Проблема ва мулоҳиза

Шуҳрати токпарварони Муъминобод кай барқарор мегардад?

№86 (4192) 16.07.2020

34c34c67731c46233e7a9fd1c26abd65Дар гузашта аз ноҳияи Муъминобод ба кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ангури навъҳои тоифӣ ва кишмиши сиёҳу сафед мебурданд. Ҳоло бошад, ангурро ба ин ҷо аз шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода меоранд.

Солҳои 30 — 40 — уми асри XX таваҷҷуҳи мутахассисони гуногунмиллати соҳаи кишоварзиро табиати хушманзару иқлими мусоиди ин диёр ҷалб карда буд. Аввалан, осетину гурҷиҳо дар Муъминобод коркарди ангурро ба роҳ монданд. Он солҳо коркард дар ду сех роҳандозӣ мешуд. Яке дар мавзеи Дуоб, (дар лаби дарёи Сурхак), дигаре дар маркази ноҳия. Ангурро аз деҳқонони мавзеи Дуоб, ки зиёда аз 140 деҳа дошт, дастрас намуда, дар сехҳои хурди шарбаткашӣ коркард мекарданд.

Тоҷикон дар ангурпарварӣ «дасти пир» доранду кӯҳистони тоҷикро бе ангур тасаввур кардан душвор аст. Аз ин ҷост, ки таваҷҷуҳи роҳбарону мутахассисонро рушди токпарварӣ дар ноҳияҳои кӯҳис­тон ҷалб кард ва ба бунёди боғҳои нави хуштарҳ оғоз намуданд.

Нахустин қаламчаҳои токи заминҳои лалмиро дар мавзеъҳои Тутқавул,Ҷаллоқ, Шаҳбача, Банди Қазаи ноҳияи Муъминобод директори совхози овозадори боғу токпарварии ба номи Мичурин — Абдураҳмон Акрамов бо коргаронаш соли 1965 шинонданд.

Онҳо дар аввал аз тоифию кишмиш ва 6 навъи машруботӣ иборат буданд. Дар хоҷагии ба номи Мичурин давраи роҳбарии Маҳмадалӣ Довудов 500 гектар ва давраи роҳбарии Раҷабмад Мирзоев 100 гектар токзори нав бунёд ёфт. Хоҷагӣ на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ном баровард. Солҳои 1979-1980 ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар токзори лалмӣ ба 270 — 280 сентнерӣ расид, дар ҳоле ки токпарварони дигар манотиқи ҷумҳурӣ аз заминҳои обӣ чунин ҳосилро интизор набуданд. Қанднокии ангурҳои хоҷагӣ 25 — 30 фоизро ташкил медод. Чунин нишондод ҳатто дар миқёси собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ беназир буд.

Истеҳсоли ангур дар хоҷагӣ аз 3 ба 7 ҳазор тонна расид. Ин нишондод роҳбарон ва мутахассисонро водор намуд, ки роҳҳои наву фоидаовари коркарди ҳосилро дар ноҳия роҳандозӣ намоянд. Бо ин мақсад, соли 1977 ба бунёди заводи шарбатбарорӣ оғоз карданд. Акнун дар хоҷагӣ дар 286 систернаи 15-20 — тоннагӣ, 30 сис­тернаи 50 — тоннагӣ виноҳои шампонӣ ва сахттаъсир истеҳсол мекарданд. Маҳсулу дастранҷи токпарварони хоҷагӣ ба шаҳрҳои Москва, Владивос­ток, Хабаровск ва ҷумҳуриҳои Назди Балтика фиристода мешуд.

Соли 1979 хоҷагии нави боғутокпарварии «Бӯстон» таъсис ёфт ва истеҳсоли солонаи вино дар ноҳия ба 10 ҳазор тонна расид. Буҷети ду хоҷагии соҳавӣ сол то сол ғанитар мегашт. Ҳар сол хоҷагии ба номи Мичурин 12 миллион сӯм (14 миллион доллари он вақт) даромади софи пулӣ мегирифт.

Аз ин ҳисоб бо харҷи 7 ҳазор сӯм аз шаҳри Липетски Федератсияи Россия хати технологӣ оварда, дар корхона васл карданд. Ба ин восита дар як шабонарӯз 12 ҳазор шишаи винои «Чилдухтарон» истеҳсол мешуд. Аз ҳисоби даромади дохилӣ парки нақлиётӣ, ки аз 73 автомашинаю трактор, 124 агрегати механизаторӣ иборат буд ва барои нигоҳдории ангур бо ғунҷоиши 500 тонна анбор бунёд карданд. Маҳсулоти анбор то моҳи май тару тоза нигоҳ дошта мешуд.

Барои аъзои хоҷагӣ 102 манзили чорҳуҷрадори истиқоматӣ, боғчаи кӯдакона барои 200 ҷой ба истифода дода шуд. Дар он солҳо мактаби сеошёнаи замонавӣ дар деҳот ками дар кам буданд. Роҳбарияти хоҷагӣ бинои сеошёна, таълимгоҳи рақами 50-ро барои 1176 хонанда бунёд кард.

Барои рушди соҳа, пешравиҳои назаррас хоҷагии ба номи Мичурин 9 маротиба соҳиби байрақу мукофоти мақомоти олии Иттиҳоди Шӯравӣ гардид. Студияи «Тоҷикфилм» бо номи «Дар оғӯши Чилдухтарон» оид ба дастовардҳои хоҷагӣ филми ҳуҷҷатӣ ба навор гирифт.

Деҳқони соҳибтаҷриба Асомиддин Асоев, ки беш аз 50 соли ҳаёташро ба токпарварӣ бахшидааст, гуфт: — Дар хоҷагии «Бӯстон» 420 гектар токзор ва 188 гектар боғ мавҷуд буд. Корхонаи коркарди мева 250 систерна дошт, ки ҳама ба яғмо рафтанд. Аз боғҳо нишоне намонд.

Сабаби нест гардидани боғу токзор ноуҳдабароии роҳбарияти вақти ноҳия аст. Яке аз сабабҳои нест кардани боғ тавсеаи кишти ғалла буд, ки ҳеҷ гоҳ фоида ва ҳосилнокиаш ба ангур баробар шуда наметавонад. Масалан, аз як гектар замини лалмӣ ба ҳисоби миёна 20-22 сентнер гандум гирифта мешавад. Вале, агар дар як гектар замин ток парвариш кунем, дар соли чоруми нигоҳубин 150-200 сентнерӣ ҳосил медиҳад.

Ҳоло ҳам дер нашудааст, деҳқонони собиқадору таҷрибадор ҳастанд, аз онҳо таҷриба бояд андӯхт.

- Надоштани таҷҳизот ва техникаи зарурӣ, дониши мукаммали касбӣ, нархи баланди сӯзишворӣ, заҳрхимикатҳо, мавҷуд набудани қитъаҳои ниҳолпарварӣ дар хоҷагиҳо, номгӯйи нопурраи сабабҳое мебошанд, ки садди роҳи барқарор кардани шуҳрати токпарварии ин диёри меваҳои шаҳдбор мегарданд. Яке аз сабабҳои дигари асосии рушд наёфтани соҳа надоштани робитаи қавӣ ва ҳамкориҳои судманд бо институтҳои илмӣ — тадқиқотии кишвар мебошад. Дар мамлакат зиёда аз 200 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ ба қайд гирифта шудаанд. Агар онҳо фаъолиятро дар асоси тавсия ва пажӯҳиши муассисаҳои таҳқиқотӣ ба роҳ намонанд, пас онҳо чӣ рисолат доранд?

Соҳаи кишоварзӣ, хоса токпарварӣ, дар таъмини амнияти озуқавории кишвар нақши бориз дорад. Аз ин лиҳоз, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар (соли 2012) ба рушди он таваҷҷуҳи беандоза намуда, қайд карданд, ки «Барои расидан ба ин ҳадафҳо аз ҷониби Ҳукумати кишвар 17 барномаи давлатӣ қабул гардида, ислоҳоти замин, таҷдиди хоҷагиҳо ва рушди бахшҳои гуногуни кишоварзӣ мавриди чораҷӯӣ қарор дорад.

Ҳамзамон бо ин, ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ то ба имрӯз 9 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи беш аз як миллиард сомонӣ амалӣ гардида, танҳо дар 5 соли охир аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳо, бо дарназардошти қарзҳои имтиёзноки додашуда, 2 миллиарду 340 сомонӣ маблағҳо равона шуданд…».

Пас, роҳбарону мутахассисонро мебояд дар татбиқи барномаҳои давлатӣ беш аз пеш фаъол бошанд, то натиҷаю боз­деҳи кори онҳо ба мардум аён бошад.

Директори Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, доктори илм­ҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров рушди боғу токпарвариро дар решакан кардани боғҳои куҳна, омӯзиши усулҳои муосири обёрӣ ва бунёди боғҳои интенсивӣ мебинад.

- Бунёди боғҳои интенсивӣ ва гирифтани ҳосили фаровон саҳифаи нави боғдориро кушод. Ҳосилнокии чунин боғҳо аз ҳар як гектар 30 — 60 тоннаро ташкил медиҳад, — иброз намуд ӯ.

Баъзеҳо андеша доранд, ки дигар ба он дастовардҳои пешин ноил шудан ғайриимкон аст. Собиқадори соҳа Раҷабмад Мирзоев дар ин робита гуфт: — Хоҷагиҳоро таҷдид кардем, шаклҳои нави хоҷагидориро ҷорӣ намудем, нашуд, акнун рӯ овардем ба боғҳои интенсивӣ. Ман ба ин усули боғбунёдкунӣ эътимоди қавӣ надорам. Чунки онҳо ба шароити маҳал созгор нестанд. Хуб мешуд, агар бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ пешбурди як хоҷагиро ба таври таҷрибавӣ ба шакли коллективӣ ба роҳ мемонданд. Шояд бо ин роҳ шуҳрати рафта эҳё мегардид.

30 декабри соли 2015 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 — 2020» ба тасвиб расид. Аз қабули он 5 сол сипарӣ гардид, вале натиҷаҳо қаноатбахш нестанд. Барои мисол, мувофиқи он барои таҷрибаомӯзӣ оид ба технологияи муосири парвариши боғу ток ва коркарди мева мутахассисони соҳа бояд ба хориҷи кишвар фиристода мешуданд, аммо он дар рӯи коғаз монд. Муҳлати барнома ба охир мерасад, вале рушди соҳа ҳоло ҳолати «пойкӯбӣ дар як ҷой»-ро мемонад.

Хулосаи ниҳоӣ ин аст, ки барномаҳои давлатӣ метавонанд таҳрикбахши рушди соҳа бошанд, агар роҳбарон ва мутахассисон рисолаташонро ба таври бояду шояд ба ҷо оранд.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА, «Садои мардум»,

Нурулло ҲАСАНОВ, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон