Сипоснома ба Пешвои миллат

№107 (3587) 16.08.2016

Чанде пеш, бар асари боришоти зиёд сели даҳшатнок омада, роҳи мошингарди деҳаи Марзичи деҳоти «Анзоб»-ро вайрон кард. Такроран, бо ҳаҷми калон фаромадани сел чанд бинои ёрирасон ва мошинсарои шаҳрвандонро пурра валангор карда, дарёи Яғнобро банд намуд, ки дар натиҷа пули асосии мошингузар зери об монд. Барои бартараф намудани офати табиӣ раиси ноҳия Н. Раҳматуллозода ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, аз вазъияти баамаломада ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.

Комиссияи ҷумҳуриявӣ таҳти сарварии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоҳир Зокирзода дар ҳайати вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода  ва мудофиаи гражданӣ генерал Назарзода Рустам, муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои об Султон Раҳимзода, муовини якуми вазири саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Хол Ҳайдар, муовини директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Ҳомид Усмон ва кормандони Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷойи ҳодиса омада, нақшаи бартараф намудани оқибатҳои офати табииро тарҳрезӣ намуданд.

Сокинони деҳаи Марзич барои бартараф намудани офати табиӣ сафарбар шудани масъулинро нишонаи таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медонанд. Агар мо ба қадри ин ғамхорӣ нарасем, кӯр мешавем.

Дастгирии соҳибкорон  ва ҷавонони деҳаҳои Ремон, Пишанза, Такфон, Анзоб низ ҷоиз ба зикри алоҳида аст.

Биноан, тариқи рӯзномаи бонуфузи «Садои мардум» арзи сипоси худро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон мерасонем.

 Тағоймурод Шодиев, Ҳақбердӣ Ҳақдодов, Қурбон Дӯстон, Мавлуди Абдулло ва дигарон, сокинони деҳаи Марзичи ноҳияи Айнӣ