Ба озмуни «Соли 2018-Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Шароити истироҳат дар Хоҷабоқирғон беҳбудиро тақозо дорад

№106 (3900) 30.08.2018

111Ин мавзеи таърихӣ ва зебоманзар 30 км дуртар аз маркази маъмурии вилояти Суғд — шаҳри Хуҷанд, дар деҳоти «Овчиқалъача» — и ноҳияи Б. Ғафуров ҷойгир аст. Дарозии сойи он, ки аз қуллаҳои барфпӯши қаторкӯҳи Туркис­тон ибтидо мегирад, то ба дарёи Сир 117 км мебошад. Оби наҳр аз саргаҳи деҳаи Овчиқалъача ба чуқурии қариб 20 метр рехта, ба қаъри замин меравад ва деҳаро ба ду қисм, яъне «Овчӣ» ва «Қалъача» тақсим менамояд. Инчунин, тавассути канали шаҳрӣ ба маркази вилоят рафта, ба воситаи канали «Қистақӯз» заминҳои деҳоти «Хистеварз»-и ноҳияро шодоб месозад.

Он ҷо аслан зиёратгоҳи яке аз ходимони дини мубини ислом Хоҷа Сулаймони Боқирғонӣ аст, ки мутобиқ ба ривоятҳои таърихӣ ӯро «Пири об» ҳам гуфтаанд. Қабри вай то ҳанӯз дар он ҷо маҳфуз аст. Пайдоиши мавзеъро муаррихон, аз ҷумла профессор Н. Турсунов, ба қарни XVII марбут медонад ва дар ин бора дар китоби «Развитие городских и сельских населений северного Таджикистана в XVII, начало XX вв.» маълумоти муфассал додааст.

Лозим ба ёдоварист, ки Асосгузори адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ низ соли 1936, вақте бо мақсади омӯзиши таърихи Хуҷанд ба шимоли Тоҷикистон сафар мекунанд, ба ин мавзеъ омада, бо мӯйсафедони маҳал роҷеъ ба таърихи пайдоиши он ва зиёратгоҳ  суҳбат кардаанд. Нависанда Тоҷӣ Усмон, ки дар ин сафар устод Айниро ҳамроҳӣ кардааст, дар хотирномаи худ «Як моҳ бо Садриддин Айнӣ» (маҷаллаи «Шарқи Сурх», №8 аз соли 1962) аз манзараи зебои ин мавзеъ кайфият бурдани адибро ба тариқи зайл тасвир кардааст: «Айнӣ аз тамошои ин ҷойҳо хеле завқманд шуд ва ба касе чизе нагуфта, рост ба болои он нимкати симин рафту аз он ҷо ба он ҳама латофату зебоиҳои табиат нигоҳ кард. Дар байни садои баланду ҳаросовари обшор замзамаи булбул ҳам ба гӯш мерасид. Аз амвоҷи кафколуди дарёча ба рӯи сабзаву гулҳои ёбоии соҳил қатраҳои нуқрагин пош хӯрда, ба ҳусни онҳо латофат мебахшиданд. Дар миёни ин манзараи пуршукӯҳ нишаста, нависанда сабук — сабук нафас мекашид ва илҳом мегирифт… Садриддин Айнӣ аз баландӣ боз якчанд дақиқа ба сӯи қишлоқи Шайхон ва мазори Хоҷабоқирғон нигоҳ кард ва баъд ба мо рӯ оварда гуфт:

- Хоҷа Боқирғонатон ҳам мисли дигар гузаштагони ҳаммаслакаш одами казоӣ набудааст. Ҷойи хушманзараи истроҳатгоҳро хуб ҷудо карда метавонистааст. Бинед, чӣ ҷойи аҷибе?»

Ин ҷо дар баробари зиёратгоҳ будан, боду ҳавои басо тоза дорад, ки ҳанӯз 300 сол муқаддам одамон истироҳат мекардаанд. Бино ба гуфти профессор Н. Турсунов, дар ин ҷо ҳар сол баъди анҷоми кишти пахта, вақте дӯлона гул мекунад (аз 8 то 21 май), «Сайри шайхон» барпо мешудааст. Ба ин сайр на танҳо мардуми деҳа, балки аз Хуҷанду Фарғона ва Қошғару Хоразм низ меҳмонон меомадаанд. Мардуми маҳаллӣ барои меҳмонон бошишгоҳҳои махсус месохтанд, ки гоҳо теъдоди онҳо то ба 1400 адад мерасид. Ҷойи махсус «Ӯрда», ки дар баландии сойи рӯди Хоҷабоқирғон рӯёрӯи қадамҷой воқеъ буд, барои ҳокими вилоят пешбинӣ мешуд. Шумораи иштирокчиёни «Сайри шайхон» то ба 10 ҳазор нафар мерасид.

Ин сайр анъанаҳои ба худ хос дошт. Масалан, аҳли сайр нахуст дар оби наҳри Хоҷабоқирғон оббозӣ мекарданд ва баъдан ба зиёрат омада, пас аз он чорвоеро қурбонӣ менамуданд, то сол пурфайзу пурбаракат бошад.

Аҳолии Хуҷанд оби сойи Хоҷабоқирғонро «нароб» меноманд. Зеро сарчашмаи он барфҳои «куҳансол» — и қаторкӯҳҳои Туркистон буда, заминро ҳосилхез мекунад. Оби наҳр аз оғоз то анҷом дар тӯли роҳи дарозу пуршебу фароз «задаву куфта», ба водӣ меояд, дар ин сайри дурудароз ҳазорҳо гиёҳи шифобахшро навозишкунон ва шираи шифобахши онҳоро ба худ гирифта, то ба коми мардум мерасонад. Н. Турсунов менависанд, ки «оби он дар сифат ва ширинӣ аз дигар рӯдхонаҳо ба куллӣ фарқ мекунад».

Дар заминаи тадқиқот олимон ба хулоса омадаанд, ки таркиби оби рӯдхона аз минералҳои зарурӣ, ки намии заминро нигоҳ медорад, бой аст ва бо истифода аз он метавон ҳосили фаровон рӯёнд.

Эътироф бояд кард, ки дар он ҷо барои истироҳату фароғат шароити зарурӣ фароҳам нест. Чойхонае, ки он ҳам бо кӯшишу эҳтимоми ободгари мавзеъ Ҳоҷиҳасан Улмасови зиндаёд бунёд ёфтааст, дар фасли гармо барои қабули меҳмонон кофӣ нест. Ҷой барои истироҳаткунандагон намерасад. Вақти он расидааст, ки масъулони деҳоти «Овчиқалъача» ва МИМҲД-и ноҳияи Б. Ғафуров паи боз ҳам ободу зебо ва ба макони ҳақиқии истироҳату сайёҳии мардум табдил додани мавзеъ чораҷӯйӣ намоянд. Моҳиятан дар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардум» амалӣ намудани ин иқдом зарур ва ҳатто ногузир аст.

Мирзоаъзам МАҚСУДОВ, «Садои мардум»