Шаҳри Душанбе васеъ мегардад

№151 (3945) 20.12.2018

Рустам18 декабри соли равон таҳти раёсати раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати панҷум доир гардид.

Дар он чор масъала — «Ҳисоботи раиси шаҳри Душанбе «Оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2018», «Лоиҳаи буҷети шаҳри Душанбе барои соли 2019», «Тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2017», «Дар бораи тағйир додани сарҳади шаҳри Душанбе ва тасдиқи қарорҳои раиси шаҳри Душанбе» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар робита ба масъалаҳои баррасишуда масъулинро вазифадор кард, ки ба рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр, таъмини иҷрои пурра ва бечунучарои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2019, дарёфти сарчашмаҳои нав ва зиёд намудани даромади буҷет, назорати истифодаи самарабахш ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, ҷамъоварии андозҳо, таъмини пурраи андозбандӣ ва ғайра диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Дар иҷлосия, инчунин пешниҳоди Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тағйир додани сарҳади шаҳри Душанбе, ки бо Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ ва мақомоту сохторҳои дахлдор мувофиқа шудааст, радду бадал гардид. Аз ҷумла, зикр шуд, ки аз ҳисоби заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ дар майдони умумии 7,6 ҳазор гектар қитъаи замин ба ҳудуди маъмурии шаҳри Душанбе ворид карда мешавад.

Дар хотима, Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз рӯи масъалаҳои баррасишуда қарор қабул намуд.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»