Обуна - 2016

«Садои мардум» фарҳанги ҳуқуқии моро боло мебарад,

№155(3456) 17.11.2015

- мегӯяд раиси ноҳияи Балҷувон  Зоирзода Маърифат Оймаҳмад 

Зоирзода М.О- Солҳои зиёде, ки ба сифати ҷонишини раис оид ба маънавиёт ифои вазифа мекардам, дар хотир надорам, ки сокинони маърифатпарвари ноҳияи Балҷувон маъракаи ҳамасолаи обунаро ба рӯзномаву маҷаллаҳои кишвар дар сатҳи зарурӣ ҷамъбаст накарда бошанд,- сухани хешро дар хусуси маъракаи «Обуна — 2016» оғоз намуд раиси ноҳияи Балҷувон Зоирзода Маърифат Оймаҳмад.

- Мардуми ноҳия баробари дигар рӯзномаву маҷаллаҳои расмии кишвар саъй мекунанд, ки дар навбати аввал ба рӯзномаи «Садои мардум» обуна шаванд. Дар ин  рӯзнома тамоми қонунҳо, ки дар онҳо ояндаи неки ҷомеа инъикоси васеи худро ёфтаанд, бо шарҳу тавзеҳот манзури мардум мегарданд. То имрӯз ба 150 нусха рӯзномаи «Садои мардум» обуна шудаем ва азм дорем, ки ин шумораро афзун намоем.

Сабаби дигаре, ки балҷувониён ҳамасола маъракаи обунаро дар сатҳи зарурӣ ва намунавӣ ҷамъбаст менамоянд, ин бетафовут набудани онҳо нисбати вазъи  замон аст, — муътақид аст мавсуф.

Раиси ноҳия аз он изҳори қаноатмандӣ намуд, ки нашрияҳои кишвар, бахусус рӯзномаи «Садои мардум» дар муаррифӣ намудани ноҳияи мо ба сифати минтақаи туризми байналмилалӣ саҳми шоиста гузоштанд. Хуб дар хотир дорам, ки рӯзномаи «Садои мардум» дар доираи амалӣ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи Барномаи  рушди ноҳияи Балҷувон ба сифати минтақаи туризми байналмилалӣ дар давраи солҳои 2002 — 2012»  як силсила мақолаҳои таҳлилиро рӯи чоп оварда буд. Маҳз таъсири ҳамин гуна мақолаҳо буд, ки қарори мазкур бо дастгирии Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то соли 2016, то — 20 солагии таъсисёбии ноҳияи Балҷувон тамдид карда шуд. Таъсири иттилоот аст, ки пайваста шумораи сайёҳони хориҷӣ ба мавзеъҳои диданибоби ноҳияи мо меафзояд  ва то имрӯз сайёҳони зиёд аз кишварҳои Испания, Франсия, Венгрия, Швейтсария, Федератсияи Россия, Туркия ва дигар давлатҳои ҷаҳон аз ноҳия дидан намуданд.

Боварӣ дорам, ки оянда  низ робитаи мо бо матбуот таҳким меёбад, зеро ин минтақаи афсонавӣ ба  муаррифии бештар ниёз дорад.

- Таври намунавӣ суръат гирифтани  маъракаи обуна барои соли 2016  далели возеҳи он аст, ки сокинони ноҳияи Балҷувон сиёсати дурандешона ва созандаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро содиқона дастгирӣ  мекунанд, — гуфт дар интиҳои суҳбат раиси ноҳия Зоирзода Маърифат Оймаҳмад.

Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ,  «Садои мардум»