Шуғнон дар заминаи таваҷҷуҳи Пешвои миллат рушд намуд, — мегӯяд раиси ноҳияи Шуғнон Азиз Гиёзода

№86 (3880) 12.07.2018

ГУЗОРИШ-1.00_15_21_09.Still1054Шуғнон калонтарин ноҳияи Вилояти Мухтори Кӯҳис­тони Бадахшон буда, бо вуҷуди ҳафт ҷамоати деҳот ва 62 деҳаи хурду бузургро дар бар гирифтан то соли 2010 маркази маъмурӣ ­надошт. Хушбахтона, он ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон соҳиби маркази маъмурӣ гардид.

Пешвои миллат соли 2009, зимни сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, ки он вақт дар бинои назарногиру садамавии солҳои 30-юми асри гузашта сохташуда, дар маҳаллаи Бархоруғи шаҳри Хоруғ, ҷойгир шуда буд, дидан намуда, ба вазорату кумитаҳои дахлдори ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояту ноҳия дастур доданд, ки барои сохтмони бинои нави маъмурии мақомот дар зодгоҳи Қаҳрамони халқи тоҷик Шириншо Шотемур — деҳоти «Поршинев» ҷойи мувофиқ ҷудо ва сохтмони он бо тарҳи меъмории муосир фавран шурӯъ шавад. Тобистони соли 2010 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари 38-уминашон ба Бадахшон санги асоси шаҳраки Ваҳдат- маркази маъмурии ноҳияи Шуғнонро гузоштанду соли 2012 мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва чанд сохтори дигари ноҳиявӣ ба маркази навбунёд кӯчиданд.

Бо гузашти шаш сол дар он ҷо 25 бинои маъмурӣ, чанд иншооти хизматрасонӣ эъмор гардида, бунёдкорӣ рӯз ба рӯз авҷ гирифт. Барои ин ва бунёди дигар иншоот Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 300 миллион сомонӣ маблағ харҷ намуд. Айни ҳол дар шаҳрак сохтмони қасри фарҳанг ва кашидани хатти оби нӯшокӣ идома дорад.

Соли равон дар шаҳрак биноҳои нави маъмурии нозироти андоз, шуъбаҳои молия, кишоварзӣ, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», бинои замонавии Хадамоти оташнишонӣ муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосири оташнишонӣ ва нақлиёт мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Имсол, дар арафаи ҷашни Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ, қасрҳои фарҳанг дар маркази ноҳия бо харҷи 7,6 млн. сомонӣ, деҳоти ба номи Ғарибшо Шаҳбозов 4 млн. 398 ҳазор сомонӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Бунёдкориву созандагӣ танҳо бо ҳудуди шаҳрак маҳдуд нашуда, тамоми ноҳияро фарогир аст. Дар ин давра бунёди наҳр байни маҳалҳои Мун-Сижд ба маблағи 1,7 миллион сомонӣ ба анҷом расид ва беш аз 50 гектар замини лабташнаи дашти Сиждро шодоб гардонд. Дар 17 деҳа барои шодобкунии заминҳои нав қубурҳои обгузар кашида шуданд. Аз ин ҳисоб аст, ки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ сол то сол афзоиш меёбад.

Раиси ноҳия Азиз Гиёзода бо хушнудӣ зикр намуд, ки соли гузашта дар ҳузури Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави дуошёнаи мактаби рақами 11 дар деҳоти «Поршинев» бо харҷи 14 млн. сомонӣ ба истифода дода шуд, ки дар вилоят беназир аст. Бо тарҳи замонавӣ ҳоло сохтмони бинои мактаби рақами 28 барои 460 хонанда дар деҳоти «Навобод» идома дорад. Илова бар ин, дар деҳоти ноҳия 13 маркази саломатӣ ва бунгоҳи тиббӣ бунёд шуда, беморхонаи марказии ноҳия бо лавозимоти муосири тиббӣ таъмин гардид. Даҳҳо мутахассиси муассисаҳои тиббии ноҳия бо роҳхати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат дар беморхонаҳои беҳтарини ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар такмили ихтисос намуданд.

Раиси ноҳия аз он изҳори қаноатмандӣ намуд, ки маориф чун соҳаи афзалиятнок хеле пеш рафтааст. Имрӯз муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия (55 ададанд) дар биноҳои нави таълимӣ ҷойгир буда, бо омӯзгорон таъминанд.

Ноҳия аз лиҳози ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят пас аз шаҳри Хоруғ дар ҷойи дуюм қарор дорад.

Корхонаҳои коркарди санги «Лаъл», дӯзандагии «Ҳаёти нав», асфалт ва шағалбарорӣ фаъолияти пурмаҳсул доранд. Фаъол гардидани Корхонаи коркарди ғалла бо иқтидори истеҳсоли 60 тонна орд дар як шабонарӯз ва анбор барои нигоҳдории 6 ҳазор тонна маҳсулоти ғалладона идомаи мантиқии ин раванд аст. Корхонаи мазкур бо дастури Пешвои миллат соли 2015 аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи 9,5 миллион сомонӣ сохта шуд.

Эътимоди сокинони ноҳия ба Ҳукумати кишвар, хоса ба Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ҳодисаҳои фалокатбори табиии соли 2015, ки 81 хоҷагии ноҳияро бехонаву дар карду онҳо дигар умеди соҳиби кулбаи фақирона шуданро ҳам надоштанд, садчанд афзуд. Дар он лаҳзаи душвор аввалин шуда, Сарвари давлат онҳоро тасалло дода, гуфтанд: «Мардуми шарифи ноҳияи Шуғнон бовар дошта бошанд, ки Ҳукумати мамлакат онҳоро дар бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ танҳо намегузорад ва зарардидагон бо манзил ва ҳама ашёҳои зарурии рӯзгор, аз сӯзан сар карда, то телевизору компютер ва дигар лавозимоти рӯзгор, таъмин мешаванд».

Баъди ду моҳ зарардидагон соҳиби хонаҳои нави барҳаво бо тамоми шароит ва муҷаҳҳаз бо лавозимоти зарурӣ, қитъаи замини наздиҳавлигӣ, оби ошомиданӣ ва полезӣ гардиданд. Дар муҳлати кӯтоҳ биноҳои замонавӣ, аз ҷумла муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 240 хонанда, Маркази саломатӣ, нуқтаи фурӯши ҷамъияти матлуботи вилоят, ҳаммом ва ғайра дар ихтиёри 480 сокини деҳа қарор дода шуд. Сокинони деҳа ифтихор доранд, ки пешниҳоди онҳо ба хотири арҷгузорӣ ба ғамхориву лутфу марҳамати Президенти кишвар «Раҳмонобод» номгузорӣ кардани деҳаи навбунёд пазируфта шуд.

Ин ҳама пешравиро мардуми ноҳияи Шуғнон ба сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон марбут дониста, тасмими ҷиддӣ доранд, ки минбаъд низ баҳри шукуфоии Тоҷикистони азиз саҳми босазо гузоранд.

Шоҳтолиби Шоҳқосим, «Садои мардум»