Ба «Садои мардум» ҷавоб омад

«Симчӯбҳои фарсударо кӣ бояд иваз кунад?»

№146 (4408) 07.12.2021

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод ба иттилои шумо мерасонад, ки мақолаи «Симчӯбҳои фарсударо кӣ бояд иваз кунад?», ки дар нашрияи «Садои мардум» аз 24 апрели соли 2021, рақамҳои 54-55, муаллифон Абдухолиқ Мирзозода ва Нурулло Ҳасанов нашр шудааст, дар маҷлиси назоратӣ-истеҳсолии назди раиси ноҳия бо иштироки муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи раис, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаю бахшҳо, раисони шаҳраку деҳот ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Муаллифон овардаанд, ки дар ноҳия баъзе аз симчӯбҳо умри 50 — 60-сола доранд, ки дар ҳақиқат ин далел дуруст аст. Барои бартараф намудани ин камбудиҳо дар банди 12-и «Нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди иҷтимоӣ — иқтисодии ноҳияҳои кӯҳистони минтақаи Кӯлоб, солҳои 2014-2019», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 декабри соли 2013 таҳти рақами 564 тасдиқ шудааст, навсозӣ ва кашидани хати интиқоли барқи 0,4 кВ бо дарозии 36,3 километр ва иваз намудани 15 адад трансформаторҳои камиқтидор ба пуриқтидор дар деҳоти «Чилдухтарон», «Деҳибаланд» ва ба номи Нуралишо Назаров пешбинӣ шуда буд.

Дар деҳоти «Чилдухтарон», «Боғгаӣ», «Деҳибаланд» як адад ва дар деҳоти ба номи Нуралишо Назаров ду адад трансформатори тавоноиашон паст ба баланд иваз карда шудааст.

Ҳамчунин, аз ҳисоби ШСХК «Барқи Тоҷик» дар доираи лоиҳаи «Беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон» дар деҳаи Ҳанатарош зиёда аз 18 километр хати интиқоли барқ ва трансформатор иваз гардида, инчунин 2 адад зеристгоҳи барқии 35/10 кВт сохта, ба истифода дода шудааст, ки барои беҳтар намудани интиқоли барқ мусоидат менамояд.

Мавриди зикр аст, ки барои бартараф намудани ин камбудиҳо аз тарафи мутахассисони Шабакаи барқи ноҳия нақшаи чорабинии ҳарсола тартиб дода, барои дастрасии маҳсулоти зарурӣ ба ташкилотҳои болоӣ дархост пешниҳод гардид. Иваз намудани пояҳои корношоям вобаста ба имконияти иқтисодии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» сурат гирифта истодааст. Дар деҳаҳои Чашмасор ва Чашмаи Ҷӯшони деҳоти ба номи Шамсиддин Шоҳин 63 адад пояи корношоям дар хатҳои пастшиддат ва 21 адад поя дар хатҳои барқи баландшиддат иваз гардида, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ба шахсони мутасаддӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод аз ҳама имконият истифода намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки камбудию норасоиҳои ҷойдошта дар ин самт сари вақт ҳал гарданд.

Лутфия ШАРИФЗОДА,

раиси ноҳияи Муъминобод