Сангвор. Бунёди 107 иншоот

№110 (4372) 04.09.2021

Сангвор ноҳияест, ки даврони соҳибистиқлолии мамлакат арзи ҳастӣ намуда, ба дастовардҳои зиёд ноил гардидааст. Он, ки даврони барқарории Ҳокимияти Шӯравӣ деҳаи назарногир буд, ҳоло симояшро тағйир дода, хеле тамошобоб аст. Мардуми шарафманди он шукронаи соҳиб­истиқлолии мамлакат, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллиро менамоянд ва бо мақсади боз ҳам ободу зебо намудани диёр ва таъмини зиндагии шоистаи сокинон заҳмат мекашанд.

- Мардуми ноҳияи Сангвор баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ­вусъат додани ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якдилона заҳмат кашида, ба бунёд, таъмири роҳ, пул, муассисаҳои маорифу тандурустӣ камар бастаанд, — гуфт дар суҳбат раиси ноҳия Маҳмадшоҳ Давлатзода.

Аз ҳисоботи оморӣ бармеояд, ки дар панҷ моҳи соли равон қисми даромади буҷети ноҳия ба ҷои 2 миллиону 53 ҳазору 300 сомонии нақша, 5 миллиону 29 ҳазору 700 сомонӣ иҷро гардидааст.

Нақшаи ҷамъоварии андозҳо, бо дарназардошти андози иҷтимоӣ, 6 миллиону 222 ҳазору 254 сомонӣ таъмин гардид, ки 223 дарсади нақша аст.

Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 47,4 миллион сомонӣ баробар гардид, ки аз ин 8,2 миллион сомонӣ ба соҳаи кишоварзӣ, 15,8 — ба савдо, 0,5 — ба хизматрасонии пулакӣ ва 22,9 миллион сомонӣ ба соҳаи саноат рост меояд.

Инчунин, 343 тонна гӯшт, 741 тонна шир ва 471 ҳазор дона тухм истеҳсол гардида, дар муқоиса ба панҷмоҳаи аввали соли 2020 мутаносибан 78 ва 165 тонна ва 108 ҳазор дона зиёд аст.

Барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия аз ҳисоби ҳамаи сарчашма бунёди 107 иншоот дар нақша буд, ки 70 — тоаш ба истифода дода шуд. Бунёди биноҳои маъмурии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, КИ ҲХДТ дар ноҳия, шуъбаи бемориҳои сироятӣ, меҳмонхона, толори варзишӣ дар деҳоти «Чилдара», толори варзишӣ ва бунгоҳи тиббӣ дар деҳоти «Вахиё», сохтмони хати баландшиддати 35 кВт Шугнов — Тавилдара, ҳавзи моҳипарварӣ дар деҳоти «Тавилдара» идома доранд.

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»