Шаҳритуз. Чаро масъулони беморхонаи марказӣ 35 маротиба ҷарима шуданд?

№67 (4017) 13.06.2019

IMG_20190517_1Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки: «Дар давоми се соли оянда дар кишвар беш аз 560 беморхонаву марказҳои саломатӣ ва дигар иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд карда мешаванд».

Мутаассифона, дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳо биноҳои мавҷуда ҳолати ногувор доранд. Аз ҷумла, як қисми бинои асосии беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳритуз ба партовгоҳ табдил ёфтааст.

Муовини сартабиби беморхона Орзу Содиқов зимни суҳбат иброз намуд, ки шифохона соли 1968 таъсис ёфта, аз сабаби зиёд шудани аҳолӣ он чун бинои иловагӣ соли 1987 бунёд гардид. Мутаассифона, соли 1997 ин қисмати бино баъди як заминларза садамавӣ эътироф шуду аз истифода берун монд.

Ӯ, ҳамчунин, илова кард, ки тайи панҷ соли охир борҳо ба Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуб навишта, онҳоро аз вазъи бино огаҳ карданд. Мутаассифона, то ҳол муроҷиатҳо натиҷа надодаанд. Соли 2015, ҳангоми сафари кории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Шаҳритуз сардухтури ноҳия зимни мулоқот мушкилоти мавҷудаи беморхонаро ба Президенти мамлакат расонд. Баъд аз он роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дастур гирифт, ки биноро таъмир намояд. Мутаассифона, мушкилоти мавҷуда то ба ҳол ҳалли худро наёфтааст.

Сабаби ба ин ҳолати бад гирифтор шудани дохили биноро муовини сартибиби беморхона Орзу Содиқов ба он рабт медиҳад, ки гирду атрофи беморхона маҳкам нест. Ҳамчунин, дар беморхона як воҳиди кории посбон фаъолият мекунад, ки басанда нест.

Бино ба гуфти иҷрокунандаи директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия Чорӣ Ҳимматов, масъулини беморхона барои риоя накардани муқаррароти санитарию эпидемиологӣ 35 маротиба ҷарима шудаанд.

- Масъулини беморхона бояд дарҳои даромади бинои садамавиро маҳкам намоянд, то ки кӯдакони гирду атроф ба он дохил нашаванд. Боиси нигаронист, ки аз сабаби беназорат мондан як идда атрофи биноро ба ҳоҷатхона мубаддал кардаанд, — гуфт ҳамсуҳбатам.

Муовини раиси ноҳияи Шаҳритуз Меҳринисо Раҷабзода зимни суҳбат зикр кард, ки аз ҳолати бино воқиф аст.

- Таъмири асосии бино маблағи зиёдро талаб мекунад ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия имконияти онро надорад. Соҳибкорон низ таъмири онро бар зимма намегиранд. Кӯшиш намуда истодаем, ки то ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин мушкилиро ҳаллу фасл намоем, — гуфт ӯ.

Ба андешаи инҷониб, агар дар муҳлати сипаришуда соле як ҳуҷраи биноро таъмир мекарданд, он пурра аз таъмир бароварда мешуд. Бигзор се соли дигар кӯшиш кунанд, шояд натиҷа бахшад?

Сулаймон СУЛТОНОВ,  «Садои мардум»