Ширкати сафир дар ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии ИДМ

№160-161 (3461-3462) 26.11.2015

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов дар шаҳри Москва, дар ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии ИДМ оид ба масъалаҳои комплекси агросаноатӣ иштирок ва суханронӣ кард. Бояд тазаккур дод, ки мавсуф ҳамзамон намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии назди Шӯрои иқтисодии ИДМ мебошад. Чорабинии мазкур дар бинои Донишгоҳи давлатии аграрии федератсияи Россия ба номи К. А. Тимирязов доир гардид. Бо истифода аз фурсати муносиб Имомуддин Сатторов ба роҳбарияти донишгоҳ барои омода кардани мутахассисони баландихтисос барои соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ кард.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ҳамзамон роҷеъ ба комёбиҳои соҳаи кишоварзии кишварамон дар зарфи нуҳ моҳи соли ҷорӣ, аҳамияти ҳамкориҳо бо давлатҳои аъзои ИДМ, махсусан Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон, барои  истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон андешаҳояшро баён намуд.

Дар ҷаласаи Шӯро вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Зокирзода раиси Шӯрои байниҳукуматии ИДМ оид ба масъалаҳои комплекси агросаноатӣ интихоб карда шуд. Ҳамчунин қарор қабул шуд, ки ҷаласаи навбатии Шӯро моҳи ноябри соли 2016 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шавад.

Ба ҳайати шӯрои мазкур, ки соли 1993 таъсис ёфта-аст, Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон,Ҷумҳурии Қирғизистон,Ҷумҳурии Молдова, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Украина шомил мебошанд.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»