Сангвор. Бунёдкорӣ равнақ меёбад

№65 (4327) 15.05.2021

Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор бунёдкорӣ идома дошта, чор моҳи аввали соли 2021 аз буҷети маҳаллӣ 640 ҳазор сомонӣ барои таҷдиди сохтмони биноҳои маъмурии деҳоти «Тавилдара», шуъбаи бемориҳои сироятӣ ва боғи фарҳангӣ — фароғатӣ сарф гардид.

Бинобар афзоиши аҳолӣ ва зиёд шудани шумораи хонандагон, зарурати бунёди мактабу синфхонаҳои иловагӣ пеш омадааст. Тибқи нақша, синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№ 5, 6, 12, 14, 31 ва 4 майдончаи варзишии замонавӣ дар маркази деҳот сохта шуданд.

Соли равон пули пиёдагузар дар деҳаи Лайрони Болои деҳоти «Сангвор» бо дастгирии соҳибкорон ва аҳолӣ сохта, ба истифода дода мешавад. Сохтмони биноҳои маъмурии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, КИ ҲХДТ дар  ноҳия, шуъбаи бемориҳои сироятӣ, хатти баландшиддати 35 кВт Шугнов — Тавилдара, толори варзиш дар деҳоти «Чилдара», толори варзиш ва бунгоҳи тиббӣ дар деҳоти «Вахё» идома доранд. Баҳри рушди соҳаи сайёҳӣ бунёди меҳмонхона дар маркази ноҳия, ҳавзи моҳипарварӣ дар деҳоти «Тавилдара» ва якчанд иншооти хурди маданию маишӣ ба наздикӣ анҷом меёбад.

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»