Луқма

«Шаҳраки шифобахш» дуруст ё «Шаҳраки шифокорон»?

№145 (3782) 07.12.2017

Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (11 январи соли 1996) Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  мулоҳизаҳояшонро баён карда. дастур доданд, ки «Татбиқи қонуни забонро ана аз ҳамин толор оғоз кардан лозим аст». Аз баёни ин мулоҳиза 21 сол гузашт ва он бояд масъулонро водор месохт то ба масъала ҷиддӣ муносибат намоянд.

Манзур аз баёни боло «Шаҳраки Шифобахш» номгузорӣ кардани Муассисаи давлатии Маркази миллӣ тиббӣ — калонтарин шифохонаи ҷумҳуриявӣ аст. Аслан ин ибора ҳеҷ умумияти маъноӣ надорад ва ба меъёрҳои забони тоҷикӣ ҷавобгӯ нест. «Шифобахшӣ» рисолати шахс аст, он дар иборасозӣ ба исми шахс муайянкунанда шуда метавонад. Шаҳрак бошад, қобилияти шифобахшӣ надорад.

«Шаҳраки шифокорон» ибораи суфта буда, ҷузъи «шифо» дар корбаст хеле хушсадо мебошад. Истифодаи мафҳуми «шифо» дар таркиби «шифохона» ҳатто аз беморхона ва бемористон бамавридтар аст. Тобиши маъноие, ки «шифохона» дорад, беморхона ва бемористон надоранд.

Агар «Шаҳраки шифокорон» гӯем, мафҳум маънии манзурбударо медиҳад. Бо ин қолаб дар забон иборасозӣ маъмул аст: «Шаҳраки бинокорон» ё «Шаҳраки ҳарбиён».

Боиси нигаронист, ки дар бораи забон пайваста сухани хушу гуворо мегӯем, вале баъзан амали масъулон хилофи он аст.

 

Абдухолиқ Мирзозода,

«Садои мардум»