Сифати хизматрасониҳои обуҳавошиносӣ беҳтар мегардад

№ 23.11.2020

Дар семинари машваратӣ таҳти унвони «Дурнамои хизматрасониҳои Агентии обуҳавошиносӣ ва ҳамкориҳо бо ҷонибҳои ҳавасманд», ки чанде пеш дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ» (маблағгузории иловагӣ) доир гардид, директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дӯстзода Диловар баъди муаррифии мақсад ва вазифаҳои лоиҳа, аз ҷумла чунин гуфт:

- Вазъи феълии байналмилалӣ ва тағйироти иқлимии сайёра зарурати ба роҳ мондани хизматрасониҳои ба талаботи муосир ҷавобгӯйро ба миён овардааст. Бо дарназардошти ҳолати пешомада хизматрасониҳои навро таҳия намуда, ба ҷонибҳои ҳавасманд пешниҳод менамоем. Зимнан, Ҳукумати мамлакат ба рушди Агентии обуҳавошиносӣ таваҷҷуҳ намуда, сохторҳои марбутаи онро бо таҷҳизоти наву замонавӣ мунтазам таъмин менамояд. Ин ҷиҳат моро водор месозад, ки вобаста ба пешгӯйӣ ва дастрасии маълумоти обуҳавошиносӣ чорабиниҳои заруриро дар сатҳу сифати баланд амалӣ намоем.

Зикр гардид, ки дар ҷумҳурӣ гирифтани ҳосили баланди зироат, рушди чорводорӣ, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ниёзи аввал, ҳамкориҳои дуҷониба бо сохторҳои сайёҳии кишвар, пеш аз ҳама, ба маълумоти саҳеҳ ва саривақтии обу ҳаво марбут мебошад.

Дар семинар роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар идораву муассисаҳои дахлдор низ иштирок намуданд. Аз ҷумла, Муҳриддин Музаффаров — мутахассиси мониторинг ва баҳодиҳии лоиҳа иброз намуд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузориҳои Бонки осиёии рушд татбиқи Лоиҳаи давлатии сармоягузории «Идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ» (маблағгузории иловагӣ), ки ниҳоди иҷроияи он Агентии обуҳавошиносӣ ба шумор меравад, мавриди татбиқ қарор гирифтааст.

Муовини роҳбари гурӯҳи мушовирони байналмилалии ширкати мушовирии ФСГ — Анвар Ҳомидов, сардори шуъбаи маркетинги Агентии обуҳавошиносӣ – Диловар Шарипов, таҳлилгари лоиҳа – Наниш Азизова дар семинар мавзуъҳои дурнамо, ҳамкориҳо бо ҷонибҳои ҳавасманд ва натиҷаи назарсанҷиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

- Мақсади асосии назарсанҷӣ аз он иборат аст, ки мо ба сатҳу сифати хизматрасониҳо баҳогузорӣ намуда, эҳтиёҷи ҷонибҳои ҳавасмандро бо тарзу усули хушсифат ва муосир таъмин намоем. Мо тасмим гирифтем, ки барои таъмини саривақтии маълумоти дақиқи обуҳавошиносӣ ҷонибҳоро бовар кунонем ва онҳоро аз хавфу хатар сари вақт огоҳ созоем, — гуфт дар охир Д. Дӯстзода.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

 «Садои мардум»