Шаҳринав. Аттестатсия се роҳбарро аз мансаб дур кард

№114 (4064) 24.09.2019

ШахринавАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10-уми майи соли 2019 зимни вохӯрӣ бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук ва бонкдории кишвар, ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки комиссияи босалоҳият таъсис дода, аз моҳи июни соли 2019 мансабдорону кормандони мақомоти молия, андоз ва гумрукро аз аттестатсия гузаронад.

Аъзои комиссия, дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, миёни кормандони раёсати молия, нозироти андоз ва филиали №18-и БДА «Амонатбонк» дар ноҳияи Шаҳринав санҷиши тахассусӣ гузаронд.  Дар натиҷа, сардорони ташкилоти зикршуда, бинобар ба талабот ҷавобгӯ набудан, аз мансаби роҳбарӣ барканор ва ба ҷойи онҳо кадрҳои ҷавони бомаҳорату ҳирфаӣ таъин гардиданд. Акнун аз даҳ нафар корманди раёсати молияи ноҳия танҳо се нафар иҷрои вазифаи худро идома медиҳанд.

Баъди гузарондани аттестатсияи давлатӣ аз 26 корманди филиали №18-и «Амонатбонк» 11 нафар корро аз даст доданд. Аз ҷумла, мудири филиал Абдумалик Саидалиев ва муовинаш А. Зиёев аз вазифа барканор гардиданд.

- Кормандоне, ки ихтисосашон ба соҳаи бонкдорӣ мувофиқ набуд ё донишу малакаи хуби хизматӣ надоштанд, имкони аз аттестатсия гузаштанро пайдо накарданд. Алҳол, феҳристи вазифаҳои холиро ба Раёсати БДА «Амонатбонк»-и ҷумҳурӣ пешниҳод кардем ва рӯзҳои наздик озмун эълон мешавад. Тибқи дастури Пешвои миллат, ҳайати кадрии бонк бояд аз занони соҳибтахассус пурра карда шавад, — зикр кард мудири тозатаъини филиал Қурбонзода Зоирҷон Шокир.

Ёқуби СОДИҚ, «Садои мардум»