Шаҳринав. Бетаваҷҷуҳӣ ба корхонаҳои азими саноатӣ

№121 (4071) 10.10.2019

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 — уми декабри соли 2018 зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми стратегии миллӣ эълон карданд. Сарвари давлат, ҳамчунин, таъкид карданд, ки роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бояд фаъолияти худро доир ба ҷалби сармояи мустақим, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ба кор андохтани корхонаи аз фаъолият бозмонда ва ташкили ҷойҳои нави корӣ вусъат бахшанд ва ҳар нимсола ба Ҳукумати мамлакат ҳисобот пешниҳод намоянд.

20190921_122006Аз ироаи Паём нуҳ моҳ сипарӣ гардида бошад ҳам, мутаассифона, масъулони ноҳияи Шаҳринав дар самти ба кор даровардани корхонаҳои азими саноатии истеҳсолии суқуткарда иқдом накарданд. Ин дар ҳолест, ки тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» (солҳои 2019-2020), тафтишоти фаъолияти субъектҳои истеҳсолӣ манъ гардидааст. Яъне, Ҳукумати мамлакат барои ин қишр фурсати муносиб додааст, ки тавлиди маҳсулоти дохилиро зиёд намоянд. Пас, мушкили асосии аз фаъолият дур мондани корхонаҳои калони ноҳия дар чист?

Яке аз корхонаҳои азими саноатӣ дар Шаҳринав Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Капитал» мебошад. Корхона аз мамлакатҳои хориҷ нефт ворид карда, аз он се намуди сӯзишворӣ — бензин, солярка ва мазут истеҳсол мекард. 120-130 нафар коргар дошт, ки маоши хуб ҳам мегирифтанд. Таассуфовар аст, ки алҳол коргоҳ комилан аз истеҳсол бозмонда, ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтааст.

- Қаблан корхона фаъолияти босамар дошт. Маоши корманди қаториаш аз 1000 сомонӣ кам набуд. Ман, ки дар он ҳамчун боғбон ва посбон кор мекардам, маоши баланд мегирифтам. Акнун панҷ сол мешавад, он умуман кор намекунад. Акнун ба ҷуз посбонон каси дигар дар ин ҷо кор намекунад. Агар корхона фаъол мешуд, чандин нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ мегардиданд, — мегӯяд акои Шоҳмурод, собиқ корманди «Капитал».

Бино ба иттилои масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, корхона ба сармоя эҳтиёҷ дорад. Маҳз набудани маблағ онро аз пой афтондааст. Феълан соҳибкор имкони ворид намудани ашёи хомро надорад. Барои аз давлатҳои хориҷ харидорӣ ва ворид намудани маҳсулоти нефтӣ маблағи калон лозим аст.

20190921_121743- Роҳбарияти «Капитал» бо ҳадафи ба кор даровардани корхона борҳо ба ниҳодҳои марбутаи болоӣ муроҷиат карда буданд, зеро пул надоранд, ки корхонаро фаъол кунанд. Гузашта аз ин, нархи ашёи хоме, ки ба Тоҷикистон ворид мекунанд, гарон меафтад, — тазаккур дод Ҷамолиддин Ғиёсов, мудири бахши иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия. – Табиист, ки агар корхона фаъол бошад, дар баланд гардидани сатҳи иқтисодии ноҳия саҳми муассир мегузорад. Зиёда аз сад нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ мегардад ва ба буҷет андоз ворид мешавад.

Қаблан орди истеҳсоли Шаҳринав, дар бозори истеъмолии ҷумҳурӣ ҷойи махсус дошту харидору талабгори бешумор. Алҳол ин навъи орд ба гумномӣ рафтааст ва дар ягон бозор ба чашм намерасад. Чаро?

Ба гуфти Ҷ. Ғиёсов, ҶДММ «Орди Шаҳринав», ки баъд аз чанд соли хомӯшӣ эҳё гардид, аз аввали соли ҷорӣ 185 тоннаю 600 кило орд ва 79 тоннаю 600 кило сабӯс истеҳсол кардааст. Маблағи умумии маҳсулоти истеҳсолкардааш 626 ҳазору 600 сомониро ташкил медодааст. Гӯё корхона фаъол будааст. Аммо, вақти шинос шудан ба фаъолияти он ғайр аз як нигаҳбон дигар ҳеҷ масъулеро пайдо карда натавонистем. На садои осиё ба гӯш расиду на гирудори харидорон ба чашм. Сармуҳосибаш Нигина Ҳалимова дар суҳбати телефонӣ зикр кард, ки қариб панҷ сол корхона фаъолият надошт. Моҳи январи соли ҷорӣ фаъолиятро роҳандозӣ кардем, вале як моҳ кор кард. Алъон фаъолиятро муваққатан қатъ ва кормандонро рухсатии бемузд фиристодем. То ин замон гандумро аз Ҷумҳурии Қазоқистон тавассути қатора меовардем. Нархи роҳкиро ҳам гарон шуд. Наметавонем он ҳама харҷро аз рӯи фоидаи бадастомада пӯшонем. Мумкин моҳҳои октябр ва ноябр аз Қазоқистон гандум оварда, корро шурӯъ кунем. Аммо ин, танҳо тахмин ва амалӣ шуданаш дар гумон аст».

ҶДММ «Орди Шаҳринав» пештар 25-30 нафар корманд дошт. Дар фаровонии орд низ таъсири мусбат мегузошт. Нархаш, маҳсулоташ нисбат ба орди аз Қазоқистон воридшуда арзонтар буд. Ҳоло бошад, аз санг садо ҳасту аз орди Шаҳринав не.

Корхонаи ҶДММ «Шараф», ки ба истеҳсоли маҳсулоти консерва машғул аст, бо ду пой мелангида бошад ҳам, гӯё фаъолият дорад. Тибқи маълумоти аз ҷониби масъулон пешниҳодшуда, корхона соли 2018 ба маблағи 23 ҳазору 600 сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардааст. Дар ҳашт моҳи соли 2019 бошад, нишондоди ҳаҷми истеҳсолоташ ба сифр баробар гаштааст. Ҷ. Ғиёсов афзуд, ки «ҶДММ «Шараф», ки хусусӣ мебошад, дар давоми сол умуман фаъолият накардааст, яъне муфлис гаштааст. Роҳбараш иваз шудааст. Шояд маҳсулот захира карда, ба кор пардозад. Вале, Комил Абдуғаниев, раиси ҷамоати шаҳраки ба номи Мирзо Турсунзодаи ноҳия, ки ҶДММ «Шараф» дар ин деҳот мустақар аст, зимни суҳбат зикр кард, ки корхона айни замон фаъол буда, барориши 12 намуди маҳсулоти консерваро ба роҳ мондааст. Пас, ба нишондоду маълумоти кӣ бояд эътимод басту такя кард? Ба ҳисоботи мақомоти иҷроия, иттилои мудири шуъбаи иқтисод ё «таъриф»-у «тавсиф»-и шифоҳии чеҳраи расмӣ – раиси ҷамоат?

Берангию таъмирталаб будани биноҳои коргоҳи «Шараф» фаъолияти номукаммалу коста доштанашро бозгӯйи мекунад. Иншооти ёрирасонаш ҳам вайронаю хароб гашта истодаанд. Шояд баъди фурӯши «12 намуд маҳсулот» — и гуфтаи ҷаноби Абдуғаниев корхона обод шавад?!

Ноҳияи Шаҳринав субвенсионӣ мебошад. Нақшаи буҷети солонааш 49, 4 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки 20, 7 миллион сомониаш аз ҳисоби субвенсияи ҷумҳурӣ ва боқӣ аз ҳисоби андозҳои ноҳиявӣ иҷро мегардад. Тасаввур кунед, 42 фоизи маблағи буҷети ноҳияро ҷумҳурӣ пардохт мекунад. Мутобиқи ҳисоботи расмӣ, ноҳия дорои 16 корхонаи истеҳсолии саноатии хурду бузург аст. Бо доштани ин ҳама коргоҳу корхонаи саноатӣ ҷойи таассуфу тааҷҷуб аст, ки аз уҳдаи мустақилона пур кардани хазинааш набарояд. Чунин саҳлангорию бетаваҷҷуҳӣ нисбат ба корхонаҳои саноатӣ ноҳияро то ба куҷо мерасонда бошад?

Чандин корхонаи дигаре низ мавҷуданд, ки ба футур рафтаанд. Бинобар ин, мавзӯъро пайгирӣ намуда, сари он боз хоҳем баргашт.

Ёқуби СОДИҚ, «Садои мардум»