Солҳои 2019-2021 - «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Шаҳристон. Рушди ҳунарҳои мардумӣ

№46 (3996) 25.04.2019

Алиҷон Мансуров сокини ноҳияи Шаҳристон ба сохтани армуғон машғул мебошад. Ба қавли модараш Гулчеҳра Рабиева, ӯ аз хурдсолӣ ба сохтани ҳар гуна бозича аз чӯбу пластмасса шавқу завқи хоса дошт. Чун калон шуд, ба сохтани асбобу ашёи рӯзгор, ба монанди кафлес, чумчаҳои чӯбӣ ва бофтани сабад машғул гардид. Ҳоло, ҳар гуна армуғонро аз санг меофарад. Дар ин кор ба ӯ ҳамсараш Мафтуна Қурбонова кумак мерасонад.

- Оё маҳсули дастонатон харидор дорад? — пурсидем аз Алиҷон.

- Дар бозори марказии ноҳия барои мо ҷой ҷудо карданд, аммо харидори маҳсулот дар бозори Истаравшан бештар аст. Дар рӯзҳои ид барои шаҳрҳои Хуҷанду Истаравшан маҳсули дастонамонро барои фурӯш мебарем. Ният дорем, ки дар масири шоҳроҳи «Душанбе — Хуҷанд — Чаноқ» дӯкон кушода, фаъолиятро пурсамартар гардонем, — гуфт ӯ дар ҷавоб.

Муҳаб­бат Ҳакимова омӯзгор аст, вале баъди ба нафақа баромадан ба бофтани ҷӯробу қуроқдӯзӣ машғул гардид.

- Раҳматии модарам ба мо ин ҳунарро омӯхта буданд. Таъкид мекарданд, ки ҳар қадар ҳунар ёд гирем, ҳамон андоза рӯзгорамон обод мешавад, — мегӯяд М. Ҳакимова.

Зафарҷон Кенҷаеви армуғонсоз бошад, қаблан пешаи табибӣ дошт. Дар дӯкони кориаш армуғонҳои аз коғаз сохта — қаламдону сабад, кӯзаву гулдон ва ҳар гуна бозичаҳоро мушоҳида кардан мумкин аст. Маҳсули дастони ин ҳунарманд низ дар яке аз дӯконҳои бозори марказии ноҳия ба фурӯш гузошта шудааст.

- Нодирабегим Убайдуллоева дӯзандаи касбист. Ӯ дастпарвари Техникуми ҳунарҳои мардумии шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон аст. Дар баробари дӯзандагӣ машшотагӣ низ мекунад, — гуфт сармутахассиси деҳоти «Бунҷикат» Шоира Киякова.

- Дар дӯкони дӯзандагии Нодирабегим даҳ духтари маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардидаанд, — афзуд ӯ.

- Вазифаи мо мусоидат ба рушди савдо аст, — мегӯяд раиси Ҷамъияти матлуботи ноҳия Зафарҷон Ҳотамов. Ба ин хотир растаи махсуси фурӯши маҳсулоти ҳунармандиро ташкил кардем.

Қуроқдӯз Ойимнисо Суярова бошад, аз хизматрасонӣ ва мусоидати маъмурияти бозор изҳори қаноатмандӣ кард. — Мо, ки ҳанӯз навкор ҳастем, барои ҷой маблағ талаб намекунанд, — гуфт ӯ.

Дар маҷмӯъ, зимни иншои матлаб бовар ҳосил кардем, ки дар робита ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019 — 2021 дар ноҳия амалӣ намудани ибтикори зиёд ба нақша гирифта шудааст ва масъулин дар ин самт азми қавӣ доранд.

Мирзоаъзам МАҚСУДОВ, «Садои мардум»