Сарнавишт

№99 (4049) 17.08.2019

Роҳгузарон 10 июли ҳар сол дар ин мавзеъ пиразанеро болои бораи хок медиданд. Соатҳо болои теппа менишаст ва сар ба ҷайби тафаккур фурӯ бурда, саргардон менамуд. Касе ба вай аҳамият намедод ва ӯ низ парвои дигарон надошт.

Холаи Зулфия аз шаҳраки Ғарм ба суроғи хонаву дари падар ва хешу ақрабо меояд. Соатҳо фикр мекунад ва ҳеҷ ба ёдаш намерасад, ки боғи зардолу дар куҷо ҷой гирифта буд ва он рӯзи наҳс чӣ гуна аз чанги бало раҳид.

Сарашро боло бардошта ба атроф менигарад. Дасти ларзонашро  лапар карда, бо чашмони камнур ва ашколуд ба дуриҳо назар меафканад.

-Дар раҳмати Худо бошед, азизон, — зери лаб пичиррос мезанад ӯ. Пешгоҳатон равшан бошад. Чӣ кунам, ҳар сол меоям, як-ду ҳафта мекобаму нишоне наёфта, ноумед бармегардам. Агар медонистам, ки дар кадом гӯшаи ин кӯҳи бузург хуфтаед, пешатон аз хасу хошок кулбае месохтаму то нафаси охирин мурдабонӣ мекардам.

Гиря банди гулӯ мешавад. Ашки шӯр аз чашмони фурӯрафтааш  ҷӯшида мебарояд ва рухсораҳои ранг­паридаю тафсидаашро тар мекунад. Аз ёди хотирае пайкараш меларзад. Инону ихтиёрро аз даст дода, бо кафи даст чаккаҳои сарашро дош­та, фарёди ҷонкоҳ мезанад.

Дар ангора худро ҳамроҳи чанд тифли дигар дар як гӯшаи боғе пайдо мекунад. Дарахтони пурбори зардолу ҳавлии боғро соя меафкананд. Онҳо гоҳе донаҳои ранг­гардонидаи зардолуро мечинанду гоҳе ба бозӣ машғул мешаванд. Ибтидо садои даҳшатангез пардаҳои нозуки гӯшҳоро ба ларза меорад ва баъд такони сахт заминро аз зери пояшон тарафе мекашад. Тифлони дунёбехабар фурсати фарёд задан наёфтанду паҳлӯи якдигар ғалтиданд. Пиндошт, ки болои алвончак истодааст ва паҳлавони азиме онро сари даст бардоштаю меҷунбонад. Тамоми қувваташро ғундошта, фарёд зад: «Оча, очаи  ҷон…» Садояшро нашунид. Аз тарс чашмонашро пӯшид. Замин беист меларзид ва садоҳои даҳшатзо торафт зиёдтару воҳиманоктар мешуданд. Ба назараш намуд, ки аз кӯҳи пешорӯ аждаҳои бузурге, ки аз даҳону биниаш оташ фаввора мезад, тарафи онҳо омад. Бо тарсу ҳарос чашм кушод, аммо чизеро дида натавонист. Чашмонашро пӯшид. Дигар чизеро ёд надорад. Шояд аз ҳуш рафта буд…

Ҳамон сол Зулфия ба синни ҳафт қадам мемонд.

Пиразан бо панҷаҳои ларзони даст чакаҳои сарашро молиш медод. Пайкараш меларзид ва садои пур аз тарсу изтиробаш ба гӯш мерасид.

-Садқаи номат шавам, Парвардигор. Ту қодиру тавоноӣ. Дар турфатулайн ҳар чиро ҳаст мекунию агар хоҳӣ нест. Ман шоҳиди қудрату тавоноии ту ҳастам.

- Бечора ақлашро гум кардааст, -мешунавад овози ношиносеро.

- Шукр, ки аз тарс намурд, — посух мегӯяд каси дигар.

- На гапро мешунаваду на гап мезанад.

- Аз даҳшат кару гунг шудан мумкин аст.

- Ба ҷою маконаш, ки расид, духтурҳо табобат мекунанд. Дар он рӯзҳо касе ба суроғаш наомад. Ӯро ба рӯйхати сағираҳо гузарон. Фурсати он нест, ки дунболи ҳар як кӯдак давутоз кунем.

Ҳамаи инро мешунид, вале ҷавоб гуфта наметавонист.  Аз сухани охирини шунидааш бештар тааҷҷуб кард.

- Чаро ба рӯйхати сағираҳо? — суол дод ба худ. Охир ман падару модар дорам. Шояд дар бораи каси дигар ҳарф мезананд. Оча, ҳой, очаи ҷон…

Садояшро худаш намешунавад. Тааҷҷуб мекунад. Бо азоб чашм мекушояд. Худро дар ҷои бегона мебинаду ҳалқаи одамони ношинос. Аз ҷо бархостанӣ мешавад, аммо қувваташ намерасад. Тамоми баданаш ба дард медарояд.

- Ба ҳуш омад, — мешунавад аз нав овози ношиносро.

- Сахтҷон будаст, кӯдаки  бечора.

Бидуни хоҳиш чашмонаш пӯшида мешаванд.

Духтарак бештар ба ҳайрат меафтад. Чаро ӯро ба ҷои бегона овардаанд. Агар модараш фаҳмад, ки ҳамроҳи одамони ношинос рафтааст, вой бар ҳоли ӯ. Фарёд задан хост, аммо садо дар гулӯяш гиреҳ зад. Пиндошт, ки аз баландие ба ҷарӣ меғалтад. Мутакко ҷуст. Ба ҳар тараф даст дароз карда, мехост ягон бутта ё шохи дарахте ба дасташ ояд ва ӯ аз афтидан худро нигоҳ дорад.

- Ба вай чӣ шуд? – аз дуриҳо мешунавад овози пуризтироберо. Ва якбора ҳама чизро аз ёд мебарорад. Дигар на садоеро мешунаваду на ба олами руъёҳо бармегардад…

- Чӣ ном дорӣ, духтарҷон? — ба вай муроҷиат мекунад зани меҳрубоне.

- Намедонам, — бо овози ларзон мегӯяд ӯ ва таги чашм ба чеҳраи зани ношинос менигарад.

- Мо ба ту номи нав мондем, — мегӯяд зан меҳрубонона. Туро аз бемористон баъди табобат ба ин ҷо оварданд. Дар варақаи аз бемористон фиристодашуда, «З. Давлатова» навишта шуда буд. Номатро Зоя гуфтем. Фарқаш чӣ.  Муҳим, ки сиҳат шудӣ.

- Ман дар беморхона будам?

- Магар ба хотират нест?

-….

- Ин ҷо хонаи бачагони шаҳри Хуҷанд аст. Аз ин баъд дар ин ҷо зиндагӣ мекунӣ. Мисли ту чанд духтару писари дигар ҳам дорем.  Онҳо хоҳару бародарони туанд.

Духтарак дар тааҷҷуб монд. Ӯро аз куҷо оварданд? Чаро бачаҳои дигар хоҳарону бародаронаш будаанд?

Ба вай сару либоси дигар пӯшонданд. Сару либоси аврупоӣ. Вай ба ёд оварда натавонист, ки пештар чӣ гуна сару либос дошт, аммо либоси нав писандаш омад. Лекин бо забони бегона  ҳарф задан барояш мушкил буд. Бачаҳои ҳамсолаш бо дигар забон озодона сухан мегуфтанд…

Ӯ дигар  гузаштаро аз ёд баровард. Ва борҳо дар танҳоӣ ба худ суол мекард. Хоса лаҳзае, ки ба суроғи бачаҳо хешу табор меомаданд. Меомаданду онҳоро  танг ба оғӯш кашида, сару рӯяшонро бӯсаборон мекарданд. Барояшон туҳфа  меоварданд:

- Ман кистам? Аз куҷо   омадаам?  Волидонам кистанд? Ба кадом миллат мутааллиқам? Чаро касе ба суроғам намеояд? –мепурсид аз худ.

Ба тақдир тан дод. Бо бачаҳои дигар одат кард. Забони русиро ёд гирифт.

Синфи ҳаштумро дар хонаи бачагон хатм намуд ва ба омӯзишгоҳи алоқа дохил шуд. Дар он ҷо ҷавонон аз маҳалҳои дуру наздик таҳсил мекарданд. Медид ҳамдарсоне, ки дар шаҳр иқомат доштанд,  баъди дарс ба хонаҳои хеш мераванд. Волидайн аз маҳалҳои дур омада, аз аҳволи фарзандон хабар мегиранд, аммо касе ба суроғи вай намеомад. Касе аз ӯ намепурсид, ки чӣ ҳол дорӣ? Танҳо он зани ҳалиму меҳрубон аз хонаи бачагон аҳён-аҳён меомад. Модарвор ба оғӯшаш мегирифт ва аз ҳолу аҳволаш мепурсид. Лаҳзае суҳбат мекарду мерафт пайи кор. Ба чеҳраи ғамолуду чашмони ашколуди вай менигаристу худро нодида мегирифт. Аз нав саволҳои пешин азобаш медоданд.  «Ман кистам? Аз кадом қавму миллатам?»  Ба шиносномааш менигарист: «Давлатова Зоя Донёровна, миллаташ тоҷик». Тааҷҷуб мекард. Агар тоҷик бошам, чаро касе ба суроғам намеояд. Ва боре он зани мушфиқ  ба вай дар бораи фоҷиаи Ҳоит қисса кард. Қисса кард, ки Зоя зодаи Ҳоит асту хешу табораш ҳамон ҷо таги хок мондаанд. Ӯро қатори зиндамондаҳо ба шаҳри Сталинобод оварданд ва баъди табобат ба Хуҷанд. Лекин духтар на Ҳоитро ба ёд оварда метавонист ва на падару модарашро.

Пиразан бо андуҳ оҳ кашиду аз ҷо баланд шуд. Пойҳои ба дард омадаашро молиш дод ва оҳиста – оҳиста ба поин фуромад. Тарафи деҳаи Ҳоит мерафт, дар ғори тангу бетаги андешаҳо гирифтор буд.

Ба пурсишҳояш ҷавоб намеёфт. Ҷуръат намекард, ки ба касе дар ин бора машварат намояд. Омӯзишгоҳро бомуваффақият хатм намуд.

- Духтарам, шумо ба куҷо рафтан мехоҳед? – пурсид марде, ки дар паҳлуи директори омӯзишгоҳ менишасту ӯро намояндаи Вазорати алоқа муаррифӣ карда буданд.

- Намедонам, — беҷуръатона посух дод Зулфия. Ба куҷое,  ки фиристед, меравам.

- Дар ноҳияи Ҷиргатол мутахассис намерасад, чанд бор шуд, ки роҳбарияти ноҳия ба мо муроҷиат мекунад.

- Ноҳияи Ҷиргатол ба зодгоҳи ту наздик аст, — ба суҳбат ҳамроҳ шуд директори омӯзишгоҳ. Шояд хешу таборатро пайдо мекунӣ.

- Меравам, муаллим, — бе дудилагӣ гуфт Зулфия.

Дар муҳити нав зиндагӣ барояш беранг буд. Бо вуҷуди меҳмоннавозию одамдӯстии мардум худро танҳо ҳис мекард. Аз шаҳри калон ба як гӯшаи дури дунё омаду пушаймон шуд. Ин шаҳраки дар миёни кӯҳҳои осмонбӯс ҷо гирифта, наметавонист ҷароҳати дили дардмандашро шифо бахшад. Ҳар бегоҳ духтарони ҳамкор ва ҳамсояҳо ӯро ба хонаҳояшон мебурданд. Ба хотири вай маърака меоростанд. Аммо вай ба зиндагии нав одат карда наметавонист.  Худро бекасу танҳо медид. Гоҳо аз навмедӣ даст ба домони гиря мезаду то сабук шудани дилаш мегирист.

Рӯзе дар дафтари корӣ машғули иҷрои вазифа буд, ки ҷавоне аз дар ворид  шуд. Боадабона салом дод, аз зиндагии духтар пурсон шуд. Баъд аз ҷо баланд шуда, болои сари духтар омад.  Беиҷоза даст ба пешонаи вай бурд ва мӯи сарашро боло бардошт. Дар ҷабини духтар  осори захми сӯхтаро дида, бо алам фарёд зад ва инону ихтиёрро аз даст дода,  духтарро ба оғӯш кашид.

- Хоҳараки ширинам, — бо овози гиряолуд мегуфт ҷавон. — Шукри Худованд, ки туро пайдо кардам. Шукр, ки дар ҳамин дунё ба дидори якдигар расидем. Ту ягона мероси волидайни шаҳидам ҳастӣ.

Духтар бо ҳайрат ва тарс ба ҷавони ношинос, менигаристу бовараш намеомад.

Билохира, ҷавон худро ба даст гирифт. Рӯ ба рӯи ӯ нишасту саргузашташро ҳикоя кард.

- Ду рӯз баъди заминларза маро қатори бачаҳои дигар ба шаҳри Душанбе бурданд. Дар хонаи бачагони шаҳр тарбия гирифтам. Хешу табори зиндамондаамон, ки дар ноҳияи Қумсангир зиндагӣ доранд, баъди кофтуков ва гузаштани солҳо аз хонаи бачагон маро ёфтанд ва ҳамроҳашон ба Қумсангир бурданд. Шукр, ки холаамон зинда аст. Туро бисёр кофтем. Касе дар бораи зинда буданат ба холаам хабар додааст, аммо ёфта натавонистем. Чанде қабл як шинос аз шаҳри Хуҷанд ба писари холаам гуфтааст, ки бо ҳамин нишонаҳои гуфтагиатон дар хонаи бачагони Хуҷанд духтараке буд. Вай баъди хатми омӯзишгоҳ барои кор ба кадом ноҳияе рафтааст. Ман ин хабарро шунида ба Вазорати алоқа омадаму дарак ёфтам, ки ба Ҷиргатол рафтаед.  Омадам.

Духтар ба суханҳои ҷавон шубҳа дошт. Ба вай ҳарфе нагуфта, бо даҳони нимво ба чеҳраи вай нигариста, мисли санг карахту сокит буд.

- Ту захми пешонаатро ба ёд надорӣ, Зулфияи ҷон?

- Ман чизеро дар ёд надорам. Ҳатто то ҳанӯз намедонам, ки аз куҷо  будам ва чӣ гуна ба хонаи бачагон рафтам.

- Модарам равған ширин мекард. Ту чаҳор сол доштӣ. Хирагӣ кардию наздики деги пур аз равған истодӣ. Модарам ба кор машғул буд, аз ҳузури ту дар ғафлат монд. Чанд пора пиёзро барои фаҳмидан, ки равған доғ шудааст ё не, ба даруни дег ҳаво дод. Равғани ҷӯшидаистода ба ҳар тараф пош хӯрд ва як қатраи тафсону калони он ба пешонии ту расид. Ҳанӯз фарёду фиғони ту дар гӯшам садо медиҳад.

Духтар аз нақли ҷавон хандиду бо нӯги ангушт захми пешонаашро, ки ҳамеша бо мӯи сиёҳаш мепӯшонд, молиш дод.

- Як моҳ зиёдтар захм туро азоб дод. Шаби дароз мегиристӣ ва бечора модарам ҳамроҳат ашк мерехт.  Баъди дорую дармони зиёд захм сиҳат шуд, вале осораш монд. Модари бечораам мудом ғам мехӯрд, худро коҳиш мекард, ки бо гуноҳаш пешонаи духтарам айбдор шуд.  Шукр, ки ҳамин нишона буд ва мо туро ёфтем.

Духтар ҳанӯз ба суханони ӯ бовар надошт. Кӯшиш мекард, ки чизеро аз даврони бачагиаш ба ёд биёрад, аммо…

- Шояд маро ба хоҳари  худ монанд карда бошад, — андеша мекард дар дил.

Аммо ҷавон боисрор суханҳояшро такрор менамуд.  Дар бораи хонаву боғашон, ҳамсояҳо, деҳа, падару модар мегуфт.  Мехост ба олами хотираҳо баргардад. Бачагии худро пайдо намояд, вале  ҷуз он такони сахту садои даҳшатзо чизеро ёд надошт.

- Зулфияи ҷон, ман аз ту чор сол калонтарам, ҳамаашро ёд дорам. Ба хонаи бачагони Хуҷанд рафтам. Ҳуҷҷатҳоятро дидам. Охир раҳматии Донёр падарамон буду Давлат бобоямон. Чаро ту бовар намекунӣ?

Оқибат  ҷавон ӯро розӣ кард ва ҳамроҳаш ба ноҳияи Қумсангир бурд.   Ҳамдиёрон ба диданаш меомаданд, вале дар байнашон чеҳраи ошноеро намедид. Навмед шуд. Яқин кард, ки ҷавон иштибоҳ кардааст.

- Бародар, худро беҳуда азоб надеҳ, — рӯзе гуфт Зулфия ба ҷавон. Раҳмат, ки маро як муддат дар ҳалқаи ин одамони меҳрубон нигоҳ доштӣ. Акнун иҷозат деҳ, ки ба ҷои корам баргардам. Худо хоҳад, рӯзе хоҳаратро пайдо хоҳӣ кард.

-Як — ду рӯзи дигар сабр кун, — посух дод ҷавон. Холаам меояд. Ӯро бину баъд ба ҷои корат баргард.

Рӯзе ӯ таги тиреза нишаста ба берун менигарист. Ғарқи андеша буд. Ҳамин лаҳза чашмаш ба зане афтод, ки савори хар сӯи ҳавлии онҳо меомад. Зан наздик шуду чашмаш ба холи калони рухсораи зан уфтод. Дилаш гум зад ва худро дар дунёи дигар дид. Макон дигар буду замон пештар. Мағзи карахтшудаи сар ба кор даромад. Хотираҳои ширину талхи аёми кӯдакӣ пеши рӯяш ҷилвагар шуданд.

Ӯ ба хонаи холааш зуд-зуд меомад. Холааш дар маҳаллаи дигар мезист.  Зулфияро бисёр дӯст медошт. Чанд ҳафта дар хонаи ӯ меҳмон мешуду шабҳо холаашро ба оғӯш мекашид ва бо нӯги нохун холи калони рухсорашро зер мекард. Духтарак аз ин кор завқ мебурд ва ҳамеша онро такрор мекард. Бо холаи хушрӯйи худ ифтихор дошт.

Вай ҳама чизро фаромӯш кард. Ҷониби зани харсавор давид. Зан дар ин байн аз хар фаромада буд ва ба тарафи даромадгоҳ меомад. Зулфия аз дар баромад ва худро ба оғӯши зан ҳаво дод. Зан худро канор кашид. Ба назар хеле хаста менамуд. Ба девори хона такя зада, нафас рост кард. Як зум нигоҳи карахташ чеҳраи зебо ва рангпаридаи духтарро палмосид. Метарсид, ки мабодо ин  дафъа низ фиребаш надиҳанд. Борҳо  одамон дараки духтари хоҳарашро меоварданд. Мерафту ноумед бо чашми гирёну дили бирён ба хона бармегашт. Ҳоло метарсид, ки боз қисмат барояш зарбаи навбатиро омода накарда бошад. Оҳиста бо дас­ти наҳифу ларзон мӯи ӯро боло бурд ва нишонаи сӯхтагиро дид. Нолиши пурдарде аз шикофи синаи пиразан берун шуд. Кампир ларзида-ларзида пайкари наҳифашро ба ҷисми дар изтиробу тафсидаи духтар ҷафс кард ва ӯро бо сад азоб  ба оғӯш кашида, аз ҳуш рафт.

Шаби дароз мижа ба ҳам назаданд. Хоб аз чашми онҳо рамида буд.

Мегуфтанду мегиристанд. Аз рӯзҳои гузашта, аз зодгоҳи вайроншуда, аз модари сиёҳпичаю аз падари ҷавонмарги Зулфия, аз хонаи ободу аз боғу бӯстони Ҳоит мегуфтанду ашк мерехтанд. Холааш гоҳ аз ободиҳои Ҳоит мегуфт, гоҳ хушруию ҳунармандии модари Зулфияро қисса мекард.  Ҳар замон даст ба гиребон бурда шукрона мегуфт…

Бародари Зулфия ҳамроҳи писари холааш зуд-зуд ба ҳуҷраи кампир даромада, аз аҳволи онҳо хабар мегирифтанд.

- Холаи ҷон, саломатиатон хуб нест, камтар хобида истироҳат кунеду пагоҳ суҳбатро давом диҳед, — бо дилсӯзӣ мегуфт писари хоҳараш.

- Акнун мурдан ҳам бароям осон шуд, бачаҳои ҷон, хандаи базеб дар лаб посух мегуфт кампир ва бо овози баланд замзама мекард:

Имшаб чӣ шабе, шаби ниёз аст имшаб,

Дар байнаки мо сад гуна роз аст имшаб.

Парвин ту бирав ба ҷои худ сокин бош,

К-ин қиссаи ошиқон дароз аст имшаб.

Зулфия дигар ятиму бекас набуд. Холаву фарзандони вай, бародару ҳамдиёрони аз чанги балои Ҳоит раҳида ӯро як лаҳза танҳо намегузош­танд. Дунё ба коми вай буд…

Чанд муддат ҳамроҳи хешу табор монд. Забони модариро омӯхт. Суннатҳои миллиро азбар кард. Бо як ҷавони ғармӣ шинос шуд. Қалами қисмат рақам зада будааст, ки хонадор ва соҳиби се писар шуданд. Бахт ба рӯяш хандид, аммо ёди он фоҷиаи мудҳиш ҳамранги захми носур ҳанӯз ӯро заҷр медиҳад. Шаб­ҳо хоб медид, хобҳои даҳшатзо…  Замин беист меларзид ва садоҳои даҳшатзо торафт зиёдтару воҳиманоктар мешуданд. Бо тарсу ҳарос чашм кушод ва дид, ки аждаҳои дамон, ҳамоне ки бибиаш дар афсонаҳои хеш борҳо қисса мекард, ҷониби вай хез мегирифт. Аз даҳону биниаш оташ фаввора мезад. Падару модар,  ҳақу ҳамсояро медид, ки яке паси дигар ба коми аждаҳо фурӯ мерафтанд… Фарёди ҷонсӯзе мезаду аз хоб бедор мешуд. Саропояш дар арақ тар мешуд.

Агар соле якбор ба зиёрати падару модар ва хокдони бобоӣ намеомад, дилаш ором намегирифт.

Пардаи тирафоми шаб болои Ҳоит паҳн мешуд. Шамоли серуни лаби дарё нарм-нарм мевазид. Пайкари пиразан шояд аз сардии ҳавои соҳили Оби кабуд ё аз хотираҳои пур аз дарду алам ларзид ва ӯ аз он чоҳи жарфи лабрези дарду ғами ёдҳо хешро бо сад азоб берун кашид. Ба гирду атроф назар афканд ва бо такя ба дастони ларзонаш аз ҷо баланд шуду тарафи Ҳоит қадам бардошт.

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»