Суғд. Комиссияҳои ҷамъиятӣ рӯякӣ амал мекунанд

№131 (3925) 30.10.2018

Чанде пеш Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд ҳолати иҷрои қонунгузорӣ дар бораи мубориза бар зидди коррупсия ва «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020»-ро мавриди баррасӣ қарор дод.

Прокурори вилоят Ҳабибулло Воҳидов изҳор дошт, ки соли гузашта ва дар ҳашт моҳи соли равон аз ҷониби кормандону хизматчиёни сохторҳои назоратӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, раёсатҳои маорифу тандурустӣ, андозу гумрук, ҳифзи муҳити зист, Кумитаи идораи замин, бонкҳо, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ШСХК «Барқи Тоҷик», субъектҳои хоҷагидори ғайридавлативу давлатӣ ва соҳибкорон теъдоди зиёди ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта содир шудааст. Агар бо забони рақамҳо гӯем, тайи муддати зикршуда беш аз 14 ҳазор ҷинояти коррупсионӣ ошкор гардидааст, ки маблағи зарари расонидаи онҳо 358, 2 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Сардори шуъбаи прокуратураи вилоят Солеҳзода Шуҳрат Нодир зикр кард, ки яке аз омилҳои асосии афзоиши ҷиноятҳои коррупсионӣ ба таври бояду шояд фаъолият набурдани комиссияҳои ҷамъиятии назди МИҲД шаҳру навоҳии вилоят мебошад. Аксари онҳо рӯякӣ, танҳо барои расмиятчигӣ ва дар рӯи коғаз амал мекунанд. Бино ба гуфти ӯ, ҷиноятҳои коррупсионӣ дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, дигар сохторҳои ҳокимияти давлатӣ зиёд содир мешаванд. Кормандони соҳаи барқ низ дар канор намондаанд. Қисме аз нозирони соҳа маблағи қувваи барқи истифодашударо ба ҷойи ба хазинаи муассиса супоридан ғайриқонунӣ аз худ кардаанд ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.

Аз ҷониби сардори шуъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корруп­сияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар вилояти Суғд Зарифӣ Дилшод Неъмат низ ҳодисаҳои даст ба ҷинояти коррупсионӣ задани шахсони алоҳидаи мансабдор таъкид гардид.

Дар назди ҳозирин сардорони Раёсати тандурустии вилоят Фаррух Мақсудзода ва Раёсати маорифи вилоят Осим Қосимзода аз вазъи корбарӣ дар самти пешгирии коррупсия ҳисобот доданд.

Муовини якуми раиси вилоят Рустам Раҳматзода Мирзо зимни ҷамъбаст гуфт, ки «бештари ҷиноятҳои коррупсионӣ аз тарафи шахсони мансабдор, аз ҷумла, дар толор нишастагон, бо сабабу омилҳои гуногун содир мешаванд. Роҳбарони сохторҳо аз як ҷониб, ба пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ ва аз ҷониби дигар, ба содиршавии онҳо мусоидат мекунанд. Бинобар зарур аст, ки бар зидди зуҳуроти номатлуби ҷомеа дастаҷамъона мубориза барем».

М. МАҚСУДОВ, «Садои мардум»