Суғд. Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ меафзояд

№58 (4164) 14.05.2020

Бино ба иттилои масъулини шуъбаи саноати дастгоҳи раиси вилояти Суғд, корхонаҳои саноатӣ якҷо бо соҳибкорони инфиродӣ дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ ба маблағи 3 млрд. 321,6 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2019, бо дарназардошти индекси нархҳои истеҳсолкунандагони маҳсулоти саноатӣ, 119,4 фоизро ташкил медиҳад. Бояд гуфт, ки дар вилоят аз 673 корхонаи саноатӣ 37 ададаш хусусияти хизматрасонии саноатӣ доранд. Аз 636 корхонаи саноатии ҳисоботдиҳанда, моҳҳои январ — марти соли 2020-ум 346 корхона нисбат ба моҳҳои январ-марти соли гузашта сатҳи истеҳсолотро баланд бардоштанд. Дар 109 корхона сатҳи истеҳсолот паст рафтааст.

Дар соҳаи саноати истихроҷи маъдан бошад, ба маблағи 804,6 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба семоҳаи аввали соли гузашта 104,8 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми истеҳсолот дар соҳаи саноати коркард дар ин давра ба 2 миллиарду 178,6 млн. сомонӣ ё 133,4 фоиз баробар гардидааст, ки аз он маҳсулоти хӯрокворӣ якҷоя бо нӯшокиҳо ва тамоку 757,6 млн. сомонӣ, маҳсулоти нассоҷӣ — 153,4 млн., дӯзандагӣ — 58,7 млн., маснуоти ғайрифилизии маъданӣ 155,2 млн. сомониро ташкил додааст.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ 127,4 фоизро ташкил додааст, ки асосан аз ҳисоби 1,8 баробар зиёд шудани истеҳсоли равғани растанӣ ва 1,7 баробар орд ба амал омадааст.

Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ 130,4 фоизро ташкил дод, ки ин пешравӣ аз ҳисоби 2,4 баробар зиёд истеҳсол шудани маҳсулоти ресмони пахтагӣ ба вуҷуд омадааст.

М. МАҚСУДОВ, «Садои мардум»