Сангвор. Соҳаи кишоварзӣ рушд мекунад

№108 (4214) 05.09.2020

Кишоварзони ноҳияи Сангвор аз ҳисоби заминҳои бекорхобида сол то сол масоҳати киштзорро зиёд намуда истодаанд. Соли равон онҳо дар маҷмӯъ, дар 3 ҳазору 11 гектар замин картошка, ғалла, зироатҳои полезӣ кишт ва 16 гектар боғи нав бунёд карданд.

Тавре сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Акбар Иззатов гуфт, кишоварзон имсол дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон майдони кишти картошкаро аз ҳисоби заминҳои бекорхобида ва чарогоҳҳо 300 гектар зиёд намуданд.

Истеҳсоли мева бошад, аз 821 гектар боғи мавҷуда пайвас­та дар ҳоли афзоиш аст. Ҳамчунин, деҳқонон дар байни қатори ниҳолҳо полезӣ кишт мекунанд.

Занбӯриасалпарварӣ низ аз бахшҳои асосӣ ба шумор меравад. Аксар сокинони ноҳия дар доираи имконот ба ин кор машғуланд ва соли сипаришуда аз 12 ҳазору 960 оила занбӯри асал 300 тонна асали хушсифат гирифтанд.

Умед аст, ки кишоварзони ноҳия на танҳо дар таъмини бозорҳои мамлакат саҳм мегузоранд, балки маҳсулотро берун аз ҷумҳурӣ ба савдо бароварда, сатҳи зиндагиашонро беш аз пеш беҳбуд мебахшанд.

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»