Ба мо муроҷиат мекунанд

Се раис иваз шуд, вале мушкил осон нагардид

№92 (3729) 02.08.2017

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2007 дар яке аз ҷаласаҳои Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши ҷавонону наврасон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар мағозаҳои фурӯши китоб таъсис дода шаванд. Мани омӯзгор аз ин иқдоми нек беҳад шод шудам ва тасмим гирифтам, ки дар зодгоҳам, маҳаллаи Лағмони деҳоти «Кӯлоб»-и шаҳри Кӯлоб мағозаи китоб таъсис диҳам. Дар ин ҷо зиёда аз 6000 нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунанд. Дар мактаби деҳа 1020 хонанда таҳсил дорад. Ҳамчунин, мактаб-парваришгоҳ мавҷуд аст. Вале боиси таассуф аст, ки ягон нуқтаи фурӯши китоб ба чашм намерасад. Ман, ки солҳои Ҳокимияти Шӯравӣ дар Ҷамъияти дӯстдорони китоб фаъолият мекардам, ин кор бароям мушкил набуд.

16 сентябри соли 2008 ба номи раиси ҳамонвақтаи шаҳри Кӯлоб Ҳамид Абдуллоев ариза пешниҳод намудам. 18 сентябри соли 2008 таҳти № 2251 аризаамро ба қайд гирифтанду ба шуъбаи меъморӣ, аз он ҷо ба Кумитаи заминсозӣ ирсол намуданд. 29 октябри соли 2008 дар Кумитаи заминсозӣ ба ман гуфтанд, ки аз ҷамоат пешниҳод биёрам. Аризаамро бо пешниҳоди Кумитаи заминсозӣ (Т. Саидов) ба ҷамоати деҳоти «Кӯлоб» фиристоданд. Ҳамин тавр, ман идора ба  идора то ҳол давутоз дорам. Аз соли 2008 се раиси шаҳр, 3 раиси Кумитаи заминсозӣ, 4 раиси ҷамоат ва 4 сармеъмор иваз шуд, вале мушкили ман боқӣ монд.

Ҳамин тавр, масъулини дахлдор  на танҳо ҳуқуқу озодиҳои маро ҳамчун инсон поймол карданд, балки бар хилофи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти соҳибкорӣ» амал намуданд.

Акнун намедонам, ки зарари рӯҳӣ ва  молиявии ба ман расидаро кӣ ҷуброн мекунад? Зеро агар соли 2008 арзиши 100 доллар ба 400 сомонӣ баробар бошад, ҳоло ба 900-1000 сомонӣ расидааст. Ба изофа, арзиши масолеҳи сохтмонӣ низ дар ин муддат дучанд афзудааст.

Мехоҳам донам, ки боз чанд соли дигар ман бояд саргардон шавам?

 Ҷаббор РАҶАБОВ,

сокини шаҳри Кӯлоб, маҳаллаи Лағмон