Сиёсатмадорони дунё фоҷиаи дар Франсия рухдодаро маҳкум карданд

№93 (3573) 23.07.2016

1712951Франсия, Белгия, Туркия, Ироқ, Сурия, Нигерия, Афғонистон, Бангладеш, Яман, Қазоқистон, Украина — ҷуғрофияи ҳамлаҳои рухдодаи террористии соли равон дар ҳоли афзоиш аст. Ҷашни Рӯзи ишғоли Бастилия ҳафтаи гузаш­та дар шаҳри Нитса низ бо фоҷиаи бузург анҷом ёфт, ки яке аз бузургтарин амалҳои террористӣ аз ҷиҳати шумораи қурбониён арзёбӣ мегардад.

Шаҳрванди 31 — солаи Франсия (аслаш аз Тунис) Муҳаммад Лахуайедж Бухлел бо мошини боркаш мардумро, ки ҳангоми ҷашнгирии иди миллӣ ҷамъ омада буданд, зер карда, баъд сӯяшон тир холӣ кард. Дар пайи ин ҳамла 84 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 120 кас захмӣ гардид, ки наздики 50 нафари онҳо дар ҳолати вазнин қарор доранд. Миёни қурбониён кӯдакон ва шаҳрвандони хориҷӣ низ ба қайд гирифта шудаанд.

Сиёсатмадорони дунё ин фоҷиаро маҳкум карда, изҳор доштанд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд якҷо бар зидди терроризм ва экстремизми ҷаҳонӣ мубориза барад.

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот ба ин ­масъала ба Президенти Франсия Франсуа Жерар Жорж Олланд барқияи ҳамдардӣ ирсол намуд.

- Хабари даҳшатангези ҳамлаи ғаддоронаи террористӣ дар шаҳри Нитсаи Ҷумҳурии Франсия ба гаштугузори идонаи оммавии мардуми осоишта, ки муҷиби ҳалокат ва осеб дидани теъдоди зиёди шаҳрвандони кишвару сайёҳон гардид, моро бениҳоят андӯҳгин намуд. Ин ҳодисаи нафратангези ғайриинсонӣ боз як намунаи аъмоли зишти неруҳои аҳриманист, ки муборизаи беамон бо онҳо вазифаи ҳар як фарди огоҳ аст. Ба ин манзур, Тоҷикистон чун пештара омода аст дар якҷоягӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, минҷумла бо кишвари дӯсти Шумо, муборизаи қотеонаро алайҳи ҳама гуна зуҳуроти терроризм ва ифротгаройӣ тақвияти дучанд бахшад.

Бо изҳори таъзия ва тасаллият ба тамоми мардуми дӯсти Франсия, аз ҷаноби Президент хоҳишмандам, ки эҳсоси ҳамдардии амиқи моро ба наздикони қурбоншудагон бирасонанд. Ба маҷрӯҳшудагон шифои комилро орзумандем, — омадааст дар барқияи тасаллияти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон.

Ба андешаи Сарвазири Федератсияи Россия Дмитрий Медведев, ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба чунин ҳодисаҳо вокуниш нишон диҳад.

- Чуноне маълум аст, терроризм ҳудуд надорад ва ин мушкилоти умумӣ ҳам барои Аврупо ва ҳам барои Осиё мебошад. Ин ҳодисаи беҳад ғамгинкунанда аст. Мо уҳдадорем, ки якҷо ба чунин ҳодисаҳо вокуниш нишон диҳем, қувваамонро барои мубориза бар зидди терроризм равона намоем.  Чун террористон танҳо қувваро қабул мекунанд, мо бояд онро бар зидди худи онҳо истифода барем, — изҳор доштааст нахуствазири Россия зимни суханронӣ дар Форуми кишварҳои Осиё ва Аврупо дар Муғулистон.

Президенти ИМА Барак Обама таркишро дар Нитса маҳкум кардааст: — Фикру дуоҳои мо бо оилаҳои қурбониён ҳастанд, — навиштаанд хабаргузориҳо аз суханони президент.

Котиби давлатии ИМА  Ҷон Керри иброз намудааст, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Ҳукумати Франсия барои таҳқиқи ин инфиҷор кумак хоҳад кард.

Ҳар ду номзад ба мақоми президентии ИМА низ дар ҳамбастагӣ ба таркиш изҳороти худро баён намуданд. Доналд Трамп гуфтааст, ки террористон ба ҷаҳони мутамаддин ҷанг эълон кардаанд.

- Моро тарсонида наметавонанд. Мо ҳеҷ гоҳ ба террористон имкон намедиҳем, ки ҷомеаи демократиеро, ки асоси зиндагии мост, хароб кунанд, — изҳор доштааст Хиллари Клинтон.

Президенти Иттиҳоди Аврупо Доналд Туск қайд намудааст, ки террористон махсусан дар ҳамон рӯзе, ки мардуми Франсия аз иди миллӣ таҷлил мекарданд, ба кори бади худ даст заданд.

Сарвазири Ҷумҳурии Халқии Хитой Ли Кэтсян гуфтааст, ки «мо терроризмро маҳкум мекунем. Мо ба оилаҳои қурбониён изҳори тасаллияти худро баён дошта, дар ҳама гӯшаи дунё бо терроризм мубориза мебарем».

Вазири умури хориҷии Белгия Диде Рейндерс аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки Франсия боз зери ҳамлаи террористон қарор гирифт.

- Мо ин ҳамлаи террористиро маҳкум мекунем, нигарон аз онем, ки Франсия боз таҳти ҳамлаи террористон қарор гирифт, — гуфтааст Диде Рейндерс.

Вазири корҳои хориҷии Австралия Бишоп изҳор доштааст, ки се шаҳрванди Австралия ҳангоми аз ҷойи ҳодиса паноҳ бурдан захмӣ шудаанд. Ӯ ҳамларо маҳкум карда, ёдовар шудааст, ки ягон кишвари дунё имрӯзҳо худро дар амният ҳис намекунад.

Вазири умури хориҷии Испания Хосе Мануэл Гарсия-Маргало: — Мо аз ин ҳодиса хеле ғамгин шудем, ҳамаи испаниҳо бо мардуми Франсия ҳастанд, — гуфтааст.

Сарвазири Эстония Таави Ривас ҳамлаи ваҳшиёнаро ба мардуми осоишта, ки ҷашни миллии худро таҷлил мекарданд, маҳкум кард.

- Имрӯз мо — ҳама бо мардуми Франсия ҳастем, — қайд кард роҳбари ҳукумати Эстония.

Ҳамлаҳои бузургтарини террористии соли 2016

12 ва 13 июл дар қисми шимолии Бағдод ду таркиш ба амал омад. Дар инфиҷори аввал 11 нафар ба ҳалокат расид. Таркиши дуюм ҳафт кушта бар ҷой гузошт.

8 июл тақрибан 12 нафар дар пайи ҳамлаи террористи худкуш, ки дар масҷиди шаҳри Дамбоаи иёлати Борнои Нигерия ба вуқӯъ пайваст, ба ҳалокат расиданд.

Шаби 7 июл бар асари  як қатор таркиш дар шаҳри Балад, ки дар қисми шимолии Ироқ ҷойгир аст, тақрибан 40 нафар ба ҳалокат расида, 75 кас ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

Шаби 2 июл мошини дар дохилаш маводи таркандадошта дар маркази Бағдод, ҷое, ки тарабхонаҳои зиёд воқеъ ҳастанд, таркид ва чанд биноро ба сӯхтор дучор кард. Дар пайи он 292 нафар ҳалок шуданд.

Шоми 1 июл террористони мусаллаҳ ба тарабхонаи шаҳри Дакка (Бангладеш) ҳуҷум карданд. Рӯзи баъдӣ пулиси кишвар ҷойи ҳодисаро тафтиш карда, шаш террористро нобуд кард. Дар рафти амалиёти вижа 13 нафар аз дасти ҷангиён озод ва  20 нафар қурбон гардиданд.

Шоми 28 июн се таркиши бузург дар фурудгоҳи Отатурки Туркия рух дод. Бар асари таркишҳо 44 нафар ба ҳалокат расид, ки 19 нафарашро шаҳрвандони хориҷӣ ташкил медоданд. 239 каси дигар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

Субҳи 20 июн дар шаҳри Кобули Афғонистон микроавтобус, ки дар дохили он кормандони ҳифзи ҳуқуқи зодаи Непал қарор доштанд, таркид. 14 нафар дар пайи он ҳалок шуда, тахмин ҳашт кас захмӣ гардид.

11 июн ду таркиш дар минтақаи аҳолинишини Сеид Зейнаби Сурия рух дод. Таркиши аввал аз ҷониби террористи худкуш ба вуқӯъ пайваст. 16 нафар қурбони ҳар ду таркиш гардида, 46 каси дигар захмӣ шуданд.

9 июн дар ду ноҳияи пойтахти Ироқ — шаҳри Бағдод ду таркиш ба амал омад. Инфиҷори аввал дар нуқтаи аҳолинишини Ал-Ҷадид дар қисми шимолии Бағдод рух дода, таркиши дуюм дар шаҳри Таҷӣ ба вуқӯъ пайваст. Дар пайи ҳар ду инфиҷор 28 нафар ба ҳалокат расиданд.

7 июн таркиши бузург дар ноҳияи Баязиди маркази Истанбул зимни гузаштани автобуси кормандони ҳифзи ҳуқуқ рух дод. 11 нафар дар пайи ин ҳамлаи террористӣ ҳалок шуда, 36 каси дигар ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд.

17 май тақрибан 13 нафар бар асари таркиши ду бомба дар Бағдоди Ироқ ҳалок ва 40 тани дигар захмӣ шуданд. Мошини дар дохилаш бомбадошта дар қисми ҷанубии ноҳияи Ар-Рашид таркид. Таркиши дуюм дар бозори ноҳияи Аш-Шааб рух дод.

15 май террористи худкуш худро дар ҷануби Яман тарконида, 41 нафарро ба ҳалокат расонид. 60 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

11 май пойтахти Ироқ як қатор таркишҳоро аз сар гузаронд, ки дар пайи он 94 нафар ҳалок шуда, 150 каси дигар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Ҷавобгарии таркишро гурӯҳи ҷиноии Давлати Исломӣ  бар уҳда гирифт.

10 май таркиши мошини боркаш дар Туркия ҷони 16 нафарро рабуд.

30 апрел мошини боркаш, ки дар дохилаш маводи тарканда ҷой шуда буд, дар Нахравани Бағдод таркида, 19 нафарро нобуд сохт .

22 апрел тахмин 25 нафар бар асари таркиш дар масҷиди Ироқ ҳалок гардиданд.

19 апрел дар маркази Кобули Афғонистон ду инфиҷор рух дод. Дар пайи онҳо 64 нафар ба ҳалокат расида, 347 кас захмӣ шуданд.

Субҳи 22 март дар фурудгоҳи байналмилалии Брюссел ду таркиш ба амал омад. Таркиши сеюм каме баъдтар дар дохили вагони қатора ба вуқӯъ пайваст. Дар пайи амалиёти террористӣ 32 нафар ҳалок шуда, зиёда аз 300 кас ҷароҳат бардоштанд.

Шоми 13 март дар маркази шаҳри Истанбули Туркия дар истгоҳи автобус ҳангоми зиёд шудани шумораи мардум мошини бомбадор таркид. Бар асари таркиш 37 нафар ҳалок шуда, 125 кас захмӣ гардиданд.

29 феврал дар Ироқ террористи худкуш худро дар маросими видои нафаре  тарконд. Бино ба иттилои ВАО, 35 нафар ба ҳалокат расида, 50 тан захмӣ шуданд.

9 феврал террористон ба лагери иёлати Боно ҳуҷум намуданд. Дар пайи як қатор таркиш зиёда аз 60 нафар ба ҳалокат расида, чанд тан захмӣ шуданд.

31 январ дар қисми ҷанубии Димишқ (Сурия) се таркиш рух дод, ки дар натиҷа  биноҳои истиқоматӣ, мағоза ва бозорҳо харобу валангор шуда, 76 нафар ба ҳалокат расид ва 128 тан ҷароҳати вазнин бардоштанд.

Таҳияи А. Самариддин