Ба мо муроҷиат мекунанд

Шукр, ки масъулони ғамхор ҳастанд…

№60 (4322) 04.05.2021

Муддати 8 сол аст, ки овораву саргардонам. Маблағи мактабу кӯдакистон, доруворӣ, либос ва баландравии нарху наво ба зиндагии мо — модарон таъсири калон расонид.

Дар ин давра давутозҳои мо дар мақомоти суд, прокуратураи ноҳия ва шаҳри Душанбе бенатиҷа анҷом ёфтанд. Ҳол он ки аз мақомоти судӣ ҳар як инсони комилҳуқуқ дар мавриди зарурат бояд адолатро пайдо намояд. Аммо афсӯс, ки бархе аз судяҳо ҳуқуқи моро поймол намуданд ва моҳи октябри соли гузашта мо ба Хадамоти иҷро муроҷиат кардем. Хушбахтона, 9 феврали соли 2021 маблағи напардохтаи ҳаққи фарзандонамро, яъне алименти онҳоро тариқи маҷбурӣ рӯёнида доданд. Дар ин бобат хизмати кормандони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти иҷрои ноҳияи Рӯдакӣ (Шоев Хусрав ва Саидов Диловар)-ро мехоҳам махсус зикр намоям. Дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҳмуд Муҳаммадҷонзода ном корманди ин мақомот вохӯрдем, ки тарбияи хуб, ахлоқи ҳамидаву лафзи ширин дошт. Эҳсос намудем, ки дар ниҳоди ӯ хислатҳои ватандӯстиву инсонпарварӣ ва масъулиятшиносӣ ҷой дорад.

Мо – модарон дар ҳаққи чунин шахсон дуо мекунем, ки доимо саломату сарбаланд бошанд.

Меҳрангез АЗИМОВА,

сокини ноҳияи Фирдавсӣ, шаҳри Душанбе