Собиқадорон дар пешбурди ҷомеа бетараф нестанд

№22 (3972) 26.02.2019

Собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Рӯдакӣ дар пешбурди сиёсати  Давлату Ҳукумат, тарғиби қонунҳои қабулшуда, рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ саҳм доранд. Воқеияти ин гуфта зимни суҳбат бо раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Абдухалил Сатторов  собит гардид. 

- Собиқадорон дар тарғиби Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» фаъоланд, — мегӯяд А. Сатторов.  — Дар ноҳия  17 комиссияи доимӣ, 370 комиссияи ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросим фаъолият дорад, ки ба ҳайати онҳо 363 собиқадор шомил аст. Соли сипаришуда онҳо дар 9450  суҳбату мулоқот, маъракаи хурсандӣ ва азои сокинон иштирок намуда, мазмуну муҳтавои қонуни мазкурро фаҳмониданд.

Аз ҳисоби аъзои Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат 19 гурӯҳи ташвиқотӣ ташкил карда шуд, ки дар 58 маҳалла бо аҳолӣ, махсусан  ҷавонон вохӯрда, аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таҳкими қонунгузорӣ  сухан карда, ҷавонону наврасонро даъват карданд, ки аз пайи донишандӯзӣ шаванд, то ба доми фиреби гурӯҳҳои ифротгаро наафтанд.

- Баланд бардоштани  эҳсоси ватандӯстии ҷавонон, тақвияти худшиносӣ, худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ аз вазифаҳои муҳими аҳли ҷомеа, аз ҷумла, собиқадорон маҳсуб меёбад. Пирони кор мунтазам ба муассисаҳои таълимӣ рафта, дарси ҳаёт меомӯзанд, — гуфт А. Сатторов.

Дастгирии маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги  Бузурги Ватанӣ, муҳорибаҳои Афғонистон ва барпокунандагони сохти конститутсионӣ низ яке аз самтҳои фаъолияти Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат маҳсуб мешавад. Барои амалӣ гаштани ин вазифаҳо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорон  кумак менамоянд. Соли гузашта  ба ин мақсад 16180 сомонӣ ҷудо шуд. Илова бар ин, аз тарафи бахши ноҳиявии Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо орду равған ва маҳсулоти кишоварзӣ таъмин карда шуданд. Инчунин, барои собиқадорон дар беморхонаи  марказии ноҳия,  беморхонаҳои деҳот ҳуҷраҳои  махсус ташкил шуда, соли 2018 ба онҳо  ба маблағи  3825,3 сомонӣ ройгон доруворӣ  ҷудо гардида, 11 нафар бо аробачаҳои маъюбӣ, 85 нафар асобағал ва 80 нафар бо таёқча таъмин шуда, 56 маъюбу  иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, шахсони ба онҳо баробаркардашуда дар осоишгоҳҳои Харангон, Дӯстӣ, Ромит, Зумрат, Шоҳамбарӣ, Хоҷаобигарм саломатӣ  барқарор намуданд.

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»