Шаҳритуз. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

№116-117 (3596-3597) 09.09.2016

95C8D17E-BD5B-4231-B062-0AFF5632D56B_cx0_cy25_cw0_mw1024_mh1024_sМусоҳиба бо раиси ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон Исмоилзода Абдулалим Абдулазиз

- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (20 январи соли 2016) таъкид доштанд, ки яке аз бахшҳои пешбарандаи иқтисодиёти кишвар ва бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ соҳаи кишоварзӣ маҳсуб меёбад. Чун кишоварзӣ яке аз соҳаҳои асосии ноҳия мебошад, бигӯед, ки дар ин бахш чӣ гуна пешравиҳо ба назар мерасанд?

- Дар Шаҳритуз ҳамчун ноҳияи аграрӣ, кишоварзӣ яке аз соҳаҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Аз ин хотир, баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати аграрии давлат аз тамоми имконият истифода бурда, корҳои назаррас ба сомон расонида мешаванд.

Кишоварзони ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2016 барои амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ ва рушди дурнамои кишти зироатҳои кишоварзӣ дар майдонҳои 1725 гектар ғалладонагиҳо ва дигар намуди зироат кишт намуданд.

Маъракаи ҷамъоварии ҳосил нишон дод, ки аз 1408 гектар 7168,6 тонна ғалла ҷамъоварӣ шудааст, ки аз ҳар як гектар 50,8 сентнериро ташкил медиҳад. Аз дигар намудҳои зироат низ ҳосили дилхоҳ рӯёнида шудааст.

Меҳнаткашони ноҳия имсол дар майдони 5175 гектар пахта кишт намуда, барои ба даст овардани ҳосили фаровон аз қоидаҳои агротехникӣ самаранок истифода бурданд ва кишоварзон ният доранд, ки беш аз 11 ҳазор тонна пахта истеҳсол намоянд. Онҳо баҳри самаранок истифода бурдани замин ва гирифтани на камтар аз ду ҳосил дар як сол тамоми шароиту имкониятро истифода бурда, кишти такрории зироатҳоро идома дода истодаанд. То ҳол дар майдони 4899 гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст, ки 2619 гектараш ба бахши аҳолӣ ва 2596 гектараш ба бахши ҷамоавӣ тааллуқ дорад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ ба ҳамаи шакли хоҷагидорӣ ба 156622200 сомонӣ расидааст, ки 104,3 фоизро ташкил медиҳад.

Ривоҷи минбаъдаи бахши кишоварзӣ, бун­ёди боғҳои нав имкон медиҳанд, ки мардуми деҳот бо ҷойи кор таъмин бошанд. Аз ҳисоби бонкҳои хусусию ғайридавлатии дар ноҳия фаъолиятдошта ба 3974 нафар мизоҷ ба маблағи 2792575 сомонӣ қарзҳои кӯтоҳмуддат дода шудааст, ки барои ривоҷ додани рушди соҳибкорӣ ва хоҷагидорӣ равона карда шудаанд. Ба нақша гирифтем, ки соли ҷорӣ боз 20 коргоҳу корхонаи саноатӣ сохта, ба истифода диҳем. Бо ин роҳ барои 180 нафар ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад.

- Ғанӣ гардонидани буҷети маҳаллӣ имкон медиҳад, ки шароити маишӣ ва фаъолияти кормандони соҳаҳои гуногун беҳтар гардад. Рафти иҷрои нақшаи андоз дар ноҳияро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

- Ин масъала дар маркази диққати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад, зеро он ба рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ вобаста мебошад.

Нақшаи даромади буҷет дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ 100,5 фоиз иҷро гардид. Ба ҷойи 10 598 483 сомонӣ 10 646 826 сомонӣ ворид гардид, ин нисбат ба нақшаи пешбинишуда 48 343 сомонӣ зиёд  мебошад. Нақшаи андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар ҳаҷми 103,4 фоиз иҷро, яъне ба ҷойи 4 062 129 сомонии дар нақша пешбинишуда 4 198 971 сомонӣ ворид шуд.

Ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ бо музди меҳнат сари вақт таъмин шудаанд ва қарздор нестанд.

Дар 6 моҳи соли ҷорӣ талаботи нафақагирони ноҳия, ки 9 679 756 сомониро ташкил менамояд, аз ҷониби Раёсати Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи вилояти Хатлон то ҷамъбасти нимсолаи соли равон пурра маблағгузорӣ шудааст. Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, оилаҳои хизматчиёни ҳарбие, ки ҳангоми адои хизмат фавтидаанд, оилаҳои эҳтиёҷманд ва камбизоат, шахсони барҷомонда, ятимони кулл, мактаб- интернати ноҳия ба маблағи 87 237 сомонӣ кумаки яквақта расонида, барои 51 нафар фарзандони оилаҳои камбизоат тӯйи хатнасур ва 12 ҷуфт аз оилаҳои эҳтиёҷманд тӯйи арӯсию домодӣ гузаронида шуд.

- Солҳои охир дар ноҳия иншооти зиёди истеҳсолӣ, таълимию тандурустӣ сохта шудаанд. Фароҳам овардани чунин шароити муносиб ба раванди таълиму тарбия, вазъи саломатии мардум таъсири мусбат мерасонад. Ҳоло ин бахшҳои муҳими иҷтимоӣ фаъолияти худро чӣ тавр ба роҳ мондаанд?

- Дастгирӣ ва рушди бахшҳои маориф, тандурустӣ дар Паёмҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид шудаанд. Солҳои охир дар ноҳия чанд иншооти таълимӣ, таъиноти бахши тандурустӣ ба истифода дода, бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шуданд.

Соли таҳсили 2015-2016 дар муассисаҳои таълимии ноҳия 25 549 нафар хонанда таҳсил намуданд, ки аз ин шумора 12 485 нафарашро духтарон ташкил медиҳанд. Ба таълиму тарбияи онҳо 14 447 нафар омӯзгорон ҷалб гардидаанд.

Соли равон аз шумораи 126 нафар хонандае, ки дар даври сеюми озмунҳои фаннӣ дар вилоят иштирок намуданд, 26 нафар хонандаи синфҳои 9, 10 соҳиби медалҳои тилло, нуқра, биринҷӣ ва ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Хонандаи синфи 11 МТМУ № 24 Юсуфҷон Бердиев дар озмуни ҷумҳуриявӣ аз фанни забони давлатӣ иштирок намуда, соҳиби ҷойи дуюм ва сазовори медали нуқра гардид.

Имсол аз шумораи умумии 1871 нафар хатмкардагони муассисаҳои таълимии ноҳия 1047 нафар тавассути низоми марказонидашудаи тестӣ ба донишгоҳҳои олӣ ва миёнаи махсус ҳуҷҷат супориданд, ки 503 нафарашонро духтарон ташкил менамоянд.

Бо мақсади беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар ноҳия беморхонаи марказӣ ва 3 беморхонаи рақамӣ, маркази саломатии ноҳиявӣ, 10 маркази саломатии деҳотӣ, 34 бунгоҳи саломатӣ, инчунин марказҳои махсусгардонидашуда фаъолият доранд.

Бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2008 таҳти № 600 «Дар бораи тартиби хизматрасонии тиббӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар системаи давлатии тандурустӣ» аз феврали соли 2013 дар шуъбаҳои ёрирасонии озмоишӣ, хунгузаронӣ, сабти барқии дил ва ҳуҷраи рентген корҳои амалӣ ба анҷом расонда шуд.

Боиси хушнудист, ки дар беҳтар намудани шароити хизматрасонии тиббӣ соҳибкорон низ саҳм мегиранд. Чунончӣ, соҳибкор аз деҳоти «Пахтаобод» Олим Қурбонов дармонгоҳ сохта, ба истифода дод, ки дорои дастгоҳҳои ҳозиразамони тиббӣ мебошад. Барои сохтмони нуқтаҳои хизматрасонӣ дар дигар деҳаҳои ноҳия низ соҳибкорон ният доранд, ки иштирок намоянд.

- Раванди бонизоми татбиқи барномаҳои давлатӣ, ки ба рушди самтҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат мусоидат мекунад, масъалаи саҳми занон дар идораи давлатӣ ва истифодаи неруи ақлию зеҳнии онҳоро низ дар бар мегирад. Занону духтарон дар рушди соҳаҳои гуногуни ноҳия чӣ гуна саҳм доранд?

- Асосҳои ҳуқуқии барномаҳои марбутаро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Кафолатҳои баробарҳуқуқии мардон ва занон ва имкониятҳои амалигардонии онҳо», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми декабри соли 1999 «Дар бораи баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа» ва дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати дастгирии ҷавондухтарони лаёқатманд, пешниҳод ва иштироки бевоситаи онҳо дар корҳои муҳими идораи давлатӣ ташкил додааст.

Дар ноҳияи Шаҳритуз айни замон 364 нафар зан дар вазифаҳои роҳбарикунанда, аз ҷумла, 1 нафар дар вазифаи муовини раиси ноҳия, 4 нафар мудирони бахшу шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, 1 нафар раиси ҷамоати деҳот, 4 нафар муовинони раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, 89 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунандаи соҳаи маориф, 18 нафар дар соҳаи тандурустӣ, 15 нафар дар соҳаи фарҳанг, 9 нафар роҳбарони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва 190 нафар дар вазифаҳои роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ кор мекунанд. Аз ҷумлаи занон 1 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят, 9 нафар вакили маҷлисҳои вакилони халқи ноҳия ва 24 нафар вакили ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мебошанд.

Айни замон дар рӯйхати захираҳои кадрии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия 15 нафар зан ба қайд гирифта шудааст.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолият қарор дода, 25 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовор истиқбол мегиранд.

 Самариддин АСОЕВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»