Саломатӣ – неъмати бебаҳо

Суғд. Дар шаш моҳ бемориҳои сироятӣ боиси марги шаш нафар шуд

№101 (3895) 18.08.2018

sdfsdfТобистон имсол бо баландии ҳарорат ба саломатии мардуми кишвар бетаъсир намонд.

 Бино ба гуфти муовини сардухтури Беморхонаи клиникии сироятии вилояти Суғд, номзади илмҳои тиб Рустам Бӯрибоев, дар нимсолаи аввали соли равон бистаришавии нафарони аз сирояти шадиди рӯдаю меъда тамоюли афзуншавӣ дошт. Дар ин давра 3809 нафар бистарӣ шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 222 нафар зиёд аст. Аз ин теъдод 3500 нафарро кӯдакони то 5-сола ташкил медиҳанд.

Сабаби афзуншавии гирифторони сирояти шадиди рӯдаю меъда чист?

- Сабаби якум риоя накардани гигиенаи шахсӣ буда, гармии тоқатфарсои тобистон ҳам ба ин сабаб аст. Ба ғайр аз ин, бинобар тез вайрон шудани маҳсулоти озуқаворӣ, ки гоҳо одамон бехабар аз он онро истеъмол мекунанд, омили гирифторӣ ба ин беморӣ шуда метавонад, — гуфт сардухтури беморхона Баҳодур Муъминов.

Бино ба гуфти масъулин, таи 10 соли охир ҷараёни мусбат ба назар мерасад, ки он муроҷиати саривақтии беморон ба духтурони соҳавӣ мебошад. Солҳои пеш — баъди 5-6 рӯзи гирифторшавӣ муроҷиат мекарданд, ки пайомадҳои ногувор дошт.

- Ин аз болоравии маърифати аҳолӣ шаҳодат медиҳад, — мегӯяд сардухтури беморхона.

Мутаассифона, дар нимсолаи аввали соли равон 6 ҳодисаи фавт аз ин намуди беморӣ ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 2 ҳодиса зиёд аст. Сабаби инро муовини сардухтур чунин шарҳ дод:

- Дар ин ҳодисаҳо сабаби асосӣ дер муроҷиат кардан ба духтур аст. Масалан, як кӯдакро аз ноҳияи Деваштич таи 1 моҳ дар беморхонаи маҳалли зист зери табобат гирифта, ноилоҷ дар беморхонаи мо бистарӣ карданд, ки аллакай дер шуда буд. Ба ин монанд, дигар кӯдакро аз ноҳияи Ашт нахуст волидон 2 ҳафта ба худмуолиҷа машғул шуданд, ки мутаассифона, илоҷи ӯро аз чанголи марг халос карданро наёфтем.

Сардори шуъбаи гигиенаи хӯрокаи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд Таҳмина Усмонова изҳор дошт, ки аз 775 намунаи маҳсулоти хӯрокворие, ки аз ташхисгоҳи санитарию эпидемиологӣ гузаронида шуд, 221-тои он ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ набуданд.Бинобар ин, нисбат ба 313 нафар протоколи қоидавайронкунии санитарӣ тартиб дода, 46000 сомонӣ ҷарима ситонида шуд.

- Мо фаъолиятро, хусусан дар фасли тобистон густурда ба роҳ мемонем, -мегӯяд, иҷрокунандаи вазифаи сардори маркази номбурда Азаматхоҷа Воҳидов. Дар шаш моҳи соли равон 2880,8 кг маҳсулоти хӯрок­вории муҳлати истифодаашон гузашта ошкор ва нобуд гардид.

Он чӣ аз назари масъулон пинҳон мемонаду сокинон онро истеъмол мекунанд, яке аз сабаби асосии гирифтории сокинон ба бемориҳои сироятӣ мегардад.

Мирзоаъзам Мақсудов, «Садои мардум»