Сокинони маҳаллаи 103 интизори чораҷӯии масъулинанд

№67 (4017) 13.06.2019

Ҳангоми аз гузаргоҳи назди тарабхонаи «Тайга», воқеъ дар маҳаллаи 103 — и ноҳияи Сино гузаштан касро ташвишу изтироб фаро мегирад. Барои аз як тараф ба ҷониби дигар рафтан  мебояд чор роҳро убур кард. Мушкилӣ дар он аст, ки дар ин қитъаи роҳ аломати огоҳкунанда, чароғаки роҳнамо ва роҳи пиёдагузар нест. Бар замми ин, шоҳроҳ ҳамвор буда, ронанда ба ҳеҷ ваҷҳ намехоҳад суръати мошинро суст кунад.  Роҳгузар дурудароз интизор мешавад, ки кай мошинҳо камтар мешаванду гузарад.

-  Аз интизорӣ безор мешавӣ, ҳеҷ не ки сели мошинҳо кам шавад.  Агар дар ин ҷо лоақал як аломати пиёдагузар насб мекарданд,  ин қадар азоб намекашидем, — мегӯяд сокини 72 — солаи маҳалла Фотима Бобоева.

Ҳангоми суҳбат муовини сардори ШБДА дар шаҳри Душанбе, полковники милиса Зиёратшо Хушов изҳор дошт, ки ҳатман аз ин қитъаи роҳ дидан карда, мувофиқи қонун ва қоидаҳои ҳаракат дар роҳ  чораандешӣ мекуннанд. Бино ба гуфти ӯ, чароғаки роҳнамо, аломати пиёдагузар ва ғайра мувофиқи қоида дар фосилаи  300 – 700 метр гузошта мешавад.

- Дар дохили шаҳр афзудани суръати ҳаракат аз 60 км/соат қатъиян манъ аст, — афзуд  Зиёратшо Хушов.

Албатта, суханони Хушов маро хуш омад, ки дар ояндаи наздик вобаста ба ин масъала тадбирандешӣ хоҳад шуд. Интизор мешавем…

Абдухолиқ  МИРЗОЗОДА, «Садои мардум»