Суғд: Буҷети соли 2018 зиёда аз 2 млрд. сомониро ташкил хоҳад дод

№156 -157 (3793 - 3794) 30.12.2017

IMG_0333Чанде пеш таҳти раёсати раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят даъвати панҷум баргузор гардид.

Муовини якуми раиси вилоят Рустам Раҳматзода вазъи иқтисодиву иҷтимоии вилоятро дар 11 моҳи соли 2017 мавриди баррасиву таҳлили амиқ қарор дод. Зикр шуд, ки соли равон рушди бонизоми ҳама соҳа таъмин гардид ва дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 83 корхонаи нави саноатӣ бо 1463 ҷойи корӣ ба фаъолият оғоз кард. Ба маблағи 8,9 млрд. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд. Маҷмӯи маҳсулоти саноатии вилоят 50 дарсади ҳаҷми умумии саноати кишварро ташкил медиҳад.

Дар ҳама шакли хоҷагидорӣ ба маблағи 6,4 млрд. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуд. Кишоварзон беш аз 303 ҳазор тонна маҳсулоти ғаллагӣ, 456 ҳазор тонна сабзавот, 321 ҳазор тонна картошка, 120 ҳазор тонна мева, 37,7 ҳазор тонна гӯшт, 226,5 ҳазор тонна шир, 144 млн. дона тухм истеҳсол карданд. Ҳамчунин, нисбат ба соли гузашта 31 ҳазору 513 тонна зиёд пахта ҷамъоварӣ гардид.

Иҷрои нақшаи ҷамъоварии андоз бошад, дар 3 соли охир пурраву барзиёд иҷро мешавад. Далели ин гуфтаҳо ба андозаи 109,7 фоиз иҷро шудани нақшаи даромадҳои Буҷети давлатӣ, бе дарназардошти андози иҷтимоӣ дар давраи ҳисоботист. Ин нишондиҳанда нисбат ба нақшаи тасдиқгардида 150 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 326,3 млн. сомонӣ зиёд мебошад. 80 дарсади буҷети вилоят ба соҳаҳои маорифу тандурустӣ равона гардидааст.

Сардори Сарраёсати молияи вилоят Анвар Мирзозода оид ба қабули буҷет барои соли 2018 гуфт, ки «пас аз омӯзишу баррасӣ буҷети вилоят барои соли оянда зиёда аз 2 млрд. сомонӣ пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, барои соҳаи маориф 781 млн. ва соҳаи тандурустӣ 388 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст».

 Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,

«Садои мардум»