«Сомон Эйр». Хатсайри дуюм ба Деҳлӣ

№27 (4133) 29.02.2020

Somon-eyrАз 26 феврали соли ҷорӣ Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар самти Душанбе — Деҳлӣ — Душанбе  хатсайри дуюмро ба роҳ монд.  Парвозҳо ҳафтае ду маротиба, рӯзҳои чоршанбе ва якшанбе, тавассути ҳавопаймои «Боинг 737» иҷро мегарданд.  Ёдовар мешавем, ки ширкати «Сомон Эйр» хатсайри аввалинро ба пойтахти Ҳиндустон  аз 1 декабри соли 2019 боз кардааст. Вақти парвоз дар ин хатсайр 2 соату 30 дақиқаро ташкил медиҳад.

Тибқи иттилои хадамоти матбуотии ширкат, айни ҳол ҳавопаймоҳои «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Ҳиндустон, Россия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон анҷом медиҳанд.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»