Шаҳраки Ширин кай мавриди омӯзиш қарор мегирад?

№37 (3987) 04.04.2019

20190315_093213Аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани солҳои 2019 — 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо он мусоидат мекунад, ки деҳаҳои кишвар рӯз то рӯз зебо гарданд. Мавзеъҳои таърихӣ обод ва таваҷҷуҳи сайёҳони дохиливу хориҷӣ зиёд шавад.

Мардум аксар дар деҳот зиндагӣ дошта, шуғли онҳо деҳқонӣ, боғдорӣ ва парвариши чорво мебошад. Дар ноҳияи Спитамен мардуми соҳибҳунар хеле зиёд буда, дуредгарӣ, бофандагӣ, хиштрезӣ, гилембофӣ, ҳайкалтарошӣ, куҳнадузӣ, тоқибофӣ, танӯрсозӣ, оҳангарӣ, кордсозӣ ва ғайра шуғли дӯстдоштаи онҳо мебошанд.

Мавзеъҳои қадимаи таърихӣ, аз қабили ёдгории Ширин дар деҳоти «Куруш», Оқтеппа дар деҳоти «Истиқлол», Қуштегирмон дар деҳоти «Сарбанд» ва ёдгории таърихии «Лангар — Ато» дар деҳоти «Тағояк» макони таваҷҷуҳбарангез ба шумор мераванд.

Шаҳраки қадимаи Ширин  яке аз калонтарин  ёдгориҳои таърихӣ ба шумор рафта, дар деҳаи Куркат воқеъ аст. Аз бозёфтҳои археологӣ, навиштаҳои олимони соҳа ва дигар манбаъҳои таърихӣ бармеояд, ки он дар асрҳои  VI-V пеш аз милод бунёд шудааст. Масоҳати он зиёда аз 4 гектарро ташкил дода, дар шаҳрак хонаҳои истиқоматии якошёна ва дуошёна мавҷуд будаанд. Дар дохили шаҳраки таърихӣ дахмаҳои зиёд ёфт шуда, аз ҷониби археологҳо ва мутахассисони соҳа мавриди омӯзиш қарор дода шуд. Онҳо дар нишебии кӯҳ кофта шуда, аз хоначаҳои гунбазшакл иборат буда, 7,5 метр ҷуқурӣ 3 метр паҳноӣ ва 2,5 метр баландӣ доштаанд.

Бозёфтҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки занҳо бо ороиши занона ва мардон бо яроқу аслиҳа дафн мешудаанд. Шахсони сарватманд бошанд, бо камарбанди қиматбаҳо, ханҷар, корд ва дигар олотҳои аз оҳан сохташуда дар хуми калон дафн мегардидаанд.

Дар маҷмӯъ, шаҳраки Ширин ёдгории куҳан буда, умед дорем, ки солҳои наздик олимони соҳа онро мавриди омӯзиши пурра қарор хоҳанд дод.

Фирӯз АТОЗОДА, сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии «Паёми Спитамен»