Суғд. Ҷамъбасти нимсола чиро нишон дод?

№87 (4037) 20.07.2019

2019Понздаҳуми июли соли ҷорӣ дар толори калони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар нимсолаи якуми соли равон ҷаласа барпо гардид, ки дар он муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид иштирок кард.

Дар оғоз муовини раиси вилоят Анвар Яъқубӣ гузориш дода, аз ҷумла, қайд кард, ки дар шашмоҳаи якуми соли 2019 дар вилоят ба маблағи 5,6 млрд. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018, бо дарназардошти индекси нархҳои истеҳсолкунандагони маҳсулоти саноатӣ, 108,3 фоизро ташкил медиҳад.

Бо мақсади расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар сохтмони 100 корхона бо 1030 ҷойи корӣ ба нақша гирифта шудааст, ки дар нимсолаи аввал 59 адади он бо 642 ҷойи корӣ ба истифода дода шуд.

Кишоварзон ба маблағи 1 млрд. 850,5 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17,1 фоиз зиёд мебошад.

Гардиши савдои хориҷӣ 1011,9 млн. доллари амрикоиро ташкил дод ва нисбат ба моҳҳои январ — июни соли гузашта 0,7 фоиз афзуд. Содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар 224,5 млн. доллари амрикоиро ташкил намуд.

Сипас, раисони шаҳрҳои Хуҷанд — Маъруф Муҳаммадзода, Исфара — Сиҷоуддин Саломзода ва Панҷакент Ислом Шафеиён оид ба фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқ дар нимсолаи аввал гузориш доданд.

Роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид доир ба ҷараёни иҷрои нақшаи чорабиниҳои марбут ба ҷашни бузурги миллӣ бо раисони шаҳру ноҳияҳо суолу ҷавоб намуда, ҷиҳати иҷрои сифатноки бандҳои нақшаи чорабиниҳо супоришҳои мушаххас дод.

Зикр гардид, ки ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маҷмӯъ, сохтмони 6500 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуд, ки аз соли 2018-ум 2781 адади он сохта, ба истифода дода шуд.

Дар интиҳо раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо итминон изҳор дошт, ки сокинони меҳнатдӯсти вилоят сарҷамъона ва дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ҷашнҳои таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5500 — солагии Саразми бостониро бо дастоварду муваффақиятҳои арзанда пешвоз хоҳанд гирифт.

Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,

«Садои мардум»