Бозгашт ба мавзӯъ

Соҳаи нефту газро дуруст ба роҳ мондан мумкин, агар…

№10 (3960) 24.01.2019

d4d43f0c7c31bdaa772abb1cefaНабӣ Маликов мутахассиси соҳаи нефту газ буда, солҳои 1981-1988 роҳбарии Иттиҳодияи истеҳсолии «Тоҷикнефт»-ро ба уҳда дошт. Ӯ, баръакси пиндори бархе аз мутахассисон, ки захираи нефту газро дар кишвар кам арзёбӣ карда, бинобар дар чуқурии зиёд қарор доштан истихроҷи онро ғайриимкон медонанд, назари худро дорад. Бо ӯ доир ба ин ва дигар мушкилоти саноати нефту газ ва роҳҳои инкишоф додани соҳа ҳамсуҳбат шудем, ки фишурдаи он пешкаш мегардад.

- Вазъи соҳаро ҳамчун мутахассис чӣ гуна баҳо медиҳед? Воқеан дар кишвар захираи кофии нефту газ мавҷуд аст?

- Имрӯз саноати нефту газ рӯ ба нестӣ овардааст. Дар ҷумҳурӣ як идда ба имкониятҳои соҳаи нефту газ эътимод надоранд. Баъди барҳам хӯрдани ИҶШС, қувваҳои муайян андешаеро талқин намуданд, ки дар Тоҷикистон захираҳо кам ва дар чуқурии зиёд ҷойгиранд ва аз ин рӯ, ягон сармоягузор ба он таваҷҷуҳ надорад. Эътимод ба соҳаро фаъолияти номуваффақи сармоягузорҳои машҳур, ба монанди «Газпром», «Тэтис», «Тотал», «СНПС», ки ягон кони нав накушода, бозори Тоҷикистонро тарк карданд, боз ҳам пасттар кард.

Агар ба харитаи майдонҳои ояндадор назар кунем, дар қаъри замини вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ минтақаҳои ғанӣ аз газу конденсат ва дар шимоли кишвар аз нефт мавҷуд мебошанд. Дар шаҳри Конибодом нефт ҳатто ба рӯи замин баромадааст.

Тӯли зиёда аз 100 сол дар Тоҷикистон барои тадқиқоти қаъри замин садҳо миллион доллар сарф шудааст. Дар асоси онҳо ширкати «Тэтис» захираҳои гази ҷануби Тоҷикистонро 3,2 триллион метри мукааб ва захираи нефтро 1,1 млрд. тонна арзёбӣ намуда буд. Илова бар ин, «Саратовнефтегеофизика» дар шимоли ҷумҳурӣ захираҳои нефт ва конденсатро 73 миллион тонна ва захираи газро 53 млрд. метри мукааб ҳисоб кард.

- Соҳаи саноати нефту газ дар ҷумҳурӣ дар кадом сатҳ буд ва айни замон дар кадом ҳолат аст?

- Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ «Тоҷикнефт» дар сохтори вазорати умумииттифоқӣ буд. Он вақт дар ҷанубу шимоли ҷумҳурӣ корхонаҳои пуриқтидори пармакунӣ, истихроҷи нефту газ, ташкилотҳои сохтмонӣ, воситаҳои нақлиёти махсус, базаҳои моддию техникӣ ва истеҳсолӣ мавҷуд буданд. Дар як вақт 20-25 дастгоҳи пармакунӣ, ки арзиши ҳар як кадом 5-10 миллион доллари амрикоӣ, аз ҷумла, дастгоҳи пармакунии Г-320 барои пармакунии чуқурии 6500 метр бо арзиши 20 млн. доллари амрикоӣ, кор мекард. Зиёда аз 100 ҳазор метр дар як сол чоҳ парма мешуду ҳар сол 15-20 чоҳи нави нефту газ ба кор медаромад. Далелҳо шаҳодат медиҳанд, ки дар солҳои 80-уми асри гузашта ҳар сол як майдон ва ё қабати нави нефту газ кашф ва 400000 тонна нефт ва то 500 миллион метри мукааб газ истихроҷ мегардид.

Пас аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ «Тоҷикнефт» аввал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ буд, вале баъдтар ба сохтори собиқ Вазорати энергетика дохил карда шуд. Соли 2001 ин вазорат ба Кумитаи амволи давлатӣ санадҳоро барои хориҷ кардани воситаҳои асосӣ фирис­тоду тамоми воситаҳои асосии соҳаи нефту газ дар 7 ноҳияи ҷумҳурӣ аз ҳисоб хориҷ шуд. Дар натиҷа, саноати нефту газ қобилияти гузаронидани иктишофи геологиро гум кард. Акнун барои барқарор кардани онҳо садҳо миллион доллар лозим аст.

Дар оғоз вазорати зикршуда 18 кони амалкунандаро ба ширкатҳои хусусӣ дод. Онҳо конҳоро муфт ба даст оварда, бе маблағгузории зиёд нефти тайёрро фурӯхта, 4-5 млн. доллари ИМА фоида гирифта, танҳо 20 дарсад андоз месупориданд. Дар тӯли 20 сол таҷҳизоти рӯизаминӣ ва зеризаминии 300 чоҳи нефту газ, ки арзиши ҳар кадоми он якчанд миллион долларро ташкил медиҳад, хароб шуд, қубурҳо пӯсиданд. Истеҳсоли нефт дар муқоиса бо замони Иттиҳоди Шӯравӣ 20 маротиба коҳиш ёфт ва истеҳсоли газ ба сифр баробар шуд.

Айни замон 5-6 нафаре, ки нефти тайёри 18 кони амалкунандаро аз они худ мекунанду давлату халқ бе нефту газ монда, аз фоидаи он маҳрум шудаанд, барои ин гунаҳгор нестанд. Дар ин ҷо гуноҳи Вазорати энергетика ва захираҳои об аст, ки бо вайрон кардани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ» ба ширкатҳои хусусӣ конҳоро бо воситаҳои асосиаш ба маблағи садҳо миллион доллари ИМА бепул дода, ҳатто аз онҳо талаб намекунад, ки баҳри рушд бахшидани истеҳсолот маблағгузорӣ намоянд.

Солҳои 2000-ум ба Тоҷикистон сармоягузорони хеле пурқувват, ба монанди «Газпром», «Тотал», CНПС ва ғайра омаданд. Ҳамкорӣ бо онҳо натиҷаи хуб ба бор меовард, агар Вазорати энергетика риоя ва иҷро намудани шартҳои созишномаҳоро назорат бурда, уҳдадориҳояшро иҷро мекард.

- Шумо аз мухолифони тобеи Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар будани соҳаи нефту газ ҳастед. Бо кадом асос яке аз сабаб­ҳои таназзули соҳа дар мустақил набудан аст?

- Бале, як роҳи таъмини рушд аз тобеияти Вазорати энергетика ва захираҳои об баровардани соҳаи нефту газ ва ба тобеияти бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил намудани он мебошад. Бо дарки масъулият мегӯям, ки вазорати мазкур на танҳо имкону иқтидори саноати нефту газро ба маблағи садҳо миллион доллари амрикоӣ хароб, балки бо додани зиёда аз 70 майдони ояндадор ба сармоягузорони «Tethys» ва ғайра соҳаи нефту гази ҷумҳуриро фалаҷ кард. Сармоягузорони мазкур се сол боз дар Тоҷикистон ҳама корро қатъ карда бошанд ҳам, вазорат масъалаи ба давлат баргардонидани майдонҳоро ҳал карда натавониста истодааст. Ҳол он ки дар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нефт ва газ», «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ» муқаррар ва дар Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ (соли 2015) зикр шудааст, ки иҷозатномаи майдон ва конҳое, ки маблағгузорӣ карда намешавад, бояд бозхонд ва онҳо ба давлат баргардонида шаванд.

Роҳбарияти Вазорати энергетика ва захираҳои об дар соҳаи энергетика мутахассисони хуб ҳастанд, аммо нозукиҳои соҳаи нефту газро хуб намедонанд. Аз ин ҷост, ки соҳаро ба ақиб кашида, худро аз вобастагии сармоягузорон раҳо карда наметавонанд.

Аз Президенти кишвар хоҳиш менамоем, ки барои ба низом даровардани фаъолияти соҳа мусоидат кунанд. Захираҳои нефту газ дар Қирғизистон аз мо 100 маротиба камтар аст. Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ онҳо нефту газро аз мо 2 маротиба кам истихроҷ мекарданд, ҳоло 4 баробар зиёд истих­роҷ мекунанд.

Захираҳои нефту гази мавҷуда имкон медиҳанд, ки саноати пуриқтидори нефту газ таъсис дода, кишварро бо маҳсулоти нефтӣ, гази моеъ, полимерҳо ва пластмассаҳо таъмин намоем.

Майдонҳои тайёре вуҷуд доранд, ки аз онҳо дар 4 — 5 сол метавонем якчанд кони нав кушода, корхонаҳои коркарди нефти Данғара, нуриҳои азотии Вахш, Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2», корхонаҳои сементбарорӣ, КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» ва аҳолии шаҳри Душанберо бо нефту гази худӣ таъмин намоем.

- Барои барқарор кардан ва таъмини рушди соҳа чӣ корҳо бояд ба анҷом расанд?

- Аввалан, майдон ва конҳоеро, ки сармоягузорони пешина иҷозатнома гирифта, корҳоро қатъ намудаанд, озод карда, ба ихтиёри ширкатҳои азми қавидошта додан лозим аст.

Дуюм, бояд дар тобеияти бевоситаи Ҳукумати мамлакат Ширкати саҳомии холдингии «Тоҷикнефтгаз» таъсис дода шавад.

Сеюм, зарур аст, ки санади меъёрии ҳуқуқие қабул карда шавад, ки ба ҳамаи сармоягузорон шароиту имтиёзҳои якхела фароҳам орад. Барои мисол, дар давраи гузаронидани корҳои ҷустуҷӯйӣ ва иктишофӣ сармоягузор бояд аз бонус, андозҳо, пардохтҳо ба давлат, ба истиснои андозҳои иҷтимоӣ, озод карда шавад.

Чорум, мисли дигар давлатҳое, ки саноати нефту газро бомуваффақият пеш мебаранд, дар кишвар низ сармоягузорони нав бояд дар 2-3 моҳ иҷозатнома гирифта тавонанд. Табиист, ки вақте сармоягузорон 5-6 сол аз қафои мансабдорон давида, иҷозатнома гирифта наметавонанд, маъюс шуда, Тоҷикистонро тарк мекунанд.

Дар маҷмӯъ, мехоҳем, саноати нефту газ барқарор гардад, то ба Буҷети давлатӣ садҳо миллион доллари ИМА ворид гардаду халқ минбаъд низ таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои сулҳу субот ва некуаҳволӣ зиндагӣ кунад.

Мусоҳиб Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»