Иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе

Сатҳу сифати хизматрасонӣ ба талабот бояд мутобиқ бошад

№116 (3910) 25.09.2018

102606795624 сентябр таҳти раёсати раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ­Рустами Эмомалӣ иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати панҷум доир гардид.

Дар он 3 масъала — ҳисоботи муовинони раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои он ҷиҳати омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019, вазъи рушди сайёҳӣ дар пойтахт ва тасдиқи қарорҳои раиси шаҳри Душанбе баррасӣ гардид.

Баъди шунидани ҳисоботи муовини раиси шаҳри Душанбе Фарух Ҷумазода доир ба омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ зикр кард, ки имсол сард омадани зимистон пешгӯйӣ гардидааст. Аз ин рӯ, ба сохторҳои марбутаи пойтахт супориши қатъӣ дода шуд, ки барои бе мушкилӣ паси сар намудани он ҳамаҷониба омодагӣ гиранд. Ҳамчунин, масъулини сохторҳои марбута ҷиҳати пешгирии болоравии нархи молу маҳсулоти ниёзи аввалия, захираи кофии он барои зимистон ва таъмин намудани бозори истеъмолии сокинон дар мавсими сармо муваззаф гардиданд.

Раиси шаҳри Душанбе ­Рустами ­Эмомалӣ ҷиҳати татбиқи саривақтӣ ва босифати барномаву нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар самти рушди сайёҳӣ низ ба масъулин супоришҳои қатъӣ дод. Дастур дода шуд, ки баҳри рушди хизматрасонии инфрасохтори сайёҳии пойтахт, аз ҷумла, барои таҳияи харитаи сайёҳӣ, пешниҳоди рӯйхати мавзеъҳои саёҳатбоб ва ташкили курсҳо ҷиҳати омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, сифатнок ба роҳ мондани хизматрасонӣ, муоширати хуб бо меҳмонону сайёҳон дар фурудгоҳ, меҳмонхонаву тарабхонаҳо, бозору марказҳои савдо, нақлиёти ҷамъиятӣ, марказҳои фарҳангиву фароғатӣ ва таҳияи лоиҳаи мукаммалсозии инфрасохтори хизматрасонии сайёҳӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд. Инчунин, таъкид гардид, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат дар пойтахт Шӯро оид ба рушди сайёҳӣ таъсис дода, аз натиҷааш то 1 ноябри соли равон гузориш пешниҳод карда шавад.

Рустами Эмомалӣ аз роҳбарон ва масъулини сохторҳо талаб кард, ки барои татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати пешрафт, ободонӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ ба қишрҳои ҷомеа, тозаву озода нигоҳ доштани шаҳр, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар миёни аҳолӣ оид ба таъмини фарҳанги шаҳрнишинӣ ва мутобиқ гардонидани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба талаботи муосири шаҳрдорӣ, бо дарназардошти чорабиниҳои муҳими сатҳи байналмилалӣ, ки имсол дар пойтахт баргузор мегарданд, тадбирҳои мушаххас андешанд.

Дар охир аз рӯи масъалаҳои баррасишуда қарорҳо қабул гардиданд.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»