Сокинони Мурғоб: «Асоси пешрафту шукуфоӣ аз ваҳдати миллӣ мебошад»

№78 - 79 (3872 - 3873) 26.06.2018

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон зиёда аз панҷ маротиба ба ноҳияи Мурғоб ташриф оварда, ҳар як сафарашон таърихию тақдирсоз маънидод мешавад. Дар даврони собиқ шӯравӣ ба ин ноҳияи баландкӯҳ касе аз роҳбарон сафар намекард.

Дар ҷараёни ҳар сафар Пешвои миллат ба ҳалли муҳимтарин ­масъалаҳои ҳаёти мардуми Мурғоб мусоидат карданд, ки он ба зиндагии эшон рангу ҷилои тоза бахшид. Барои сокинони ин ноҳияи баландкӯҳ имтиёзҳое ҷорӣ шуданд, ки дар ҳеҷ минтақаи дигар нест. Вале, аз ҳама муҳим ба истифода додани марҳилаи аввали Шоҳроҳи Абрешим ё роҳи Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Кулма-Қароқурум мебошад, ки на танҳо Бадахшон, балки Тоҷикистонро аз бунбасти коммуникатсионӣ бароварда, ба бандарҳои ҷаҳонӣ пайваст. Маҳз заҳматҳои пайвастаи Сарвари давлат буд, ки бо ин роҳ ду қитъаи бузург — Осиё ва Аврупо бо ҳам пайвастанд.

Дар тӯли истиқлолият даҳҳо мактаб, муассисаҳои тиббӣ , фарҳангӣ сохта ба истифода дода шуданд, ки асоси пешравиро сокинони ноҳия дар истиқлолияти комил ва ваҳдату ягонагии миллат меҳисобанд.

Корҳои сохтмонӣ ҳоло дар ноҳия авҷи тоза гирифтаанд, ки ин аз ғамхории ҳамешагии Пешвои миллат нисбат ба мардум аст. Дар маркази ноҳия баробар бо НБО-и «Оқсу», инчунин бинои дуошёнаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, бинои Ҷамоати деҳоти «Мурғоб», бинои сеошёнаи шуъбаи ҳифзи муҳити зист, толори мактаби варзишӣ қомат афрохта, яке то рӯзи Ваҳдати миллӣ ва боқӣ то ҷашни Истиқлолият ба истифода дода мешаванд.

Бинои Ҷамоати деҳоти «Мурғоб» дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ мавриди истифода қарор гирифт. Он аз ду ошёна ва 18 утоқи корӣ, толори маҷлис иборат буда, бо арзиши 2 миллиону 600 ҳазор сомонӣ сохта шуда, симои маркази ноҳияро боз ҳам зебову дилрабо гардонидааст.

Ҳамчунин, дар ин рӯзҳо бинои беморхонаи марказӣ, ки онро Дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ намудааст, аз ҷониби ҶДММ-и «Паймон-91» хуштарҳу замонавӣ ба истифода супурда шуд.

Дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9-уми маркази ноҳия толори бошукӯҳи варзишӣ бо харҷи 1,5 миллион сомонӣ, бо маблағгузории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифт.

Симои маркази ноҳияи Мурғоб бо бунёди иншооти хурду бузург тағйир ёфта, диққати бинандаро ба худ ҷалб менамояд. Аз сиёсати созандагии Роҳбари давлат на танҳо мардуми ноҳияи Мурғоб, балки меҳмонону сайёҳоне, ки ба ин макон қадам ранҷа мекунанд, дар ҳайратанд.

Шоҳтолиби ШОҲҚОСИМ,

«Садои мардум»