Суғд: Бо терроризму экстремизм чӣ тавр мубориза бурдан лозим аст?

№ 19.12.2019

Дар мулоқоте, ки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода чанде пеш бо намояндагони ҷавонони вилоят дар «Қасри ҷавонон»-и ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд орост, масъалаи вазъи мубориза бар зидди терроризму экстремизм баррасӣ шуд. Раиси вилоят бо таассуф қайд кард, ки мутаассифона, дар вилоят сатҳи ҷинояткорӣ тамоюли болоравӣ дорад.

- Дар 11 моҳи соли равон дар вилоят 11353 ҷинояти гуногун ба қайд гирифта шудааст, ки 35 фоизи онҳо ба шаҳру ноҳияҳои Хуҷанду Истаравшан ва Бӯстону Ашт тааллуқ доранд. Аз ҷумла дар ин давра 48 ҷинояти  марбут ба терроризму экстремизм содир шудааст. Ҳоло 114 оила дар хориҷи дуру наздик — Ҷумҳурии Исломии Афғонистону Покистон ва Сурия муқимӣ гаштаанд, ки дар маҷмӯъ 700 нафарро ташкил медиҳанд. Аз шумораи фирефташудагон 40 фоизашро ҷавонон ташкил медиҳанд. Бештарини онҳо, мутаносибан 165 ва 131 нафар, сокинони шаҳрҳои Истаравшау Исфараанд. Аз сокинони ноҳияҳои Спитамену Ашт 85 – нафарӣ, шаҳри Панҷакент 44 нафар дар хориҷаанд, — таъкид кард Раҷаббой Аҳмадзода.

Раиси вилоят афзуд, ки агар яке аз сабабҳои асосии фирефта шудани одамон, хоса ҷавонон, сатҳи пасти зиндагӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ бошад, сабаби дигар паст будани маърифати сиёсии онҳост. Ҳамчунин, мавқеи бетарафиро ишғол кардани сокинон ва дониставу надониста истифода кардани шабакаҳои иҷтимоӣ низ ба сар задани ин зуҳуроти номатлуб боис гардидааст. Аз ин хотир, зарур аст, ки дар маҳалҳо аз ҷониби масъулон корҳои идеологӣ пурзӯр ва аҳолӣ огоҳ карда шавад, то ки фирефтаи ҳар гуна дасисаву иғво нагарданд.

Ба масъулини соҳаи идеологии вилоят ва муовинони сарпараст дастур дода шуд, ки фазои холии иттилоотиро бо гузаронидани ҳар гуна чорабинии фарҳангӣ — фароғатӣ ва маҳфилҳои сиёсӣ пур карда, ба ҷавонон маълумоти саҳеҳи сиёсӣ пешниҳод кунанд. Зикр гардид, ки телевизион ва матбуот метавонанд дар ин самт саҳми намоён дошта бошанд. Онҳоро зарур аст, ки вокунишҳоро ба баромадҳои иғвоангези бадхоҳони Ватан пурзӯр намоянд.

Мирзоаъзам МАҚСУДОВ, «Садои мардум»