Сиёсатмадори созанда

№2 (4108) 04.01.2020

Мафҳуми сулҳу ваҳдат ба унвони ҷузъи таркибии тафаккури миллӣ минбаъд бояд ҳамчун василаи муҳимтарини ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ ҳамаҷониба истифода гардад. Зеро дар замони пуртазоди имрӯза масъалаи ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти хоса пайдо кардааст ва танҳо инсони дорои тафаккури созанда қодир аст, ки барои ҳимояи забони давлатӣ, фарҳанг ва дигар арзишҳои милливу умумибашарӣ бо иродаи қавӣ талош варзад.

Эмомалӣ Раҳмон

Халқи тоҷик фарзандони фарзонае дорад, ки барои ҳимояи марзу бум ва миллат хизматҳои шоиста кардаанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон аз зумраи он шахсиятҳое ҳастанд, ки баҳри рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷик хизмати шоён намудаанд. Таҳти роҳбарӣ ва бо истифода аз сиёсати пешанамудаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи Тоҷикистон ба рушди соҳаҳои ҷомеа — иқтисодиёт, сиёсат ва илму фарҳанг ноил гардид. Яке аз хизматҳои бузурги Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он аст, ки барои ба ваҳдат овардани тарафҳои норозӣ, таъмини сулҳу осоиштагии мамлакат саъю талоши зиёд карданд. Ваҳдати миллӣ барои мардуми тоҷик, махсусан, ҷавонон, дастоварди муҳим ва беназирест, ки ба рушди минбаъдаи ҷомеа мусоидат менамояд. Агар истиқлолият озодӣ оварда бошад, ваҳдати миллӣ, ки дар натиҷаи сиёсати оқилонаи Пешвои миллат ба даст омад, пойдории истиқлолият ва якпорчагии Ватанро таъмин намуд. Беҳуда нест, ки ҳоло ҷомеаи ҷаҳон мактаби сулҳпарваронаи Сарвари давлати моро мавриди омӯзиш қарор дода, кӯшиш менамояд, ки ҳамчун намунаи сулҳофарӣ истифода барад.

Роҳбари давлат ҳамеша, дар ҳама кор ба неруи ҷавонон, ки ояндасози ҷомеаанд, бо эътимод менигаранд. Ҷавононро неруи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат медонанд ва аз ин хотир ҳалли мушкилоту масъалаҳои онҳоро самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат арзёбӣ менамоянд. Мувофиқи маълумоти оморӣ, ҷавонон дар кишвар қариб ҳафтод фоизи аҳолии кишварро ташкил медиҳанд. Ин аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавонон барои соҳибӣ кардани мероси ғании ниёгон шароити мусоид фароҳам овардааст.

Аз таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат ба масъалаҳои ҷавонон аст, ки дар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ аз номи онҳо ва бо ҷонибдориашон сухан мегӯянд. Чунончӣ, дар конфронсе, ки соли 2014 дар Федератсияи Россия дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки яке аз солҳои пешорӯ соли ҷавонон эълон карда шавад. Ба андешаи Сарвари давлати тоҷикон, «Ҷавонони имрӯза дар ҷаҳони гуногунии фарогир аз технологияҳои нав ва пешрафти илмию техникӣ зиндагӣ доранд. Ҳамзамон, бояд эътироф намуд, ки буҳрони иқтисодии ҷаҳон маҳз ба ҷавонон таъсири манфӣ мерасонад».

Алҳол бо боварӣ гуфта метавонем: воқеан ҳам, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳодҳои созанда дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи намоёнро соҳиб шудааст. Пешниҳодҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ҳамаҷониба дастгирӣ ёфта, дар амал татбиқ мегарданд ва дар низоми нави ҷаҳонӣ мавқеъ ва нуфузи миллату давлати моро боз ҳам боло мебаранд. 

Х. АБДУЕВ,

омӯзгори кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур