Сокинони шаҳраки Дарбанд кай бо об таъмин мешаванд?

№7 (4113) 11.01.2020

норасои обДер боз сокинони шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод аз нарасидани оби нӯшокӣ азият мекашанд. Онҳо мегӯянд, ки оби нӯшокӣ танҳо дар лӯлаҳои хонаҳои мансабдорони ноҳия равон асту ба сокинони одӣ дар як шабонарӯз ҳамагӣ як ё ду соат об медиҳанд.

Сардори КДФ «Оби нӯшокӣ ва канализатсия»-и ноҳияи Нуробод Абдуҷаббор Ғоибов гуфт, ки оби нӯшокии шаҳраки Дарбанд бо лӯлаи қутраш 80 таъмин мегардад, ки шабона оби онро захира намуда, рӯзона ба аҳолӣ медиҳем. Сабаби нарасидани оби нӯшокӣ ба 2890 сокини шаҳраки Дарбанд ба зиёд гардидани аҳолӣ аз ҳисоби муҳоҷирон алоқаманд аст. Дар сурати кашидани хати оби нӯшокӣ аз мавзеи Шолидара мушкили мазкур бартараф мегардад.

Намояндаи «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО-и «Роғун» дар ноҳияи Нуробод Додарҷон Ҷобиров иброз дошт, ки сохтмони хати оби нӯшокии мавзеи Шолидара дар масофаи зиёда аз 8 км. аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад ва он дар соли 2020 мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Иттилоъ гирифтем, ки аз ҷониби «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО-и «Роғун» соли 2014 хати оби нӯшокии Сари Қош, ки 12-13 километр масофа дорад, бо харҷи як миллиону 50 ҳазор сомонӣ таъмир шудааст. Абдуҷаббор Ғоибов мегӯяд, ки аз сабаби сари вақт напардохтани ҳаққи хизматрасонии оби нӯшокӣ ва озод будани муҳоҷирон аз пардохти ҳаққи хизматрасониҳои гуногун мо наметавонем насосҳои обкашии хати оби нӯшокии Сари Қошро фаъол гардонем. Зеро КДФ «Оби нӯшокӣ ва канализатсия» -и ноҳияи Нуробод, ки худмаблағгузор аст,  наметавонад ҳатто маоши 10 корманди муассисаро сари вақт пардохт намояд. Аз ҳисоби ҳаққи хизматрасонӣ дар соли 2019 корхонаю муассисаҳои ноҳия аз КДФ «Оби нӯшокӣ ва канализатсия» 125 ҳазор сомонӣ ва худи муассиса 118 ҳазор сомонӣ аз андоз қарздор мебошанд.

Бо вуҷуди ин, ба назари мо, масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва ташкилоту муассисаҳои онро зарур аст, ки ҳаққи хизмат­расонии оби нӯшокиро сари вақт пардохт намуда, хати оби нӯшокии Сари Қошро фаъол намоянд, то 2890 сокини муқимӣ ва зиёда аз 500 хонаводаи муҳоҷирони минтақаи зериобшавандаи НБО-и «Роғун»  бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гарданд.

Субҳониддин Маҳмудов, рӯзноманигор