «Ховар»