Шабакаҳои барқи Истаравшан: корҳо хубанд, вале қарзҳо афзоиш меёбанд

№145 (3782) 07.12.2017

Кормандони ҶСК «Шабакаҳои барқи Истаравшан» имрӯзҳо сертарадуд буда, 7 шаҳру ноҳияи вилояти Суғдро бо қувваи барқ таъмин намуда истодаанд. Директори он Муҳиддин Ахмедов гуфт, ки дар тӯли 6 моҳи омодагӣ ба фасли сармо корҳои зиёд ба анҷом расиданд.

Чор трансформатор бо тавоноии 4000-16000 кВ аз таъмир бароварда шуд, ки ба кам кардани талафоти неруи барқ мусоидат намуд.

- Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи Муроҷиатномаи ШСХК «Барқи Тоҷик» корҳои ташвиқотиро ба роҳ монда, ба мардум талқин намуда истодаем, ки сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ва пардохти саривақтии ҳаққи барқи истифодашударо омӯзанд. Ин аз як тараф, баёнгари фарҳанги баланд ва масъулияти шаҳрвандии ҳар як сокини мамлакат бошад, аз ҷониби дигар, ба таъмини фаъолияти муназзами низоми энергетикии кишвар мусоидат менамояд. Дар натиҷа, дастовардҳои мо дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта назаррас аст, — мегӯяд Муҳиддин Ахмедов.

Бино ба гуфти ӯ, 69 миллиону 815,2 ҳазор сомонӣ маблағи барқи истифодашуда ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба 10 моҳи соли гузашта 7 миллиону 958,4 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта корхонаҳои саноатии минтақа низ неруи барқро зиёдтар истифода бурда, нисбат ба соли гузашта бештар маблағ пардохт намуданд.

Истифодаи қувваи барқ аз ҷониби ташкилотҳои буҷавии минтақа низ дар муқоиса ба соли гузашта афзоиш ёфта, пардохт зиёдтар шудааст.

- Ин натиҷаҳо ҳоло моро қаноатманд карда наметавонанд. Мушкили асосӣ қарзи калони корхонаю ташкилот ва хоҷагию муассисаҳои минтақа мебошад, ки аз солҳои пешин боқӣ монда, сол ба сол афзоиш ёфта истодааст, — меафзояд ҳамсуҳбатам.

Алҳол қарзи корхонаҳои коммуналии минтақа 242,6 ҳазор сомонӣ, корхонаҳои обу корез 2 миллиону 171,7 ҳазор, хоҷагиҳои кишоварзии минтақа 18 миллиону 250,8 ҳазор, корхонаҳои Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии минтақа (Истаравшан, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Зафаробод) 39 миллиону 789,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Танҳо корхонаҳои Идораи давлатии беҳдошти замини ноҳияи Зафаробод (ИДБЗО) 32 миллиону 169 ҳазор сомонӣ қарздор мебошанд.

Умуман, корхонаю муассиса ва хоҷагиҳо аз ҷСК «Шабакаҳои барқи Истаравшан» 68 миллиону 465,2 ҳазор сомонӣ қарздоранд, ки 58,1 дарсади онро қарзи корхонаҳои Идораи давлатии беҳдошти замин ташкил медиҳад.

Беш аз ҳама аҳолии шаҳру ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Спитамен, Истаравшан ва Зафаробод дар супоридани маблағи истифодаи неруи барқ фориғболанд.

- Бояд гуфт, ки хатҳои барқӣ ва зеристгоҳҳои 6-10/0,4кВ, ки солҳои 60-уми асри гузашта ­сохта шудаанд, ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нестанд. Барои он ки садамаҳо рух надиҳанд, кормандон шабонарӯзӣ кор карда истодаанд, — гуфт дар анҷоми суҳбат Муҳиддин Ахмедов.

 Ҳусейни НАЗРУЛЛО,

«Садои мардум»