Шаҳрвандони тоҷик аз Покистон баргаштанд

№ 29.06.2020

Бисту нуҳуми июни соли равон аз шаҳри Исломобод тавассути ҳавопаймои ширкати ҳавонавардии Покистон (PIA) шаҳрвандони тоҷике, ки дар Ҷумҳурии Исломии Покистон қарор доштанд, баргаштанд. Шоми ҳамон рӯз тавассути ҳавопаймои мазкур 25 покистонии муқими Тоҷикистон низ озими Покистон шуданд.

ПокистонДар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мусофиронро муовини сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳид Алӣ Сиҳар ва мушовири Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Афзал пешвоз гирифтанд.

Ин дуюмин парвози махсус бо хатсайри Исломобод – Душанбе мебошад. Дар доираи Барномаи аз хориҷа баргардонидани шаҳрвандони Покистон то ин дам зиёда аз як миллион покистониҳои дар хориҷи кишвар қарордошта ба Ватан баргардонида шуданд.

С. НАҶМИДДИНЗОДА,

“Садои мардум”