Соли 2018 дар ҷаҳон 80 журналист кушта шудааст

№4 (3954) 07.01.2019

1111Аз оғози соли 2018 дар ҷаҳон на камтар аз 80 журналист дар робита ба фаъолияти касбӣ кушта шудаанд. Ин рӯйхатро чанде пеш созмони байналхалқии ҳомии ҳуқуқи «Хабарнигорони бидуни марз» нашр кард.

Бештар аз нисфи кушташудагон ба панҷ кишвар — Афғонистон (15 кас), Сурия, (11 тан), Мексика (9 кас), Яман (8 кас) ва Ҳинд (6 кас) рост меояд.

- Дар ҳамин ҳол, Мексика ягона кишварест, ки хабарнигорон дар замони осоишта кушта шудаанд. Чунки дар он низоъ нест, — навиштаанд ҳомиёни ҳуқуқ. Умуман, дар минтақаҳои хушунатзадаи ҷаҳон тайи 11 моҳи соли 2018 44 рӯзноманигор кушта шудааст.

Бар илова, айни ҳол дар ҷаҳон 348 хабарнигор дар боздошт ва ҳабс ҳастанд. Бино ба иттилои созмони байналхалқии Кумитаи ҳифзи рӯзноманигорон, соли сеюм аст, ки дар зиндонҳои давлатӣ 250 хабарнигор барои фаъолияти касбӣ адои ҷазо мекунанд. Аз ин шумора 33 тан зан мебошанд.

«Садои мардум»