Ба истиқболи 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сайфулло Сафаров: «Тоҷикон ҳеҷ гоҳ бедавлат набуданд»

№90 (3570) 15.07.2016

Мусоҳиба бо муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров

DSC_0213- Вақтҳои охир идеяе шакл гирифта истодааст, ки гӯё «миллати тоҷик баъд аз ҳазор сол соҳиби давлат шуд» ё ин ки таърихи давлатдориҳои тоҷиконро як гурӯҳ танҳо бо Сомониён маҳдуд мекунанд. Оё воқеан ҳам чунин аст?

- Ҳамчун таърихшинос мегӯям, ки давлатдории тоҷикон танҳо бо Сомониён маҳдуд нест. Сомониёнро мо ба он хотир барои ҷашн­гирӣ пешниҳод кардем, ки дар он сол мо соҳиби Президент ва ­Конститутсияи худ гаштем. Чун мо аз давлати абарқудрати шӯравӣ ҷудо шудем ва давлатсозии навини мо дар ҳолати ҷанинӣ қарор дошт, як факти таърихӣ лозим буд, ки ба он такя намоем. Дар аввал ёрдамчиёни Президент муқобил ҳам буданд, ки чаро маҳз Сомониён, чунки мо давлатҳои дигар ҳам доштем. Пеш аз ин, мо империяи Ҳахоманишиён доштем, ки марказаш дар ҳудуди имрӯзаи Эрон буд. Мо ба онҳо фаҳмондем, ки давлати Сомониён як империяи бисёр бузург буд ва заминаи асосии давлатдориро Исмоили Сомонӣ гузошт. Ин насл на танҳо барои давлатдории мо хизмат кардааст, балки девони вазирон, вазоратҳо кушода, барои тамоми дунё як намуна ва ё шакли давлатдории муосирро ба вуҷуд овардааст.

Тоҷикон империяи Кушониён дош­танд, ки бо номи Кирпан ҳам машҳур аст ва муҳаққиқ хонум Гузел Маядинова дар ин мавзӯъ як китоб навишта, нишон додааст, ки чӣ гуна мо дар баробари ҳиндуҳо ва чиниҳо як давлати бузург доштем.

Ғайр аз ин, дар ғарби Хитой, Ҳиндустон, шимоли Покистон давлатҳои мустақили тоҷикон мавҷуд буданд. Он давлатҳо ба таърихи мо ворид нашудаанд, чунки мо бештар империяҳои худамонро васф мекунем. Охирин чунин давлат соли 1974 дар Покистон мавҷуд буд, ки асосан аз тарафи вахониён идора мешуд. Он хонигарӣ буд ва дар ягон ҷо зикр нашудааст.

Давлатҳои боқимонда хурдтар буда, дар Балх, Сабзвор, Машҳад, Бухоро, Самарқанд, Деҳлӣ, Қошғар ва дигар ҷойҳо мавҷуд буданд. Ҳатто дар шимоли Эрон, дар наздикии Арманистон мо давлате бо номи Тоҷикистон ҳам дош­тем. Як муҳаққиқи арманӣ дар бораи он матлаб ҳам дорад, ки он дар Тоҷикистон ба забони русӣ чоп шудааст.

Мо таърихро бояд ба шуури мардум ворид кунем ва Президенти кишварамон дар китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» ба бисёр масъалаҳои дигаре ҳам равшанӣ андохтаанд, ки инҳо дар китобҳои таърихи даврони шӯравӣ набуданд.

­- Дар яке аз суханрониҳои Президенти кишвар омадааст, ки «Аз каронаҳои баҳри Миёназамин то баландиҳои Ҳиндукуш, аз кӯҳсори Қафқоз то халиҷи Форс тӯли чандин аср забони тоҷикӣ барои бисёр халқҳои қитъаи Осиё забони давлатдорӣ ва дипломатӣ будааст». Аз ин бармеояд, ки аҷдодони мо дар ташаккули фарҳангу таърихи дигар халқиятҳо саҳмгузор ҳастанд…

- Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон масъалагузории мантиқӣ кардаанд. Ин масъалаест, ки барои мардуми мо бисёр муҳим ва ҷиддӣ мебошад. Аз Қазон то Мумбайи Ҳиндустон, аз Қошғари Чин то Кунияи Туркия империяи бузурги забони тоҷикӣ буд, ки бо далелҳои муътамад метавон онро исбот кард. Масалан, дар Мумбай ва Қазон китобҳои сангин бо забони тоҷикӣ чоп шудаанд. Шоирони бисёре доштем, ки дар Ҳиндустон зиндагӣ мекарданд. Аз Амир Хусрави Деҳлавӣ сар карда, баъдтар як силсилаи шоирони форсизабон дар Ҳиндустону Покистони имрӯза умр ба сар мебурданд.

Қаламрави забони тоҷикӣ аз Куния сар мешавад, ки Ҷалолиддин Балхӣ он ҷо ба тоҷикӣ менавишт ва набераи вай баъди чанд даҳсола асосгузори адабиёти классикии турк шуд. Бубинед, ки мавқеи миллати тоҷик дар адабиёт ва таърихи халқҳои гуногун чӣ қадар бузург аст. Дар замони шӯравӣ ҳам, дар бораи он ки мо пеш аз Пушкин Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдиву Ҳофиз дош­тем, намегуфтанд. Дар адабиёте, ки барои тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ нашр мегардид, ин чиз нодида гирифта мешуд. Ё ин шахсиятҳоро асосан эрониву форс муаррифӣ мекарданд. Ҳол он ки онҳо, масалан Рӯдакӣ дар фосилаи чанд ҳазор километр то Форс буданд. Дар адабиёти насрӣ устод Айнӣ бузургтарин насрнавис аст. Дар ин робита адабиётшиносону олимони эронӣ таъкид кардаанд. Дар он солҳое, ки «Ёддоштҳо»-и Айнӣ навишта шуд, наср дар Эрон он қадар рушд накарда буд. Ё ин ки Зайниддин Маҳмуди Восифӣ, Абӯалӣ ибни Сино китобҳои илмиву публисистие доштанд, ки дар он давра дар ҳеҷ ҷойи дигар ин гуна китобҳо пайдо нашуда буданд. Гарчанде баъзе китобҳо, масалан «Гаршоспнома» бо забони паҳлавӣ буданд. Ғайр аз ин, Саъдии Шерозӣ ҳам китоби «Фаҳлавиёт» дорад. Ӯ аслан бо забони паҳлавии мовароуннаҳрӣ менавишт ва чун дар Шероз зиндагӣ мекард, бо забони нави тоҷикӣ низ асар эҷод намуд ва дар чанд ҷо ба тоҷик будани худаш ишора мекунад. Дар атроф ва шаҳри Шероз ҳоло ҳам мардум худро тоҷик мегӯянд. Ин ҷо нозукиҳои таърихӣ ҳаст, ки ҳамаашон боз­гӯйӣ нашудаанд. Масалан, таърихи тоҷиконро дар давраи ҳукмронии манғитҳо асосан устод Айнӣ навиштааст ва чун бо сарчашмаҳои илмии дар шаҳрҳои дигар, аз ҷумла Деҳлӣ, Мумбай, Қазон, Кунияву Истанбул, Бокуву Ереван ва ғайра дастрасӣ надошт, аз ин сабаб маҳдудияти иттилоотии он эҳсос мешавад. Устод Айнӣ бештар ба адабиёте такя мекард, ки дастрасӣ дошт. Мисол меорам. Устод Сад­риддин Айнӣ мегӯяд, ки мафҳуми тоҷик аз асри XIII пайдо шудааст ва ин ақидаро бисёриҳо дастгирӣ мекунанд. Дар Эрон китобе ҳаст бо номи «Наврӯзнома», ки дар асри IY бо забони паҳлавӣ навишта шудааст ва онро олими барҷастаи эронӣ Содиқи Киё ба забони форсӣ баргардон кардааст.

Солҳои дар шаҳри Москва таҳсил карданам нусхаи онро ба Тоҷикистон фиристодам ва олимони ҳамсоли ман дар ин мавзӯъ мақола навишта буданд, ки дар рӯзномаи «Маориф ва маданият» бо номи «Дар ҳошияи як андешаи устод Айнӣ» чоп шуда буд. Яъне, аз ҳамон ҷо мо метавонем гӯем, ки мафҳуми «тоҷик» аз асри XIII не, балки аз асри IY пайдо шудааст.

- Пас аз рӯи мантиқ дуруст аст, вақте мегӯем, ки ҳазор сол давлат надоштем?

- Аслан давлатдории тоҷикон ҳеҷ вақт танаффус ­надошт. Мо ҳазор сол не, ҳатто як сол бедавлат набудем. Онҳое, ки ин суханро мегӯянд, таърихи миллати моро намедонанд. Ин тарзи муносибат ба давлатдории худро бояд аз байн барем ва шакли дурусти методологӣ ва фалсафии фаҳмиши давлатдориамонро пешниҳод намоем.

- Чанде пеш Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Миср дар номаи хеш ба вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов аз он изҳори нигаронӣ намудааст, ки дар дувумин Конференсияи байналмилалӣ, ки зери унвони «Саҳми сарзамини Мовароуннаҳр дар ғанисозии тамаддуни исломӣ» дар шаҳри Қоҳира баргузор шуд, чеҳраҳои барҷастаи миллати тоҷик, аз ҷумла Берунӣ, Хоразмӣ, Сино, Аҳмади Фарғонӣ, Наҷмиддини Кубро, Абдуллоҳи Насафӣ, Имом Бухорӣ ва дигаронро бо далели он ки зодгоҳашон дар ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон нест, тоҷик эътироф накарданд…

- Ин хатари ҷиддӣ дошта метавонад. Хушбахтона, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ин чизҳоро пешакӣ дарк намуда, дар ин мавзӯъ китоб навиштанд. Ин китобҳо ба забони арабӣ тарҷума шудааст, ки Роҳбари давлати мо ба андешаи беасоси ин конференсия пешакӣ ҷавоб додаанд. Арабҳои босавод бояд ин китобҳоро хонда бошанд, ки Пешвои миллати мо чанд сол пеш ба онҳо ҷавобҳои бисёр хуб, бо далел ва асосҳои таърихӣ додаанд. Таърихро таҳриф кардан аз рӯи инсоф нест. Ин ҷо мавқеи методологии мо бояд чунин бошад: оид ба таърихи ҳамон замон ҳар факту далелеро, ки медонем, бояд ба миён гузорем. Он замон ҳар миллате, ки дар Осиёи Марказӣ зиндагӣ мекард, ба империяи Сомониён дохил мешуд. Касе давлати алоҳида надошт, на афғонҳову ӯзбекҳо, на қазоқҳову қирғизҳо ва на туркманҳо. Имрӯз мо бо ҳеҷ кас даъвои ҳудудӣ надорем. Сарҳадҳоеро, ки тасдиқ шудаанд, аз нуқтаи назари қонунҳои байналмилалӣ эътироф мекунем. Аммо вақте гап дар бораи миллат меравад, масъала ранги дигар мегирад.

- Шумо ишора кардед, ки таърихи миллати тоҷик, хусусан давлатҳои хурде, ки дар давраҳои гуногун аз ҷониби тоҷикон ташкил шудааст, пурра омӯхта нашудааст. Модом ки институтҳои зиёди илмӣ дорем, фикр намекунед, ки ин каммасъулиятӣ ва ё камтаваҷҷуҳии олимон нисбат ба сарнавишти миллат аст?

- Пеш аз ҳама, бояд мавзӯъҳои институтҳои тадқиқотии мо дигар карда шаванд. Бахусус, этнография, антропологияи миллати тоҷик омӯхта шавад. Тавре ки Хаников карда буд. Ин олим аз Шероз то Самарқанду Бухоро қабристонҳоро канда, косахонаи сари одамонро амсила (муляж) карда буд. Бо гаҷ қолаб гирифт ва онро дар Фаронса омӯхта, академик шуд. Китоби «Навиштаҳо дар бораи этнографияи форс»-ро навишт. Ӯ форс гуфта, тоҷиконро дар назар дошт. Дар шароити кунунӣ ин хел олимон барои мо даркоранд.

 Мусоҳиб Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»