Сангвор. Ҷангалзор барқарор мешавад

№85 (3879) 10.07.2018

Агар боре гузоратон ба ноҳияи Сангвор афтад, диққати шуморо манзараҳои зебову нотакрор, ҷангалзору  чашмаҳои зулоли мавзеъ ба худ ҷалб мекунанд.

Боиси таассуф аст, ки дар баъзе аз гӯшаҳои ноҳия дар натиҷаи боронҳои пай дар пай, фаромадани тарма ва сел ҷангалзор хароб гардидааст. Бо дарназардошти ин ҳолат бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор ҷангалзори деҳоти «Тавилдара» ва «Миёнаду» тавассути шинондани ниҳолҳои мевадеҳ, ороишӣ ва сояафкан дубора барқарор гардиданд.

Сардори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳия Акбаршо Иззатов иброз намуд, ки кормандони муассиса дар 0,6 гектар ниҳолхонаи таҷрибавӣ 2750 бех  ниҳоли себ, нок, зардолу, шафтолу, олуча, чормағз, тут, сафедор ва дарахтони сояафкану ороишӣ парвариш намуда, дар мавзеъҳои харобгардида шинонданд. Илова бар ин, бо мақсади ҳифзи ҷангал ва олами набототу ҳайвонот дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ тавсеа ёфта, ҷангалзори ноҳия зери назорати доимӣ қарор дорад.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»