Қайдҳо аз иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд

Суғд. Ба рушди туризм ва ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳ зиёд аст

№51 (3845) 26.04.2018

Зимни Иҷлосияи 14 — уми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд даъвати панҷум намояндагони мардум рушди туризм ва ҳунарҳои мардумиро баррасӣ карданд.

Муовини раиси вилоят Анвар Яъқубӣ оид ба ин масъала маърӯза намуд.

Аз гузориши ӯ маълум шуд, ки тибқи «Барномаи рушди сайёҳӣ барои солҳои 2018 - 2020» дар вилоят нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, бобати фаъолияти пурсамари 21 ширкати сайёҳӣ, 50 меҳмонхона ва мавзеъҳои таърихӣ, аз ҷумла осорхонаҳо, тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.

Солҳои охир сохта, ба истифода додани инфрасохтори рушди сайёҳӣ ривоҷ ёфтааст. Дар семоҳаи аввал маҷмааи хизматрасонии Меҳмонхонаи байналмилалии «Парламент» дар шаҳри Хуҷанд бо тарҳи зебою замонавӣ ба истифода дода шуд. Он дорои 29 ҳуҷра мебошад. Инчунин, бинои сеошёнаи меҳмонхона дар осоишгоҳи «Баҳористон» бо 70 ҷой ва дигар шароити муосири истироҳату табобат мавриди истифода қарор гирифт. Дар «Осоишгоҳи Зумрад»-и шаҳри Исфара бунёди бинои ҳозиразамон идома дорад, дар ноҳияи Зафаробод меҳмонхонаи «Ситора» барои қабули 20 нафар меҳмон бо маҷлисгоҳи хурд, ошхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон ба истифода дода шуд.

Дар шаҳри Истаравшан таҷдиду азнав­созии маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Муғ» ва бунёди меҳмонхонаи ҳозиразамон дар арафаи анҷомёбист. Ҳар сол ба ҳисоби миёна аз 6 то 7 ҳазор нафар шаҳрванди хориҷӣ аз хизматрасонии ширкатҳои туристӣ, меҳмонхонаҳо ва осоишгоҳҳои вилоят истифода мебаранд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба истиқболи сазовори 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ва азнавсозии 13 боғи истироҳатию фароғатӣ, 15 меҳмонхонаи нав, таҷдиди роҳҳои байналмилалӣ, ба истифода супоридани терминали нави замонавӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷандро ба нақша гирифтааст.

Бо мақсади мусоидат барои таъсиси коргоҳҳои атласу адрасбофӣ, мусоидат ба рушди ҳунарҳои хонагӣ, ташкили марказҳои омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ низ тадбирҳо андешида мешаванд. Ҳоло шумораи умумии ҳунармандони вилоят ба 22300 нафар, марказҳои таълимӣ — истеҳсолии атласу адрасбофӣ ба 254 адад расидааст.

Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти вилоят дастгоҳҳои матоъбофию қолинбофӣ насб гардидаанд, ки шумораи онҳо 1081 ададро ташкил медиҳад. Васеъ гардидани доираи фаъолияти марказҳои таълимӣ — истеҳсолӣ боис шудааст, ки зиёда аз 207,8 ҳазор метр матоъҳои дастибоф истеҳсол гардад, ки нисбат ба солҳои 2015 ва 2016-ум 8 маротиба зиёд мебошад. То ин дам аз ин ҳисоб 198,2 ҳазор метр атласу адрас, беш аз 4400 метр қолин ва 13,7 ҳазор метр дигар намуди матоъ ба фурӯш рафтааст.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят имсол низ бо дарназардошти «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шудани соли 2018 шумораи грантҳоро вобаста ба самтҳои ҳунармандӣ афзун ва барои бонувони ҳунарманду эҷодкор 60 гранти раиси вилоятро ба маблағи 420 ҳазор сомонӣ пешбинӣ намуд.

Занону духтарон бо истифода аз маблағҳои грантӣ фаъолиятро дар самти атласу адрасбофӣ, қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ, порадӯзӣ, зардӯзӣ, қаннодӣ, рассомӣ, парвариши меваҳои ситрусиву гулҳои ороишӣ ва нонпазӣ самаранок ба роҳ монданд.

Муҳимтар аз ҳама, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷиҳати эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ барномаи вилоятии «Рушди ҳунарҳои мардумӣ барои соли 2018»-ро қабул намуд. Дар доираи татбиқи он Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят тасмим гирифтааст, ки озмуни вилоятии «Беҳтарин Маркази таълимӣ- истеҳсолӣ»-ро баргузор намояд.

ҳамин тариқ, ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ ва анъанаҳои миллӣ мардуми вилояти Суғд ҳамаҷониба дастгирӣ намуда истодаанд.

Мирзоаъзам Мақсудов,

«Садои мардум»